Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон, марҳум Гулназар Келдӣ
Нашр шуд 2021-01-07 16:17
Марги шоир фоҷиаест бузург, зеро марги шоир марги як ҷисму ҷони одӣ ва заминӣ нест; марги шоир марги истеъдод ва табъи худодод аст; марги шоир марги ишқ аст, марги муҳаббату самимият, марги зебоиҳо, орзуҳои ширин, марги ормонҳои бузурги инсонист. Устод Гулназар як сутуни мустаҳками адабиёти муосири мо, як дили пур, як ҳамроҳи баэътимоди ҷодаи суханварӣ дар канори мо буд, ки баъд аз ин, дареғо, ҷояш холӣ мемонад ва касе наметавонад онро пур кунад.
Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ омода ва чоп шуд. Мураттибон Наргис Валиева, Бибикубрия Қурбонова буда, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Ҳусния Назарова, Ф. Восиева ва муҳаррир Гадобек Маҳмудов мебошанд.
Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 144 саҳифа аз чоп баромад. Он аз 2 қисм ва кўмакфеҳристҳо иборат аст.
Дар қисми аввал афкору андешаҳои олимон, сиёсатшиносон ва эҷодкорон дар бораи фаъолияти эҷодии Гулназар Келдӣ ҳамчун донандаи хуби таъриху фарҳанг, адабиёт ва ҳуввият ва арзишҳои миллӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.
Қисми дуюм номгўйи асарҳои илмӣ, осори адабию бадеӣ, маводи таълимӣ, тарҷума, таҳрир, тақриз ва адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ўро дар бар мегирад. Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл, тибқи стандарти пазируфташуда оварда тасвир шудаанд. Мундариҷаи асарҳои бурузгҳаҷми инъикосёфта ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.
Мавод дар қисм ва зерқисмҳои дастури шарҳиҳолӣ тибқи вақту замони чопи асарҳо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ бо тартиби алифбоӣ ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Дастури мазкур дар асоси захираи мавҷудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1960-2020 нашршударо дар бар мегирад.
Барои осон намудани пажўҳиш дар поёни дастур кўмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод гардиданд.
Дастур ба донишҷуёну омўзгорон, олимону эҷодкорон ва умуман ба гурўҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо кардан ба осори Гулназар Келдӣ кўмак хоҳад расонид.
Таҳияи Қурбонова Б., Назарова Ҳ.
кормандони шуъбаи бибилиографияи миллӣ.