Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧАРМГАРӢ
Чармро дар шароити имрўза устоҳои мардумӣ чунин тайёр мекунанд: Пўсти гови калонро аввал дар об як-ду рўз тар мекунанд, сипас тарафи дарунии пўстро дар болои тахтаи тарош гузошта, бо дос тарошида тоза менамоянд. Дар бушкаҳои 200-литра, ки он сангоб ном дошта, дар замин гўр карда мешавад, 20-30 литр оҳакоб рехта, пўстро дар он андохта, аз болояш 20-литри дигар об мерезанд ва ба он маҳлули натрийро илова мекунанд. Сангобро барои он дар замин гўр мекунанд, ки аз даҳони бушка гирифтани пўсти тари вазнин осонтар шавад.
Одамон аз давраҳои қадим ба либосҳои пурдошту мустаҳкам эҳтиёҷ доштанд. Онҳо дар аввал аз пўсти ҷонварони хонагию ваҳшӣ ба худ либосҳо ва пояфзорҳо тайёр мекарданд. Бо гузашти асрҳо коркарди пўст ва технологияи истеҳсоли чарм рушд ёфтааст.
Чармгарӣ ҳамчун яке аз пешаҳои анъанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакант, Истаравшан, Кўлоб, Балҷувон, Қаротегину Дарвоз ва ғайра маъмул буда, гузарҳои «Чармгарон» вуҷуд доштанд. Дар ин шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои махсуси чармгарӣ фаъолият менамуданд, ки дар онҳо аз пўсти гов, асп, шутур, буз, гўсфанд ва баъзе ҳайвоноти шикоршуда бо усули ош додани пўст навъҳои гуногуни чарм тайёр мекарданд. Аз чарм ва пўсти ҷонварон баъзе либосҳои гарми зимистона, телпак, мўза, кафш, чоруқ, тасмаи камарбанд ва ғайра медўхтанд. Барои гову асп ва хар нўхта, лаҷом, рўкаши зин ва дигар афзорҳо месохтанд. Маъмулан, устоҳои чармкорро мутобиқи корашон ба се гуруҳ тақсим мекарданд: мўзадўзон, маҳсидўзон ва кафшдўзон.
Чармро дар шароити имрўза устоҳои мардумӣ чунин тайёр мекунанд: Пўсти гови калонро аввал дар об як-ду рўз тар мекунанд, сипас тарафи дарунии пўстро дар болои тахтаи тарош гузошта, бо дос тарошида тоза менамоянд. Дар бушкаҳои 200-литра, ки он сангоб ном дошта, дар замин гўр карда мешавад, 20-30 литр оҳакоб рехта, пўстро дар он андохта, аз болояш 20-литри дигар об мерезанд ва ба он маҳлули натрийро илова мекунанд. Сангобро барои он дар замин гўр мекунанд, ки аз даҳони бушка гирифтани пўсти тари вазнин осонтар шавад.
Пўстро ба маҳлули оҳакоб андохта, ду рўз нигоҳ медоранд. Сипас, онро берун карда, обашро метаровонанд. Пўстро ба болои тахта гузошта, бо дос тарафи мўйдори онро ба осонӣ тоза мекунанд ва боз ба оҳакоб мегузоранд ва боз 48 соати дигар он ҷо меистад. Баъди ду рўз пўстро гирифта, оҳакобро бо оби тоза мешўянд ва ҳарду тарафи онро намак мезананд. Пўст чор шабонарўз намак хўрда меистад. Баъдан пўстро бо устурак (ак навъ теғ) тарошида ҳамвор менамоянд. Дар бушка маҳлули пикил – намакоб ва кислотаи сулфат тайёр карда, як шабонарўз дар он мегузоранд. Сипас аз он гирифта, дар дору ё маҳлули дигар, ки аз оби гарму шакар, кислотаи сулфат ва хромпик таҳия шудааст, як соат тар карда, пўстро тоб дода, мунтазам доруро омехта меистанд. Пўстро аз маҳлул гирифта, бо ду шабонарўз нигоҳ медоранд. Пас аз он дар тағора оби тоза гирифта, пўстро аз доруҳо мешўянд, обашро таровонида, пўстро ранг мемоланд.
Чарми тайёршударо дар офтоб як-ду соат хушконида, болои хараки махсус, ки пешкор ном дорад, ниҳода бо чом – асбоби махсус метарошанд. Ин амалро «хомчом» меноманд. Чом задан бо мақсади чармро мулоим кардан ва қатҳоро кушодан анҷом дода мешавад. Сипас чармро дар тахта бо мех чорчўба зада, таранг кашида мебанданд, то ки он ҳамвор шавад.
Барои ҷилодор шудани чарм ба он маҳлули дигаре молида мешавад. Ширро дар як сатилча ҷўшонида, як қошуқча ба он шакар ва каме ранги нигрозин меандозанд ва ҳангоми ҷўшидан маҳлулро кофта меистанд. Маҳлул, ки тайёр шуд, чўткаро ба он тар карда, рўйи чарм мемоланд, то ки чарм ҷило гирад. Чарм дар 10-15 дақиқа хушк мешавад, баъдан онро болои пешкор партофта, бо лифчўб лиф мекунанд, ки дар натиҷа чарм ҳамвор ва ҷилодор омода мегардад.
Дар гузашта ранги ҳиноиро аз чўби дарахти бодоми талхак тайёр менамуданд ва чармро дар он якчанд соат нигоҳ медоштанд. Аз чарми тайёршуда кафш, мўза, мукӣ, маҳсӣ, афзори асп, камарбанду ғилофи корд ва ғайраҳо медўхтанд.
Аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 193.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи чармгарӣ боз матолиби зеринро метавонед бихонед:
Мирзоев. Ибтидои неки заводи навбунёд: Заводи чармгарии ноҳияи Ҳисор // Байрақи ленинизм. – 1972. – 8 июн.
Амиршо М. Бозгашт ба асли худ: Чармгарӣ ҳунари волои мардумӣ // Хатлон. – 1992. – 16 январ.
Табаров, Б. Чармгарон ҳаст, вале чармгар нест. Ё эҳёи ин ҳунари бобоӣ магар ба суди мардум нест? Таърихи чармгарии Кўлоб // Миллат. – 2011. – 31 март.
Чармгарӣ: Чармгарӣ яке аз ҳунарҳои тоҷикона // Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик / Муҳаррир Н. Амиршоҳӣ. – Душанбе: МДСИЭМТ. 2017. – Ҷ. 2. – С. 599-601.
Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ