Саду панҷ соли София Тўйбоева
30-уми январи соли 2018 София Тӯйбоева –яке аз машҳуртарин ҳунармандони саҳнаи театр ва синемои кишвар 105-сола мешавад. Ҳамкасбону ҳамкорон, пайвандонаш ин санаи муҳимро бе ӯ ҷашн мегиранд. Матлабе, ки дар зер меояд, муаррифии кутоҳе аз ин ҳунарманди нотакрор аст.
София Тўйбоева 30 январи соли 1913 дар шаҳри Қазалӣ (Қазоқистон) дар оилаи савдогар таваллуд ёфтааст. Падари София Эрмуҳаммад ба харидуфурўши чўбу тахта шуғл дошт. Боре Эрмуҳаммад барои харидани чўбу тахта ба шаҳри Уфа рафт ва дар ҳамон ҷо бо як духтари бошқирд хонадор шуд. Зани аз Уфа овардаро ҳама «нўғай» номиданд. София дар сини 78-солагии падараш зоида шуд ва дар синни чаҳорсолагӣ аз ў маҳрум гашт. Хешовандон оилаи ятиммондаро ба Бухоро даъват намуданд. Дўстони деринаи падараш, ки аз Бухоро бо роҳи корвон омада буданд, София, додарчааш Аҳмад ва модарашро ба Бухоро бурданд.
Соли 1920 София ба мактаби якуми занону духтарон дохил шуд ва баъди чаҳор сол ба мактаби русии “КИМ” гузашт. Соли 1926 вай аз модараш пинҳонӣ дар кружоки худъфаъолиятии “Матбуотчиён”-и Бухоро, ки роҳбари он Латиф Латифов буд ( Артисти хизматнишондо-даи РСС Тоҷикистон ҳунарпешаи Театри ба номи Лоҳутӣ), дохил шуд. Вай дар намоишҳои “Балои бесаводӣ”, “Зулми модарандар” ва якчанд асари дигар, нахустин бор дар саҳна баромад намуд.
Боре ду зани пешқадам пеш аз нахустнамоиши “Зулми модарандар” назди модари София омаданд ва хоҳиш намуданд, ки фалон вақт ба София иҷозат диҳанд, ки дар намоиш иштирок кунад. Модари бехабар гумон дошт, ки духтараш “ҳеҷ чизро намедонад”. Шаби тамошо, ки дар бинои Хонаи халқ (Нардом) барпо гардид, модар аз бозии духтараш ба ваҷд омада гирист. София роли сағирдухтареро бозид. Баъди тамошои спектакл модари София фаҳмид, ки духтараш ба санъат дил бастааст ва лаёқат дорад, ба ҳунарманд шудани ў мамониат накард.
Тўйбоева 7 апрели соли 1929 ҳамчу артисткаи Театри Давлатии Ўзбекистон ба кор қабул шуд ва дар театри Давлатии Ўзбекистон ба номи Ҳамза қариб ду сол кор кард. Вай дар ин муддати кўтоҳ алифбои санъати актёрӣ, нахустин малакаҳои сайқал додани маҳоратро аз режиссёрҳои ўзбек ва рус, аз як гурўҳи калони актёрҳои касбӣ, ки дар Москва, аз ходимони барҷастаи театрҳои он санъати реалистиро омўхтаанд, ёд гирифт, камтар таҷриба ба даст овард ва аз ҳама муҳимаш тез сабзид. Овозаи истеъдоди ў то Сталинобод ( ш. Душанбе ) расид.
Охири соли 1930 София ба театри касбии тоҷик – ҳозира Театри давлатии академии драмавии дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ дар Сталинобод (ш. Душанбе) ба кор қабул шуд, ҳайати эҷодии он акнун ташаккул меёфт.
Аввалин нақше, ки Тўйбоева дар саҳнаи тоҷик бозӣ кард, Дилбар дар драмаи қаҳрамонии “Ду коммунист”-и К.Ёшин соли 1931 буд. Ва баъдан ин нақшҳоро дар саҳна офаридааст: Турсун дар “Ҳуҷум”-и В. Ян, Ҳалима дар драмаи мусиқавии “Ҳалима” соли 1932, духтари кўҳсори тоҷик Ширин дар спектакли “Мубориза”-и Абулҳақ Усмонов, Саодат дар драмаи А.Валидов “Духтари чўпон”, Гулузор дар драмаи мусиқавии “Восеъ”, Ҷулетта (Шекспир “Ромео ва Ҷулетта”), пиразани деҳотӣ Гулбибӣ аз водевили Шамсӣ Қиёмов ва Анна Мороз “Дил - дили Зайнаб” мебошад.
София Тӯйбоева дар филмҳо “Ман бо духтаре вохўрдам”(1935) , “Ҳасани Аробакаш” (1965) , “Қисмати шоир” (1959) ва ғайра нақшҳои хотирмон бозидааст.
Хизматҳои шоёни София Туйбоева боиси унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои баланди ҳукуматӣ гардиданд. Ў соли 1941 соҳиби унвони Артисткаи Халқии Тоҷикистон шуд, бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва грамотаҳои фахрӣ сарфароз гардидааст.
София Тўйбоева ҳамеша саъю кушиш дошт, ки бо санъати худ нисбат ба ҳайёт, инсон, табиат муҳаббат бедор намояд ва ба ин восита ягонагии некиву зебоиро ба даст орад. Ў чун санъаткор вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро намуд.
Бозчоп аз китоби Низом Нурҷонов “София Тўйбоева”. – Душанбе: Адиб, 1993. – 144 с.
Аз София Тӯйбоева ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин мақолаҳо ва асарҳоро мутолиа намоед:
Тўйбоева, С. Театри миллишакл ва сотсиалистимазмуни мо рўз ба рўз шукуфта истодааст: Дар ин саҳифа мақолаи артистон София Тўйбоева, Саидмуродов, Тихонович ва мақолаи Бобоҷонов бо сарлавҳаи “Театрҳои давлатӣ дар кушодашавии мавсим”, чоп шудааст // Тоҷикистони сурх. – 1935. – 7 ноябр.
Тўйбоева, С. Дар саҳнаи тоҷик: Симои В.И.Ленин дар иҷрои Артисти халқии СССР А.Бурҳонов // Маориф ва маданият. – 1969. – 22 апрел.
Тўйбоева, С. Неъмати некӣ: Аз хотираҳои Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон // Занони Тоҷикистон. – 1984. – №10. – С. 20.
Дар борааш
Артисткаи боистеъдод: Дар бораи артисткаи хизматнишондодаи республика София Тўйбоева // Тоҷикистони советӣ. – 1955. – 20 март.
Боймуҳаммадов, У. Ифтихори саҳнаи тоҷик: Бахшида ба 50-солагии рўзи таваллуди София Тўйбоева // Маориф ва маданият. – 1963. – 11 май.
Кимьёгаров, Б. Бахти актриса: Ба 50 – солагии рўзи таваллуд ва 35 солагии фаъолияти Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон София Тўйбоева // Тоҷикистони советӣ. – 1963. – 12 май.
Нурҷонов, Н. Истеъдоди барҷаста: Дар бораи артисткаи халқии республика С.Тўйбоева сухан меравад // Маориф ва маданият. – 1964. – 6 октябр.
Абдураҳмонов, А. Санъаткори хушсалиқа: София Тўйбоева аз театри ба номи А.Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 13 июн.
Сабоҳӣ, Ҳ. Бахти ҳунарвар: 70-солагии зодрўзи Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон С. Тўйбоева // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №12. – С. 12-13.
Гулчеҳра. Роҳи ту: Шеър ба София Тўйбоева // Газетаи муаллимон. – 1988. – 26 июл.
Темурзода,Ҷ. Шишаи бишкастаро…: Ё худ чанд лаҳзаи сўҳбат бо собиқ ҳунарманди театр ва кинои тоҷик, Артисткаи Халқии ҷумҳурӣ София Тўйбоева // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 4 октябр. – С. 10.
Аҳроров, А. Сабабҳои маҳорат: Андешаву мулоҳиза доир ба китоби санъатшинос Н.Нурҷонов “София Тўйбоева” // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 19 ноябр. – С. 3.
Ёдбуд бахшида ба 100 солагии София Туйбоева: Маҳфили Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон София Туйбоева дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 9 май.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ