Темур Зулфиқоров: “Модарон намемиранд, онҳо моро дар Биҳишт интизор мешаванд...”
Нашр шуд 2019-08-27 13:17
Модари Темур Зулфиқоров (с.т.1936) – шоир, нависанда, драматурги барҷастаи тоҷик, яке аз муваффақтарин нависандагони русзабони кишвар, ки теъдоди асарҳои интишорёфтааш бо забонҳои олам ба беш аз як миллион нусха расидааст. Ва яке аз пурхонандатарин адибони муосир аст. Эроншинос, тоҷикшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор. Яке аз аввали муаллимони забони русӣ дар Тоҷикистон. Шавҳараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров, ходими ҳизбӣ буд, ки соли 1937 аз ҷониби НКВД ба қатл расид. Ғайр аз Темур боз духтаре бо номи Зайнаб дорад. Аммо дар бораи Зайнаб ба ҷуз ин ки дар Санк-Петербург зиндагонӣ мекунад, маълумоти дигаре дар даст нест.
Успенская Людмила Владимировна 29 августи соли 1909 дар шаҳри Ленинград таваллуд ёфтааст. Вай забоншиноси маъруфи тоҷик, прфессор (1982), муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон. Соли 1932 шуъбаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии таъриху забони шаҳри Ленинградро хатм кардааст.
Солҳои 1933-1934 муаллими забони тоҷикӣ дар курсҳои олии стенографии ВЦИК ИҶШС шаҳри Москва, 1935 -1937 тарҷумони адабии рўзномаи «Тоҷикистони сурх»,1938-1942 коркуни калони «Палатаи китоб»-и назди Комиссариати маорифи Тоҷикистон, 1942-1945 муаллими забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко ва котиби илмии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон буд.
Соли 1937 шавҳараш Муҳаммадқосимро парронданд ва зиндагии мушкил барои ин хонадон оғоз шуд. Баъдҳо Темур дар суҳбате ёдовар мешавад, ки дар он солҳои даҳшат, вақте падари ӯро парронданд, ба модараш аллома Бобоҷон Ғафуров кумак кард. “Ӯ падари маро хуб медонист. Модарамро даъват кард ва гуфт: “Людмила, ин телефонро бигир, ба идораи рӯзнома аз номи ман занг бизан. Ман аллакай бо муҳаррираш гуфтугӯ кардаам. Он чун ҷо тарҷумон кор хоҳӣ кард”. Баъдан Бобоҷон Ғафуров ба мо хона ҳам гирифта дод. Ӯ хеле марди бузурге буд, сари таъзим пешаш фуруд меорам”.
Соли 1956 Муҳаммадқосим Зулфиқоров сафед шуд ва расман ба Людмила Успенская номаи бегуноҳии шавҳарашро расонданд.
Солҳои 1960-1961ҳамчун дотсенти кафедраи забони русӣ, 1961-1973 мудири кафедраи методикаи таълими забони русӣ, 1973-1982 мудири кафедраи забони русии Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1982-1991 профессори кафедраи донишкадаи номбурда буд. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ ва якчанд китобҳои дарсӣ аз забони русӣ мебошад.
Ў яке аз мураттибони луғати тоҷикӣ – русӣ (М.,1954) мебошад. Оид ба масъалаҳои мухталифи забоншиносии тоҷикӣ ва русӣ корхои илмӣ бурдааст. Таҳти роҳбарияш аспирантҳо ва унвонҷўёни зиёде рисолаҳои илмиашонро ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳояш бо ордени «Инқилоби Октябр», унвонҳои фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1950), «Ходими Хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1956) ва якчанд медалу ифтихорномаҳо сарфароз карда шудааст.
Успенская Людмила Владимировна 10 октябри соли 2000 дар шаҳри Санкт – Петербург, дар м анзили духтараш Зайнаб вафот кардааст.
Темур Зулфиқоров: “Ҳикмати қадимаест: “Модарон намемиранд, онҳо моро дар Биҳишт интизор мешаванд”. Ва он ҷо мулоқот сурат хоҳад гирифт. Ман ба ин бовар дорам... Худованд бахшанда ва меҳрубон аст...
Дар Китобхонаи миллӣ аз Людмила Успенская ва дар бораи ӯ ин абётро ҳам метавон мутолиа кард:
Каратагский говор в таджикском языке. – Душанбе, 1956.
Методическое пособие по русскому языку для 4 – х классов, по использованию учебника по русскому языку в таджикской школе. – Душанбе,1956.
Говоры таджиков Гиссарского района. – Душанбе, 1962.
Русский учебник для 7 – класса школ с таджикском языком обучения. – Душанбе: Маориф, 1989.
Русский язык:Учебник для 5 – класса / Л. В. Успенская, В. С. Абдуллоева. – Душанбе: Маориф, 1986. – 199 с.
Успенская, Л. Забон ахтарест дар осмони миллат: Мусоҳибаи мухбир бо профессор Л. Успенская дар хусуси бо забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 28 феврал.
Мўсозода, Қ. Духтари руси Тоҷикистон, ки аз ёдҳо фаромуш шудааст: Оид ба фаъолияти Л. Успенская, профессори Донишгохи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва модари нависанда Темур Зулфиқоров // Тоҷикистон. – 2012. – 18 март.
Талъат, Н. «Такая русская таджичка, как Людмила Успенская вряд ли ешё будет»: Тимур Зульфикаров рассказывает о своей матери // Asia-PIUS. – 2019. – 18 марта.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ