Профессор Михаэл Занд-пажӯҳишгари тавонои адабиёти форсу тоҷик аз олам даргузашт

Дар Исроил профессор Михаэл Занд дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Михаэл Исаакович Занд аз ҷумлаи маъруфтарин муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик буд. Занд муаллифи таълифоти зиёде дар бораи адабиёт ва фалсафаи форсӣ ва тоҷикӣ ва низ дар бораи фарҳанги яҳудиён дар Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Як қатор осори адабии марбут ба забонҳои эрониро тайёр кардааст, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухоро дар поёни асри 19 ва оғози асри 20 ва ғайра.

ЗАНД Михаэл (1927, ш. Каменетс-Подолски), донишманди исроилии таърихи адабиёти форсию тоҷикӣ. Падараш, ки аз муҳоҷирони лаҳистонӣ буд, соли 1937, айёми «террори бузург» кушта шуд. Занд пас хатми Донишгоҳи Маскав (соли 1950) дар АФ Тоҷикистон ба пажӯҳиш пардохт. Мудири шуъбаи филологияи моҳномаи «Мардуми Осиё ва Африқо» («Народы Азии и Африки», соли 1957), корманди илмии Институти ховаршиносии АФ ИҶШС (1962), мушовири илмии Донишномаи мухтасари адабӣ (Краткая литературная энциклопедия, 1964). Солҳои 1966–68 ба Эрон сафарӣ корӣ дошт. Аз соли 1971 муқими Исроил шуд. Соли 1971 профессори адабиёти форсию тоҷикӣ дар Донишгоҳи ибрии Байтулмуқаддас, соли 1975 раиси бахши мутолиоти эроншиносӣ ва армании Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мутолиоти Африқоии Донишгоҳи ибрии Байтулмуқаддас ва соли 1981 сарвари ҳиндушиносӣ, эроншиносӣ ва арманишиносии ҳамин донишгоҳ. Занд ҳамчунин яке аз мубтакирон ва сардабири Донишномаи мухтасари яҳуд ба забони русӣ буд ва низ принсипҳои илимеро, ки донишнома бояд сохта шавад, мураттаб сохт. Баъдан сармушовир ва аз муаллифони фаъъоли ин идора.

Занд муаллифи таълифоти зиёде дар бораи адабиёт ва фалсафаи форсӣ ва тоҷикӣ ва низ дар бораи фарҳанги яҳудиён дар Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Як қатор осори адабии марбут ба забонҳои эрониро тайёр кардааст, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухоро дар поёни асри 19 ва оғози асри 20 ва ғ.

Осори илмии Занд:

«Соҳибқирони шоирӣ – устод Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1957);

«Шаш қарни шуҳрат» (монография пиромуни таърихи адабиёти форсӣ, ки солҳои 1967 ва 1972 ба англисиву форсӣ баргардон шуд);

«Фарҳанги яҳуд дар Иттиҳоди Шуравӣ» (ҳамроҳ бо Х. Шмерук, Байтулмуқаддас, 1973);

«Яҳудиёни Бухорову куҳистон» (ҳамроҳ бо М. Алтшулер ва И. Пинҳоси; Байтулмуқаддас, 1973).

Ашъори Занд бо тахаллуси Миноҳим де-Розин ба забони ибрӣ дар матбуоти Исроил солҳои 1970 чоп шудаанд. Соли 1971 колеҷи Ҳибру юнион ба Занд унвони фахрии доктори адабиёти яҳудро эъто намуд. Ӯ узви як қатор муассисолти илмӣ – Анҷумани мутолиоти яҳудӣ (ИМА), АИ яҳудиён (ИМА, Иттиҳодияи ҷаҳонии мутолиоти яҳуд ва ғайра будааст.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Михаэл Занд ин асарҳоро метавонед бихонед:

Занд, М. Абуалӣ ибн Сино// Ўзбекистони Сурх. – 1952 . – 8 июнь.
Занд ,М.  Оид ба масъалаи тенденсияҳои халқӣ дар адабиёти тоҷик дар асрҳои VII-IХ // Шарқи Сурх. – 1953. – №6. – С. 85-94.
Занд ,М. Соҳибқирони шоирӣ – устод Рўдакӣ // Сталинобод. –1957. – 47с.
Лоҳутӣ, А.  Мактубҳо  ба  М.Занд // А. Лоҳути.  Қуллиёт. – Ҷ.6.  – Душанбе. – 1963. – С. 161-163.
Занд, М.И.  Шесть веков славы // Очерки перс.- таджик. литературы. – Москва: Наука, 1964.
Тақриз: Абдуллоев, А. Асарҳои шўҳрат // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 14 март. 
Абдуллоев, А. “Шаш асри шўҳрат”// Тоҷикистони советӣ.  – 1965.  –  17 феврал.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова ва
Манижа Ра
ҷабова, кормандони шуъбаи
библиографияи милл
ӣ