Дюбуа (Dubeux) Луи 2 ноябри соли 1798 дар Лиссабон ба дунё омадааст. Эроншиноси фаронсавӣ, Падараш то соли 1808 дар консулгарии Фаронса дар Португалия кор мекард ва ҳамин сол ба Порис баргашт. Фаъолияти ҳирфаии Дюбуа аз китобфурўшӣ дар корхонаи ношири машҳури Порис де Буре оғоз ёфтааст. Баъдан соли 1816 корманди (ёвари нигоҳдори нусхаҳои хаттӣ) Китобхонаи миллӣ (салтанатӣ)-и Порис шуд. Дар ин вазифа ў фурсат пайдо кард, ки забонҳои форсӣ, арабӣ, ибрӣ ва ғайраро биомўзад. Дюбуа аз 21 забони ғарбиву шарқӣ огоҳӣ дошт. Дюбуа дар Мадрасаи забонҳои зиндаи шарқии Порис мудири кафедраи забони туркӣ (1847) ва аз соли 1857 устоди забонҳои арабӣ, калдонӣ ва сурёнии Коллеҷи де Франс буд.
Фаъолияти илмиву тарҷумонии Дюбуа аз тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ оғоз ёфтааст. Аз ин китоб ў 67 фаслро тарҷума карда, соли 1836 дар Порис мунташир намуд. Муҳаққиқ, забоншиноси маъруфи фаронсавӣ Силвестр де Саси тарҷумаи Дюбуаро «муътамаду фасеҳ» гуфтааст, аммо муҳаққиқи дигари фаронсавӣ Атин Марк Картимер ба арҷумаи Дюбуа эрод гирифт ва Дюбуа давоми тарҷумаҳояшро ба табъ нарасонд.
Пас аз вафоташ аз бойгонии ў дастнависи тарҷумаи як ҷилди «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ дарёфт гардид. Дюбуа дар асоси осори ховаршиносону сайёҳони Фаронсаву кишварҳои дигари Аврупо китобе бо номи «Эрон» таҳия кард, ки дар маҷмўае бо номи «I’ Univers pittoresque» «Ҷаҳони бадеъ» дар Порис (1841) ба табъ расид. Аз ин китоби Дюбуа (махсусан, расмҳо (гравюраҳо)-и он, тасвири манзараҳои Эрони Бостон) муҳаққиқон-эроншиносон Саъдӣ, Нафисӣ (дар асари «Таърихи иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон дар давраи муосир», Теҳрон, 1376 шамсӣ) ва Ардур де Гобино (дар асарҳояш оид ба Эрон) истифода кардаанд.
Дар маҷмўаи «Ҷаҳони бадеъ» асари дигари Дюбуа «Тотористон, Балучистон ва Непал» (ҳамроҳи ховаршиноси фаронсавӣ Валлеонт) ба табъ расид (Порис, 1848).
Дюбуа инчунин муаллифи китоби «Мабонии дастури забони туркӣ» (Порис, 1856) мебошад.
Дюбуа 4 октябри соли 1863 дар Порис вафот кардааст.
Бозчоп аз «Энсклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 323.
Муаллиф: М. Диловаров
Таҳияи Набиева Аниса
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.