Рӯ ба илм. Чор намуд ғабирои Тоҷикистон, 11 намуд дар олам. Оё инро медонистед?
Нашр шуд 2021-02-26 16:53
Ғабиро ҷинси гиёҳҳои яксола. Баргаш думчадор; гулаш майда, якҷинса. Самараш ғўзаи сердила, сеқирра, бо пулакчаҳои сафед пўшида шудааст. Зиёда аз 11 намуд ғабиро маълум аст.
Дар Африқои Шимолӣ, минтақаи баҳри Миёназамин, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндухитой вомехўрад. Дар Тоҷикистон 4 намуди ғабиро месабзад.
Ғабирои яҳудӣ гиёҳи яксола буда, 7–60 см қад мекашад. Пояаш рости сершоха. Баргаш думчадор, хокистарранг, дандонадор, байзашакл (дарозии паҳнакаш 1,5 -7 см, бараш 1,6–6 см), хўшагулаш пашмакдор; гулаш майда (дарозии гулбаргаш 4,5 мм), ғўзааш кулўлаи сепалла (кутраш то 10 мм); тухмаш майда (4,5 - 5 мм). Моҳҳои май – август гулу мева мекунад. Асосан дар минтақаҳои алафзор, ҷангалзори гармсер, нишебиҳои санглоҳ, мавзеъҳои баландкўҳ (Тоҷикистони Ҷанубӣ, кўҳи Мевағул, воҳаи дарёи Сир, қаторкуҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз; дар баландии 350–1400 м аз сатҳи баҳр) инчунин замини партов, канори роҳҳо мерўяд.
Кўкмараз гиёҳи яксола буда, баргу пояаш бо мўякчаҳои зардранг пўшида шудааст. То 70 см қад мекашад. Баргаш борики дароз, нештаршакл (дарозии думчааш 3–10 см; дарозии паҳнакаш 2,5–7 см; бараш 1–3,5 см). Гулаш майда, 5–барга. Ғузааш сепалла (кутраш 8 мм). Моҳҳои июн – октябр гулу мева мекунад. Дар минтақаҳои биёбони шибоғ ва шўразор, ҷангалзори гармсер, нишебиҳои кўҳ (кўҳи Мевағул, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, қаторкуҳҳои Туркистон ва Ҳисору Дарвоз; дар баландии 400–1400м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Ғабиро гиёҳи заҳрнок аст. Омехтаи он бо юнучқа аспро заҳролуд мекунад. Ғайр аз ин, дар таркиби ғабиро моддаи рангдиҳандаи турнезол мавҷуд аст. Ранги рурнезол вобаста ба муҳит таъғйир меёбад. Масалан, он дар муҳити турш ранги сурх, дар муҳити ишқорӣ ранги кабуд ҳосил мекунад. Баргу меваи ғабироро мардуми таҳҷоӣ замонҳои қадим барои ранг (гулобӣ, зард ва кабуд) кардани матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ ба кор мебурданд. Ранге, ки аз меваи ғабиро ҳосил мекунанд, дар саноати хўрокворӣ ва атриёт низ истифода мегардад. Бо он ба маҳсулоти қаннодӣ, май ва панир ранги хос медиҳанд. Солҳои қабли бо ранги ғабиро қоғазро ранг мекарданд, ба ҷойпўш “синка” мезаданд.
Муаллиф: М. Ҳоҷиматов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 3.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ