Забти ситора, забти як ситора бо ситораи дигар, ки бо таъсири ситораи севвум ба амал меояд. Тақрибан беш аз 50 дарсади ситораҳоро дар осмони ситоразор ситораҳои дугоник ташкил медиҳанд. Онҳо низоми ягонаи динамикӣ дошта, зери таъсири қувваи ҷозибаи ҳамдигар дар атрофи маркази умумии масса чарх мезананд.
Чунин низомро танҳо ҳолати таъсири ҷозибаи байниҳамдигарӣ ва таҳаввули физики ҳамсафари он вайрон карда метавонад. Аз ин рў забти ситора, асосан, дар оғози ташаккули туманоти ситоравӣ ба вуҷуд меояд. Баъди таҳаввули ситораи бузург дар туманоти ситоравӣ, суръати бетартибона (хаотикӣ)- и ҳаракати ситораҳои дар атрофи он ташаккулёфта гуногун мешавад. Ситораҳои навпайдошуда ба доми ҷозибавии ситораҳои азимҷусса меафтанд.
Дар ин давраи ташаккул ситораҳое, ки суръати бузургтар доранд, ҷозибаи ситораи азимҷуссаро бартараф карда метавонанд. Ситораҳои суръаташон паст ҷозибаро бартараф карда натавониста, ҳамчун радиф мемонанд ва дар натиҷаи бо ҳам наздик шудан таъсири мутақобилаи онҳо зиёд мешавад.
Аз ҳисоби массаи бузург доштан ситораи азимҷусса метавонад радифи худро тадриҷан фурў барад. Барои ба амал омадани чунин ҳодиса миллионҳо сол зарур аст.
Ғайр аз ин забти ситора аз ҳисоби ҷозибаи пурқуввати вартаи сиёҳ низ ба амал омада метавонад. Ҳангоми ҳаракат кардан ситорае, ки ба майдони ҷозибаи вартаи сиёҳ ворид шудааст, дар нуқтаи периастр мадорашро кулан тағйир медиҳад. Дар натиҷа ситора тадриҷан баъди ҳар як даври гардиш ба вартаи сиёҳ наздик шуда, комилан фурў бурда мешавад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 574-475.
Муаллиф: А. Сафаров
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.