Шуъбаи библиографияи миллӣ

 Ин шуъба дар сомонаи мо бештар аз 380 маводи хуби хонданӣ дорад. Самти фаъолияти он дар сомона низ мушаххас аст: омода намудани маводҳо бахшида ба зодрӯзи шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ ва илмӣ, ҳамсунин санаҳои таърихии кишвар. Ва на танҳо маводи тарҷумаҳолӣ, балки як нишондоди ҷолибе, ки ба ҳар хонанда зарур аст. Поёни матлаб дар бораи шоир, нависанда, олим таваҷҷуҳи хонандаро ҳатман ба маълумоти библиографӣ ҷалб мекунанд. Яъне, хонандаро раҳнамоӣ мекунанд, ки дар бораи соҳибҷашн дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд. Ин вижагии кори ин шуъба аст.

 Шуъба хонандагони зиёд дорад. Аксари матолиби он аз ҷумлаи пурхонандаҳо дар сомонаанд. Чунончӣ:

 Матлаб аз рӯзгори Амир Хусрави Деҳлавиро 8838 нафар мурур кардаанд;

 Мақола дар бораи Мирзо Бедилро 6915 нафар хондаанд.

 Матлаб аз таърихи ҷашни Меҳргонро 3178 нафар хондаанд.

 Аз рӯзгори адиби шинохта Сотим Улуғзодаро 2872 нафар:

Намунаҳо аз ашъори Озарахш ва дар бораи ӯро 3271 нафар хондаанд...ва ин рӯйхатро метавон идома дод.

Таърихи Шуъба

Шўъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 ташкил шуда, корҳои зиёдеро дар кишваршиносӣ ва библиографияи миллӣ анҷом медиҳад. Ҳамасола ба шўъба 7-8 ҳазор хонандагон ташриф меоваранд, ки ба онҳо беш аз 6 ҳазор маълумотномаҳои шифоҳӣ ва то 5 ҳазор нусха адабиёт пешкаш карда мешавад.

Феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷҷатҳои Шўъба ва анҷом додани корҳои илмӣ-интишорӣ роҷеъ ба масоили кишваршиносӣ самтҳои асосии фаъолияти Шуъба мебошанд.

Аз ҷумлаи фаъолиятҳои дигари шуъба:

•  фонди ҳуҷҷатҳоро бунёд мекунад ва онро такмил медиҳад;

•  дастгоҳои маълумотӣ-библиографиро ташкил мекунад;

•  картотекаи умумӣ ва электронӣ, мавзуъӣ ва фардӣ месозад;

•  хизматрасониҳои иттилоотӣ, маълумотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба хонандагони Китобхонаро ба роҳ мемонад;

•  силсилаи дастурҳои библиографии илмию ёрирасон, тавсиявӣ ва иттилоотиро таҳия мекунад;

•  омўзиш ва тарғиби донишҳои библиографиро роҳандозӣ мекунад.

Дар шуъба фонди китобҳои нодир (беш аз 1000) ҷамъоварӣ шудааст, ки онҳо дар феҳристи алифбоӣ ва мураттабии шўъба ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт шудаанд.

Сардори Шуъба: Валиева Наргис.

Соати корӣ: ҳамарӯза аз соати 8:00 то 22:00

Телефон барои иртибот: 917 80 46 25

Каме дар бораи Сардори Шуъба:

 Валиева Наргис Юсуфовна. 1 – уми августи соли 1976 дар шаҳри Кўлоб  ба дунё омадааст.  Миллаташ тоҷик. Соли 1983 ба мактаби миёнаи №3 шаҳри Кўлоб қадам монд ва онро соли 1993 мактабро хатм намуд.

 Аз соли 1991 то соли 1999 дар Хонаи хизмати маишии «Наргис» ба ҳайси дӯзанда фаъолият кард. Соли 2001  ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотштносии  Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд ва онро соли 2006 Донишкадаро хатм намуд.                                                                                        

  Аз моҳи июни соли 2006 дар шуъбаи библиографияи миллӣ  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ китобдор, соли 2011 мудири бахш, соли 2012 муовини сардори шуъбаи библиографияи миллии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз январи соли 2016 сардори шуъбаи библиографияи миллӣ кору фаъолият менамояд. 

 Дар ин солҳо корҳои зеринро анҷом додааст:  

Нишондиҳандаи адабиёт «Ба ифтихори 10 – солагии Ваҳдати миллӣ»;

Феҳристи адабиёт: Бахшида ба шоирони классик ва муосири тоҷик Абдураҳмон Мушфиқӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳмат Назрӣ, Муъмин Қаноат ва ғайра.

Соли 2011 давраи омўзишӣ дар Китобхонаи осори хаттии шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркиёро  хатм карда, соҳиби диплом шудааст.

Оиладор аст ва соҳиби як фарзанд. 13 сол собиқаи корӣ дорад. Аъзои ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон аст.

Ҳамаи матолиби Шуъбаи библиографияи миллиро дар сомонаи мо аз ин ҷо метавонед бихонед: 

Барчаспҳо: