Оварам шеъри Шукўҳиро гувоҳ...

Аз ҷумлаи шоирони тозагӯ буд. Ашъори ишқии ӯ дар сатҳи хеле баланд эҷод шуда буд ва замоне, ки зинда буд, хеле аз ғазалҳо ва шеърҳои ишқии ӯро маъруфтарин ҳунармандон ба оҳанг даровардаву мехонданд. Ҳам ғазал гуфта ва ҳам рӯбоиву дубайтӣ. Дар шеър барои кӯдакон ҳам муваффақ будааст. Насри барҷаставу мондагор дорад.
Аминҷон Шукўҳӣ 10 – уми июни соли 1923 дар деҳаи Рўмони ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст.

Баъди хатми курсҳои муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳияи Хуҷанд ба сифати омўзгор кор кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар милиса кор карда, аз соли 1947 ходим, мудири шуъба, ҷонишини  муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» буд. Соли 1955 шуъбаи рўзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм кард. Муҳарририи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ»-ро ба ўҳда дошт. Аз соли 1961 котиби ИН Тоҷикистон, аз соли 1967 то 1976 раиси Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик буд.

Шеърҳои аввалинаш соли 1942 дар рўзномаи «Стахановчӣ» ба табъ расидаанд. Маҷмўаи шеърҳои «Ватани сулҳ» (соли 1952), «Рўзҳои мо» (соли 1954), «Садои дил» (соли 1956), достони «Кўчабоғи ошиқон» (соли 1962), «Нафаси гарм» (соли 1964), «Арзи қалам» (соли 1971), «Чормағз» (соли 1973) ва  ба табъ расидаанд.

Маҷмўаҳои «Голос сердца» (соли 1957), «Лирика» (Маскав, Молодая гвардия, соли 1957), «Аллея влюблённых» (соли 1967), «Песня ключа» (Совпис, соли 1972) ба русӣ, «Первая улыбка» (Боку, ба озарӣ, соли 1966), «Кўчабоғи ошиқон» (соли 1968, ба ўзбекӣ, Тошкент) чоп шудааст. Аз рўи достони «Кўчабоғи ошиқон»  соли 1964 Театри давлатии Хуҷанд асари саҳнавӣ ва соли 1967 Театри давлатии Айнӣ операи «Бозгашт»-ро ба саҳна гузоштанд.

 Ба бисёр шеърҳояш оҳанг баста шуда, ба сурудҳои дўстдоштаи мардум табдил ёфтааст.

 Аз солҳои 60 ба наср ҳам иштиғол варзид. Хикояҳои «Шаҳло» ва «Шифо хоҳари Шаҳло» (бо ҳамқалами Ҳилолиён Аскар) дар байни хонандагон шўҳрат пайдо кард.
Повестҳои «Имзои шахсӣ» (соли 1967, бо Ҳ.Аскар), «Парии ҷазира» (соли 1973), романи «Печутоби роҳҳо» (солҳои 1977-78) аз қобилияти баланди ў дар офариниши наср гувоҳӣ медиҳанд. Барои бачаҳо китобҳои назму насри «ИЛ-18 омад
» (1968), «Об аз куҷо меояд» (соли 1969). «Асад ва Самад» (соли 1972) чоп шуданд.  Дромҳои «Шабҳои фироқ» (соли 1968), «МИ-ВО» (соли 1970), ки дар театрҳои давлатии Хуҷанд ва телевизиони тоҷик ба саҳна гузошта шудаанд, хеле шўҳрат пайдо карданд.
Асарҳояш ба русӣ, украинӣ, ўзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд. Аминҷон Шукуҳӣ осори Пушкин, Лермонтов, Райнис, Симонов, Сурков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Аминҷон Шукуҳӣ Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон буд. Соли 1965 ба дарёфти ҷоизаи адабии давлатии Рўдакӣ ва соли 1994 ба унвони Шоири мардумии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагон буд. 17 майи соли 1979 даргузаштааст.

Хонандагони муҳтарам дар Китобхонаи миллӣ аз Аминҷон Шукуҳӣ ва дар бораи ӯ метавонанд ин асарҳо ва мақолаҳоро бихонанд:

Шукўҳӣ, А. Нафаси гарм. – Душанбе: Нашрдавтоҷик, 1964. – 190 с.
Шукўҳӣ, А. Об аз куҷо меояд: Ҳикояҳо / Барои наврасон. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 119 с.
Шукўҳӣ, А. Парии ҷазира: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 216 с.
Шукўҳӣ, А. Чормағз: Рубоӣ ва дубайтиҳо / Муҳаррир К. Киром. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 88 с.
Шукўҳӣ, А., Аскар, Ҳ. Печутоби роҳҳо: Романи ҳуҷчатӣ. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 254 с.
Шукўҳӣ, А. Салом, модар!; Меҳри модар: Шеърҳо // Дили модар. – Душанбе. – 1984. – С. 24-25.
Шукўҳӣ, А. Кўчабоғи ошиқон: Маҷмўа / Сарсухан аз Ҳакимов. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 336 с.
Шукўҳӣ, А. Бибиҷони ман: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1988. – 6 март.
Шукўҳӣ, А. Акои хаткашон: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1990. – №10. – С. 77-85.
Шукўҳӣ, А. Ҷилва: Порча аз повест // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 17 июн.
Шукўҳӣ, А. Сабр кун, эй гули бодом; Ҳаммоми дарахтон; Агар ман: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 1993. – 10-11 июн.
Шукўҳӣ, А. Намунаҳое аз дафтари дубайтиҳои шоир бо унвони «Чормағз»: Дубайтиҳо // Садои Шарқ. – 2013. – №7. – С. 22-26.

Дар бораи Аминҷон Шукўҳӣ:

Аминҷон Шукўҳӣ // Тазкираи адабиёти бачагон. – Душанбе, 1979. – Ҷ. 1. – С. 138-139.
Ҳакимова, М. Дили пок // Тоҷикистони советӣ. – 1979. – 20 май.
Акобиров, Ю. Марди поктинат // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 6 январ.
Ниёзӣ, Н. Хуршеди ҷаҳонбахш: Шеър бахшида ба Аминҷон Шукўҳӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1983. – 23 июл.
Ҳоҷибоева, И. Писари ман: Нақли модари шоири шодравон Аминҷон Шукўҳӣ // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 20 феврал.
Осимӣ, М. Инсони комил: Ёде аз  Аминҷон Шукўҳӣ // Ҷумҳурият. – 1993. – 7-8 июл.
Орифов, А. Давоми умраш дар шеъри вай аст: Ба ифтихори 80-солагии Аминҷон Шукўҳӣ // Садои мардум. – 2003. – 27 сентябр.
Сайидалӣ, Ҷ. Шукўҳи шеъри Шукўҳӣ: Ба ифтихори ҷашни 80-солагии шоири халқӣ А. Шукўҳӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2003. – 3 октябр.
Гулназар «Оварам шеъри Шукўҳиро гувоҳ»: Ёде аз шеърҳои силсилаи машҳури устод // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 6 июн.
Ҳисом, М. Ганҷинаи меҳру вафо: Ба ифтихори 90-солагии шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ // Омўзгор. – 2013. – 30 август.

Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ