Ҳаким Юсуфов - геолог ва минерологи барҷаста

Доктори илмҳои геология Юсуф Ҳакимов аз ҷумлаи минерологҳои барҷастаи кишвар буд. Яке аз аввалинҳост, ки барои устуҷўи конҳои   телетермалӣ   ё  пастҳарорат  услуби  палеомагнитиро  ба  кор  бурдааст.   Умреро дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави истихроҷи маъданҳо сарф кардааст.

Юсуфов  Ҳаким  17  декабри  соли  1918  дар  шаҳри  Бухоро  ба  дунё  омааст. Доктори  илмҳои  геологӣ  ва  минералогӣ  соли  (1984).  

Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ  соли (1941-1945).  Соли 1940  факултаи  табиатшиносии Университети давлатии  давлатии  Самарқандро  хатм  намудааст. 

Соли  1946  дар  идораи  геологияи  Тоҷикистон фаъолияташро  оғоз  карда,  ба сифати  геологи  калон,  сардори  гурўҳ    ва  отряд  заҳмат  кашидааст.  Аз  соли  1960   то  охири  умр  дар  Пажўҳишгоҳи   геологияи  АИ   Тоҷикистон  ба  сифати  ходими  калони  илмӣ  кор  кардааст. 

Оид  ба  сохти  геологӣ, тарзи  пайдоиш   қонунияти  ҷойгиршавии   конҳои  сурмаю  симоби  Тоҷикистон таҳқиқот анҷом дода, шароити пайдоиш ва  манбаъҳои  маъдани  сурмаю  симоби  кўҳистони  Ҳисору  Зарафшонро   омўхта,  ноҳиябандӣ намудааст. Яке аз аввалинҳост, ки барои устуҷўи конҳои   телетермалӣ   ё  пастҳарорат  услуби  палеомагнитиро  ба  кор  бурдааст. 

Теъдоди  таълифоташ  аз  панҷоҳ  мегузарад. Хизматҳояш бо ордени   Ситораи  Сурх,   медалҳои  ҷангию  меҳнатӣ  қадр  шудааст.

Ҳаким Юсуфов 11 ноябри соли 1990 дар  шаҳри  Душанбе  вафот  кардааст.

Бозчоп аз Арбобони  илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХ1): Энсиклопедия. – Душанбе, 2018. – С. 776-777.

Муаллиф Ёрмуҳаммади Сучонӣ.

Дар Китобхонаи миллӣ Юсуф Ҳакимов танҳо ин асар маҳфуз аст:

Основание  закономерности  размещения  ртутносурьмянного  оруденения  в  Зеравшано-Гиссарском рудном поясе. – Душанбе, 1978.

Таҳияи  Меҳрангез Ғуломова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ