Шуъбаи кўдакон ва наврасон

 Ин шуъба дар сомонаи мо 78 хабару мақолаву гузориш дорад. Он пештар дар таркиби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буд, аз замони мустақил шуданаш матолибаш зери номи худи он ҷамъ мешуд ва сабаби камтар будани теъдоди мақолоташ низ ҳамин аст. Аслан аз шуъбаҳои фаъолтарини Китобхонаи миллӣ дар сомонаи он ба шумор меравад.

 Матолиби пурхонандаи он зиёданд. Аз ҷумла, хабари маҳфили “Дастони моҳир” бо номи Тирамоҳи заррин аз нигоҳи атфол”-ро 4280 нафар хондаанд, гузориш аз чорабинии он бо номи “Об барои рушди устувор”-ро бошад 3849 нафар мутолиа кардаанд.

Моҳе пештар дар бораи бойгонии электронии Афсона дар Китобхона маълумот додем ва гузинаи электронии чанд ҷилд китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро дар сомона гузоштем, ки дар кутоҳтарин муддат онро 3446 нафар мурур кардаанд.

Матлаб бо номи Рӯзи Парчами миллӣ муборак!”-ро 3356 нафар,  “Чӣ ? Кай? Дар куҷо?-оид ба китоби тозачопи Энсиклопедияи миллиро 2459 нафар хондаанд. Ва ин гуна матолиби пурхонанда дар миёни мақолоту хабарҳои ин шуъба зиёданд.

Сомона бо кормандони ин шуъба Лоиҳаи навро рӯи даст гирифт. Акнун онҳо мебояд ҳар ҳафта аз ду то се китоби толори хониши кӯдакон ва наврасонро муаррифӣ кунанд. Ин метавонад боиси бештар шудани сафи хонандагони ин толори хониш гардад. 

Аз таърихи Шуъба

Шуъбаи кўдакон ва наврасон моҳи марти соли 2013 ҳамчун бахш дар назди шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён ташкил шудааст ва ва кори он бо мақсади ҳарчи хубтару беҳтар фароҳам овардани фазои иттилоотиву маънавӣ барои кўдакон ва наврасон ба роҳ монда шудааст. Ҳамчун шуъбаи мустақил 1- уми марти соли 2017 тасдиқ гардид.

Вазифаҳои асосии шуъба

- хизматрасонӣ ба хонандагон;

- тарғиби адабиёт оид ба кўдакон ва наврасон ба воситаи шаклу усулҳои гуногуни замонавӣ;

- хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ - библи­ографии истифодабарандагон;

- пешниҳод ва кумакрасонии машваратӣ ҷиҳати ҷустуҷў ва интихоби сарчашмаҳои иттилоотӣ;

- пешниҳоди ройгони истифодабарии муваққатии адабиёт ва ҳуҷҷатҳо аз фонд­ҳо дар толорҳои хониш ва барномаҳои дарсии шуъба;

- доир намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

Дар шуъба ба хонандагони аз синни 7 сола то 17 – сола хизмат расонида мешавад. Дар ин толор хонандагон метавонанд адабиётҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ мутолиа намоянд.

 Толори хониши Шуъба дорои 3490 китоб мебошад, аз ин 2243 бо забони тоҷикӣ, 1102 забони русӣ, 145 забонҳои хориҷӣ ва 410  рўзномаю маҷаллаҳои кўдакона ташкил медиҳад.  

Толори хониши Шуъба 60 ҷойи нишаст дорад. Илова ба китобҳо ин толор боз бо 14 компютери дорои барномаҳои таълимиву тарбиявӣ  муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин компутерҳо барномаҳои омeзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили забони англисӣ ва забони русӣ, дарсҳои риёзӣ, барномаҳои омӯзандаи наққошӣ, аз қабили рангубори расмҳо, сохтани бозичаҳои гуногун, ёфтани ҳарфҳо ворид карда шудааст, ки ҳар хонанда метавонад мустақилона истифода намояд.

Тибқи нақшаи кории шуъба моҳе як маротиба хонандагон имкон пайдо мекунанд бо адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, вохӯранд, ба суолҳои худ посух гиранд. Ҳамаи ин чорабиниҳо сабт ва аз тариқи шабакаи телевизионии “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Шуъба бо Иттифоқи нависандагон, бахусус бо бахши адабиёти кӯдаки он, телевизиони «Баҳористон», Маркази кўдакон ва наврасони Тоҷикистон, китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ робитаву ҳамкориҳо дорад.

Тибқи нақшаи кории шуъба моҳе ду маротиба маҳфили эҷодии «Дастони моҳир»  мегузарад. Ҳар маҳфил дар мавзуъе доир мешавад ва хонандагон баъди шиносоӣ бо он ва баҳс атрофи он дар доираи мавзуъ расмҳо мекашанд ва ё месозанд.

Сардори шуъба

 Толибова Назира Ашуровна 21 апрели соли 1991 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1998 ба мактаби № 49 рафта, соли 2009 онро хатм намудааст.

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ихтисосаш китобдор, библиограф, омўзгор.

Аз соли 2011 то соли 2012 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ»-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Оператор –харитасоз кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 2013 мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории депозитари, соли 2015 сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, моҳи марти соли 2017 то инҷониб сардори шуъбаи кўдакон ва наврасон мебошад.

Ҳамаи матолиби Шуъбаи кӯдакон ва наврасонро дар сомонаи мо аз ин ҷо метавонед бихонед:

Барчаспҳо: