Дар бораи Миралӣ Достиев чӣ медонем?

 

 Достиев овози форам ва маҳорати баланди эҷодӣ дорад. Дар операҳои тоҷикӣ ва классики ҷаҳонӣ беш аз 50 партия (нақш) иҷро кардааст: Марулло, Маркиз де Обри («Риголетто» ва «Травиата»-и Ҷ.Верди), Онегин, Елетский («Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамоишоқ»-и П.И.Чайковский), Дон Жуан («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно), Фигаро («Сартароши севилӣ»-и Ҷ.Россини), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов), Шоҳ Наср («Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ), Исмоил («Амир Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ), Наср («Рўдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов), Кумар («Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ), Восеъ («Фарёди дуриҳо»-и Т.Сатторов), Шоҳ («Қишлоқи тиллоӣ»-и Д.Дўстмуҳаммадов) ва ғайра.

 Достиев Миралӣ 15 октябри соли 1958 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Москва (ҳоло Мирсайид Алии Ҳамадонӣ), сарояндаи опера (овозаш - баритони лирикӣ). Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2003). ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси солист - вокалист, сарояндаи опера хатм кардааст (1981). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1982-83). Мудири Хонаи маданият ва шуъбаи фарҳанги ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик, 1981-85), сароянда (1985-2002) ва директории Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ (2002-06 ва 2013-15), муовини авали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2013). Аз соли 2015 вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

  Достиев овози форам ва маҳорати баланди эҷодӣ дорад. Дар операҳои тоҷикӣ ва классики ҷаҳонӣ беш аз 50 партия (нақш) иҷро кардааст: Марулло, Маркиз де Обри («Риголетто» ва «Травиата»-и Ҷ.Верди), Онегин, Елетский («Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамоишоқ»-и П.И.Чайковский), Дон Жуан («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно), Фигаро («Сартароши севилӣ»-и Ҷ.Россини), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов), Шоҳ Наср («Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ), Исмоил («Амир Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ), Наср («Рўдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов), Кумар («Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ), Восеъ («Фарёди дуриҳо»-и Т.Сатторов), Шоҳ («Қишлоқи тиллоӣ»-и Д.Дўстмуҳаммадов) ва ғайра.

 Достиев дар тарбияи сарояндагони ҷавони опера низ саҳми арзанда дорад. Аз соли 1985 дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулови ш. Душанбе аз рўи ихтисоси сарояндагӣ дарс мегўяд.

 Ба Федератсияи Русия, Афғонистон (1980), Туркия (1988), Кореяи Шимолӣ (2003), Фаронса (2005), Олмон (2013) сафарҳои ҳунарӣ карда, дар Пхенян (Кореяи Шимолӣ, 2003) барандаи фестивал-озмуни байналмилалии «Иди баҳор» гардидааст.

 Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ.

 Бо ордени Дўстӣ сарфароз гардидааст (2005).

  Аз соли 1989 узви Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон.

 Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 179.

 Дар бораи Миралӣ Достиев дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам мурур кунед:

 Суруди халқӣ хуб аст, вале опера - беҳтар: Мусоҳибаи К. Қурбониён бо ҳунарманди боистеъдоди Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Миралӣ Достиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1993. – 2 сентябр.

 Табарӣ, М. Ҳамнабзи зиндагӣ: Аз рўзгори Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхони театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Миралӣ Достиев // Ҷумҳурият. – 2000. – 11 май.

 Муболиғи меҳани маҳбуб: Мусоҳибаи Ҳотами Ҳамид бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев // Илм ва ҳаёт. – 2010. – № 4-6. – С. 15-16.

 Муродӣ, А. Халқ Раҳнамо дорад!: Аз фаъолияти ҳунарии Ҳунарпешаи мардумии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Миралӣ Достиев ва бо дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ // Омўзгор. – 2010. –16 апрел.

 Миралӣ Достизода - муаррифгари фарҳанги миллӣ: Оиди маҳфили эҷодии Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони опера Миралӣ Достизода // Садои мардум. – 2018. – 6 ноябр.

 Тараннумгари шукўҳи даврон: Маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 8 ноябр.

 Таҳияи Фируза Восиева

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ