Ҳунарманде, ки умре дар саҳна буд (ВИДЕО)
Нашр шуд 2020-01-08 14:38
Таваллуд ва марги ҳунарманди маъруф Борис Наматиев моҳи январ будааст. 10-уми январи соли 1930 дар шаҳри Киркии Туркманистон дида ба олам кушодааст ва 19 январи соли 2016 дар синни 86-солагӣ дар Байтулмуқаддас тарки олам кардааст. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунари тоҷик буд, ки ҳатто баъди кӯч бастан ба Исроил ансамбли тоҷикӣ бо номи “Бухоро” таъсис додаву муваффақ шудааст. Дар бойгонии радио ва телевизиони тоҷик таронаҳои зиёде аз ӯ маҳфузанд, ки чун фонди тиллоӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Борис Наматиев, ҳунарманди театр, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 10-уми январи соли 1930 дар ш. Киркии Туркманистон ба дунё омадааст. Дар ягон мактаби махсуси ҳунарӣ таҳсил накардааст. Аз соли 1947 дар 17-солагӣ ба сифати мутриб дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд ва ҳамзамон дар спектаклҳо нақшҳои эпизодӣ мебозид. Иштирокчии даҳаи санъати тоҷик (1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957). Ба як қатор шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон (1964, 1968) сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Чун истеъдодаш ҳувайдо гашт, ба зудӣ қатори ҳунармандони асосӣ ҷой гирифт. Беш аз чил сол саҳнаи ин боргоҳи бузургро обод кард, дар қариб 60 намоишнома – «Дил-дили Зайнаб», «Духтари ноком», «Дохунда», «Шоҳ Лир», «Фарёди ишқ», «Ҳаёт ва ишқ», «Лаҳзаи ҷовид», «Ҳуррият», «Дасти дўст» ва амсоли инҳо нақшҳои хотирмон иҷро кард.
Аз хонандагони хуби «Шашмақом» маҳсуб меёфт, мақомҳои «Ироқи Бухоро», «Чапандози Ушшоқ», «Чапандози Гулёр», «Зулфи парешон», «Шаҳнози Гулёр», «Сарахбори Ороми ҷон» ва ғайраро накў адо менамуд.
Соли 1990 ба Исроил кўч баст ва он ҷо театри тоҷикии «Бухоро»-ро созмон дод, ки муваффақ шудааст.
9 – уми январи соли 2016 дар Байтулмуқаддаст аз олам рафт ва дар қабристони ҳамон шаҳр ба хок супурда шуд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 421.
Муаллиф: М. Ҷўрабекова
Дар бораи Борис Наматиев дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Актёр ва сарояндаи тоҷик: Шарҳи мухтасари аҳволу эҷодиёти Борис Наматиев // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 421.
Холов, М. Актёр ва ҳофизи ҷавон: Артисти театри ба номи Лоҳутӣ Б. Наматиев // Маориф ва маданият. – 1963. – 2 ноябр.
Завқибеков, Г. Актёр ва ҳофиз: Доир ба эҷодиёти артисти театр Б. Наматиев // Маориф ва маданият. – 1968. – 10 октябр.
Мошеев, Ё. Камолоти санъаткор: Артисти хизматнишондодаи республика Борис Наматиев // Маориф ва маданият. – 1980. – 10 январ.
Майбалиев, Х., Қуддусов, Ҷ. Хазинаи дил: Аз эҷодиёти Артисти хизматнишондодаи республика Б. Наматиев // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 28 март.
Ғуломов, Ф. Марди ҳунар: Аз фаъолияти эҷодии Артисти хизматнишондодаи республика, актёри театр Б. Наматиев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 25 октябр.
Гоҷиева, А. Умре дар саҳна: Аз кору эҷодиёти актёри Театри ба номи Лоҳутӣ Б. Наматиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 24 сентябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.