Давоми як моҳи охир теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Дар ин моҳ ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонанда буда, бештари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ барои ҷо додани хонандагон камӣ мекунанд. Хонандагони зиёде пеш аз шуруъ гардидани соати корӣ дар дами даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ ҷамъ меоянд.
Ин шуъба дар сомонаи мо 78 хабару мақолаву гузориш дорад. Он пештар дар таркиби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буд, аз замони мустақил шуданаш матолибаш зери номи худи он ҷамъ мешуд ва сабаби камтар будани теъдоди мақолоташ низ ҳамин аст. Аслан аз шуъбаҳои фаъолтарини Китобхонаи миллӣ дар сомонаи он ба шумор меравад.
Матолиби пурхонандаи он зиёданд.