Гулшану-л-мулук асари таърихии Муҳаммадяъқуби Бухороӣ, ки дар он воқеаҳои таърихӣ аз замони пайғамбар Муҳаммад (с) то солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1826-60) ба қалам омадааст.
Муаллиф ба навиштани асараш солҳои 1824-28 шурўъ намуда, тақрибан дар солҳои 1830-31 онро ба охир расонидааст. Гарчи дар «Гулшану-л-мулук» оид ба воқеаҳои асрҳои мухталиф маълумот оварда шудааст, вале ба шарҳи давраи ҳукмронии сулолаҳои Аштархониён ва Манғития бештар диққат дода шудааст.
Ҳамчунин «Гулшану-л-мулук» дар бораи омўзиши таърихи Шаҳрисабз, муносибати ҳокимони он бо амирони Бухоро ва таҳқиқи таърихи асрҳои 17-18 Осиёи Миёна (то соли 1830) манбаи муҳим мебошад. Дастхатҳои «Гулшану-л-мулук» дар китобхонаҳои Маскав, Тошканд ва Душанбе маҳфузанд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 575.
Муаллиф: А. Мухторов
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ