Ато Ҳамдам – адиб, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон...

Адиб, рӯзноманигор, тарҷумон, драматург...Ато Ҳамдам  ҳам адиби нуктасанҷ аст, ҳам рӯзноманигори маъруф, ҳар драматург ва ҳам тарҷумон.
Ў муаллифи бисёр қиссаву ҳикояҳо, пйесаву киносенарияҳо, повесту очеркҳост ва қисме аз ин асарҳо дар ИДМ ва дигар кишварҳои  дунё бо чандин забон чоп ва дастраси хонандагони сершумор гардидаанд.
Ато  Ҳамдам 13 июни соли 1948 дар деҳаи  Тошбулоқи  ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфта, баъди хатми омўзишгоҳи ҷумҳуриявии – равшаннамоӣ  факултаи  филологияи  ДДТ ва  баъдан  Мактаби олии ҳизбии  шаҳри Тошкандро  (1977) ба итмом расонидааст.
Ў  муддати ёздаҳ  сол сарварии  рўзномаҳои  ҷавонони  ҷумҳурӣ «Комсомоли  Тоҷикистон» (1977 -1988) - ро ба ўҳда  дошт ва тайи  чандин  сол Вазири  фарҳанги  ҷумҳурӣ,  мушовири калони Президенти Тоҷикистон, вакили Шўрои Олии  Ҷумҳурӣ  буд, муддате нашриёти “Адиб”-ро ҳам сарварӣ кард.

Ато Ҳамдам нависандаи  хеле  сермаҳсул мебошад. Асарҳояш  бо унвонҳои  «Заркор», « Меҳр» ( бо ҳамкории  марҳум Иноят Насриддин, соли 1973)»,  «Хандаи бахт» (соли 1974), « Маънии умр» (соли 1977), «Давоми роҳ» (соли 1978), «Ду ҳафта  дар БАМ» (бо ҳамкории Ҳ. Файзиев, соли 1979), «Дастони  тиллоӣ» (соли 1982), «Соҳибони замин» (соли 1983), «Баландӣ» (соли 1984), «Роҳи дилҳо» (соли 1985) , «Пеш аз борон» (соли 1992), «Хезед суд меояд» (соли 1997) ва ғайра нашр  гардидаанд.

Асарҳои  саҳнавии  Ато Ҳамдам «Бори каҷ», «Барзу ва Рустам», «Сафармахсум» ва ғайра дар саҳнаи  театрҳои  кишвар доимо гузошта мешаванд. Мазҳакаи    «Сафармахсум»-и  ў дар озмун ҷумҳуриявии «Парасу-93» соҳиби «Гран-при» ва дар озмуни байналмилалии «Наврўз-93» дар  шаҳри Ишқобод ба дарёфти  ҷоизаи  аввал мушарраф гардидааст. 

Ато Ҳамдам,инчунин дар фаъолияти  тарҷумонӣ низ саҳми  муносиб гузоштааст. Ў солҳои  гуногун асарҳои  бисёр адибон А. Вампилов, Б. Равенский,Ҷ.Голсуорси, Г. Соколовский ва ғайраро  ба  тоҷикӣ  гардонидааст.

Ў корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз Ато Ҳамдам ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи ммиллӣ ин асарҳоро метавонед мутолиа намоед:

Саҳифаҳои рангини: Очерк оид ба сохтмони  роҳи оҳани Тирмиз – Қурғонтеппа- Ёвон // Ҳунар аз кони зар беҳ. – Душанбе, 1975. – С.12-31.

Достони тиллоӣ: Очеркхо, ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон. -1981                     . – 176 с

Баландӣ: Очеркҳо  барои бачаҳои сини миёна ва калони мактабӣ . – Душанбе: Маориф, 1984. – 192 с.

Ба истиқболи  субҳ: Песаҳои якпардагӣ . – Душанбе : Адиб.  – 1987. – 175с.               

Давоми роҳ:  Очеркҳо ва қиссаи воқеӣ. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 168 с.             

Хуни дил ё чанд пораи  рўзгори ветерани  ҷангу меҳнат Ато Олимов:   Ҳикоя // Дар оташи ҷанг . – Душанбе , 1988. – С.173- 189.

Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи  абрешим:  Қиссаи  таърихӣ. –  Душанбе: Шарқи озод, 2001. – 94 с.- Ҳаммуаллиф Л.Чигрин

Биё эй арӯси сол: Шеър дар васфи баҳор // Машъал. – 1965. –                  № 4. – С. 17.

Ибтидо: Драма // Садои Шарқ. – 1987. – С. 9-42.

Дар ёду  дили мардум: Ба ифтихори 90- солагии  зодрўзи нависанда  Ҳабибулло Назаров  // Садои мардум . – 1997. – 25 октябр.

Аз дидаву  шунида: Оид ба рӯзгори  аҳли адабу хунар // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 26 феврал.

Аризае, ки навишта нашуд: Порча аз қиссаи нави детективӣ // Садои мардум. – 2004. – 7 декабр.

Сапедадам: Афсонаи суғдӣ // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 10,17 феврал. – Ҳаммуалиф Л. Чигрин.

Дар домани тахти сангин: Ба ифтихори 2700- солагии шаҳри Кўлоб  // Садои мардум. – 2005. – 26 феврал. – Ҳаммуаллиф Л. Чигрин.

Роҳи Абрешим: Порча аз роман // Тоҷикистон. – 2005. – №1-3. – С. 22-23.

Дар  бораи  Ато  Ҳамдам

Бекмуродов,О. Ато Ҳамдам (Хоҷаев Ато): Очерки мухтасар // Энсиклапедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.191-192.

Атои худо, ҳамдами  мардум: Се чашмандоз ба рўзгор, осор ва олами афкори Ато Ҳамдам. – Душанбе: Шарқи озод, 1998. – 95 с.

Дар бораи муаллифон: Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин  // Ҳамдам,А., Чигрин,Л. Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи  абрешим. – Душанбе, 2001. – С. 204.

Назаров, М. Ибтидо: Чанд  мулоҳиза  дар бораи спектакли театри ба номи А. Лоҳутӣ аз рўи  асари  Ато Ҳамдам « Ибтидо» // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 16 декабр.
Ҳамдам, А.100  рўзи Ато Ҳамдам ва рўзҳои дигар: Мусоҳибаи М.Холова бо нависанда Ато Ҳамдам  // Чархи гардун . – 2004. – 6 июн.     

Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шўъбаи библиографияи миллӣ