Ҳам шоир буд ва ҳам рӯзноманигор, ҳам нависанда ва ҳам фарҳангнавис, ҳам пажӯҳишгар ва ҳам мутарҷим. Ҳунари ровигӣ дошт, ғазалиёти классиконро хеле хубу ҷолиб мехонд. Садои ҷаззоб дошт, шеърро ба маъно мехонд, аз қироаташ кас ба маънии шеър мерасид.
Аҳмади Шомлу аст ва бо тахаллуси Бомдод шеър гуфтаву нависанжагӣ карда. Соли 1925 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Дар давраи ҷавониаш шеърҳои худро бо тахалуси Алиф бомдод ва Алиф субҳ мунташир мекард. Дар ҳаракатҳои демократӣ ва миллии озодихоҳии солҳои 40-уму аввали 50-уми Эрон фаъолона иштирок дошт. Оромгоҳаш дар Имомзода Тоҳири Караҷ воқеъ шуда аст.
Чанд маҷмўаи ашъораш ба табъ расидааст: “Оҳангҳои фаромўшшуда” (соли 1947), “Ҳавои тоза” (соли 1953), “Боғи оина” (соли 1960), “Аида дар оина” (соли 1964), “Аида дарахт ва ханҷар ва хотира” (соли 1965), “Қақнус дар борон” (соли 1966), “Марсияи хок” (соли 1969).
Ашъораш асосан дар журнали “Сухан” чоп мешуд. Бомдод аз намояндагони барҷастаи “Шеъри нав”-и форсӣ буда, ашъораш бештар дар қолабҳои озод иншо шудаанд. Бомдод дар навовариҳояш ба анъанаҳои назми классикии форс-тоҷик ва фолклори Эрон “Пар”, “Духтарои нанадарё” ва ғайра такя мекунад. Ашъораш характери иҷтимоию сиёсӣ дошта, озодии сухан, баробарии аҳли ҷамъият, танқиди истибдоду риёкорӣ, орзуи саодати халқ ва ободии кишвараш аз мавзўъҳои асосии шеърҳои ў мебошанд.
Ў шеърро инъикоскунандаи ҳаёти ҷамъият ва шоирро ифодакунандаи орзуву омоли халқ дониста, аз ин ваҷҳ эҷодиёт ва шахсияти В. Маяковскийро намунаи ибрат мешуморад.
24-юли соли 2000 дар Караҷ вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С. 486.
Муаллиф: А. Абдуманнонов
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Аҳмади Шомлу ин матолиб дастрас аст:
Шарифзода Муд Мигро. Ҷанбаҳое аз навпардозиҳо дар ашъори Доро Наҷот ва Аҳмади Шомлу. – Душанбе. – 2013. – 124 с.
Сӯгсуруд дар марги Фурӯғи Фаррухзод // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 15 июл.
Марги Носирӣ: Шеър дар бораи Исои Масеҳ / Таҳияи А. Ҳамроҳ // Паёми Душанбе. – 1993. – 27 феврал
Шарифзода, М. Бо дафтаре аз шеъри нав: Ҳошияи баҳс дар атрофи шеърҳои кутоҳе аз Шомлу ва Доро Наҷот // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 10 март
Ёднома аз шоири ишқу озодӣ: Бахшида ба солгарди шоири номдори Эрон Амади Шомлу // Имруз news. – 2016. – 29 июл.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ