Баҳор овардан осон нест

  Ин номи дуюмин китоби шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур аст. Аввалин китоби ӯ бо номи “Ҳамболи турнаҳо” соли 2016 чоп шуда буд. Дар ин як навиштаи кутоҳ шеърашро таҳлил намекунем, бори ин масъулиятро ба дӯши мунаққидон мегузорем. Вале чанд ҷумла аз адабиётшиноси маъруф Анзурат Маликзода меорем, ки дар сарсухани басо кутоҳ, вале пурмуҳтаво ашъори ин маҷмӯаро таҳлил кардааст.

  Ӯ менависад:Бузургмеҳри Баҳодур шоири маъниҷўй ва пажўҳишгари навроҳ аст. Шеърашро ҷустуҷўҳои илмӣ ва бозёфтҳои таҳқиқотияш пурбору ғанӣ месозад. Ин ду риштаи аз ҳамдигар мутафовит: шеъру илм, ки яке эҳсоси волову пуршўр ва дигаре табиати орому гўшагирона ва тамкину таҳлилҳои ҷиддии ақливу мантиқиро тақозо менамояд, Бузургмеҳрро шефтаву дилбастаи худ намудааст. Ва ў дар ин ду ҷодаи мушкилписанд огоҳона роҳ паймуданро бомаром оғоз кардааст. Бар замми ин, ў рўзноманигори болаёқат ва пурмаҳсул низ мебошад.

  Дар кадоме аз ин риштаҳо бештар комёб мешавад, талошу кўшишҳои ояндааш муайян менамояд. Дафтари нахустини шеърашро бо шавқ хондаам. Ҳоло, ки дафтари дувуми ашъорашро мутолиа кардам ва гузоришу мақолаҳои рўзноманигорияшро пайваста аз саҳифаҳои матбуот мехонам, бо итминон гуфта метавонам, ки ў шоири бо дардҳо ва шодиҳои зиндагӣ ошно ва рўзноманигори хубест”.

  Бузургмеҳи Баҳодур зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) аст, ки 27 сол дорад.  Соли 2010 мактаби рақами 51 - и зодгоҳашро хатм кардааст ва ҳамон сол ба Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзода дохил шудааст. Маълумоти ихтисосии суханшинос (филолог) - и тоҷикро дорад. Соли 2014 барои идома додани таҳсил ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил шуда, соли 2016 соҳиби маълумоти дувум гардид. Фаъолияти меҳнатиро дар моҳномаи «Истиқбол» оғоз намуда, аз соли 2014 то ҳол корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» аст.

  Соли 2016 нахустин маҷмўаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардид ва соли 2017 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.    Соли 2018 сазовори Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт гардид.

  Намунаи шеърҳояш бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва ўзбекӣ тарҷума шуда, дар маҷмўаҳои алоҳида ва матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд.

  Китоби “Баҳор овардан осон нест”-ро комил ин ҷо метавонед мутолиа намоед.

Ёфтаҳои дигар аз Бузургмеҳри Баҳодур:

Ҳамболи Турнаҳо

Бузургмеҳри БАҲОДУР — тарҷумаи ҳол ва намунаи ашъор

Бузургмеҳри Баҳодур

Адиб ва Истиқлол: Бо Бузургмеҳри Баҳодур

Бузургмеҳри Баҳодур: Во ҷавонӣ шеър аз Лоиқ Шералӣ ... 

 Муборак бод, Бузургмеҳр!  

Шоири як шеър. Бузургмеҳри Баҳодур

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: