Даҳ сол шуди миёни мо нест. Дар айни камолоти эҷодӣ тарки олам кард. Вале даҳҳо таронаи марғубаш барояш умри ҷовидон овард. Ҳоло ҳам, ки аз радио таронаҳояшро мешунавем, гумон мекунем ӯ зинда аст, миёни мост ва ҳамоно бо сабку услуби хосаш таронаҳои нав месарояд. Сурудаҳояш ба ҳадде мақбуланд, ки давру замон надоранд. Васфи як дараи афсонавӣ – Яғноб ҳазорон нафарро ошиқу дилбастаи Яғноб кардааст. Васфи Яғнобдара аз таронаҳои ӯ шуниданисту боваркарданист. Ӯро ном Абдуллоҳ Султон аст.
СУЛТОНОВ Абдуллоҳ Қўзихонович (Абдуллоҳи Султон) 15 апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008). Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода соли 1977 дар Хонаи Радио ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мусиқӣ фаъолияташро оғоз намуд.
Баъдан ҳамчун овозхон аввал дар ансамбли «Шашмақом» ва солҳои охир ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳунар озмуд. Ў тавонист дар баҳри беканори санъати мусиқӣ ҳамчун ғаввоси моҳир ғўтта зада, аз қаъраш дурру гуҳари фаровон ба каф орад.
Сурудҳои панду ахлоқӣ, ишқу садоқат, васфи Ватан, Модар ва ғайраро бо сабки хос замзама мекард. Вале беш аз ҳама сурудани таронаҳои яғнобӣ ўро маҳбуби дилҳо гардонд. Номрафта гарчи қаблан ба Яғнобу мардумаш ҳеҷ иртибот надошт, дар дилаш ба эҷодиёти даҳонии ин минтақаи суғдзоди ҷумҳурӣ меҳру муҳаббат ҷўш зад ва навоҳои яғнобиро вирди забонҳо гардонд. Дар фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон таронаҳояш аз қабили «Тоҷикистон», «Яғнобба мурам», «Рўди Сир», «Зулфи мушкин», «Муҳаббат», «Духтари суғдӣ», «Наврўзӣ», «Корвон», «Гули райҳон», «Бо чашми накў», «Васфи чўпон», «Яғноб гули райҳонай», «Дилороме», «Сайри бўстон», «Падар», «Зуд бирафтӣ», «Пайғом», «Рў аз ту нагардонам», «Яғноба обаш ширин», «Боғи Фирдавс», «Чобуксаворо», «Эй шамсу қамар», «Панд», «Бунафша», «Зиндонии хаёл», «Лолаи ман», «Суғди мейним осаним», «Дўстӣ», «Афсўс», «Нигоҳ» ва ғайраҳо маҳфузанд.
10 октябри соли 2010 аз даргузашт.
Дар бораи Абдуллоҳи Султон дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед суроғ бикунед:
Қадамҳо дар роҳи ҷовидона: Мусоҳибаи Н. Раҷаб бо овозхони шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Султон // Овози тоҷик. – 1992. – 20 июн.
Раҷаб, М. Яғноба шамол во-ва...: Дар бораи овозхони ансамбли “Дарё”, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Султон // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 6 сентябр.
Ҳақназар, Ш. Ҳамрози дарё: Ҳофизи шинохта Абдуллоҳи Султон // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 14 июл.
Абдулло Султон ба саҳна бармегардад: Сўҳбати А. Кароматулло бо Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Султон // Тоҷикистон. – 2009. – 9 июл.
Шарифзода, Қ. Раҳнаварде дар шоҳроҳи ҳунар: Дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдуллои Султон // Озодагон. – 2010. – 15 сентябр.
Атовулло, Г. Абдулло Султон - фарзанди азизи Яғноб: Хотираҳо аз эҷодиёту фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон // Ману ту. – 2010. – 29 сентябр.
Абдуллоҳи Султон духтарашро фиреб мекард?: Мусоҳибаи мухбир Убайдуллои Ширин бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдуллоҳи Султон // Овоза. – 2012. – 26 сентябр.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ