Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо...
ФАРЗОНА – дар авҷи бедориҳои милли тоҷикон дар солҳои 1980, дар айни хурӯши ҳақталабии тоҷикон аз хоҷаҳои Маскав, дар тӯфони наҳзати талош баҳри расмият додани забони модарии мо, ки ҳама тоҷикони Варорӯд саҳиму якпорча буданд, чун суруше аз Хуҷанд пайки наҷиби ниёгон дод.
ФАРЗОНА – то имрӯз нақди адабӣ ҷойгоҳи воқеъийи сухани ӯро арзёбии комил накардааст. “Паёми никон”-и ФАРЗОНА аз беҳтарин асари адабии садаи бисти Варорӯд аст.
Обид Шакурзода.
Дар муаррифинома Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар бораи шоираи маҳбуб мехонем:
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 - ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Муддате дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (соли 1983), «Барги сабз» (соли 1987) ва ғайра ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» (соли 1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли неке буданашро зиндагӣ собит намуд.
Китоби дувуми сарводааш «Шабохуни барқ» (соли 1989) аст, ки ба арсаи фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ вуруд омадани суханвари соҳибзавқу соҳибқариҳа ва ҳунарманду тавонои дигареро башорат дод. Соли 1991 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш «Двадцать лепестков»-ро ба чоп расонда, шинохту шуҳраташро дар қаламрави шӯравӣ вусъат бахшид.
Баъдан китоби дигараш «Ояти ишқ» (соли 1994) манзуру мақбули ҳамагон гардид. Соле пас китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи Фарзона дар Теҳрон ба чоп расид. Ҳамчунин, соли 1996, гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ «Паёми ниёкон» аз ҷониби Интишороти «Сурӯш» (дар Ҷумҳурии Исломии Эрон) интишор ёфт.
Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори Фарзона «То бекаронаҳо», соли 2000 маҷмӯаи дигараш «Меъроҷи шабнам» ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шудаанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар ИМА, Инглистон, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира «Булбуле дар қафаси синаи ман» соли 2010 дар Финлонд ба забонҳои русию инглисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардидааст.
Ашъори Фарзона, ки баёнгари розу ниёзи оддӣ ва армони олии инсони фардостанд, зуд ба гӯши дили мустамиъон расида, садояш ҳамеша дунболи касе меравад, ки аз бекарона меояд ва буданаш ба дунё муҳтавои тоза мебахшад, яъне, ба ҷустуҷӯи Инсони Комил, ки маҷмӯаҳои «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Инглистон, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014) ва ғайра гувоҳи даъвостанд.
Силсилаи навиштаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда ва маҷмӯаи хотироту мақолаҳои ӯ «Дарёи сӯзон» (2014) дарак аз вусъати назар ва жарфандешиҳои саррофи сухан медиҳанд.
Шоира, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёкону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.
Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди адабиёти муосири тоҷик сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон (соли 2001) гардонида шудааст.
Ҳамзамон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008), Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи ордени «Шараф» мебошад.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз шоираи маҳбуб ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
- Гулҳои Наврўз. – Душанбе: Адиб, 1987. – 192 с.
- Шабехуни барқ. – Душанбе: Адиб, 1989. – 128 с.
- Ояти ишқ. – Душанбе: Адиб, 1994. – 176 с.
- То бекаронаҳо. – Хуҷанд, 1998. – 200 с.
- Меъроҷи шабнам. – Душанбе: Адиб, 2000. – 208 с.
- Мўҳри гули мино. – Хуҷанд: Ношир, 2006. – 400 с.
- Сад барги ғазал. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2008. – 116 с.
- Саду як ғазал. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 104 с.
- Парниёни ҷон. – Душанбе: Маориф ва маданият, 2011. – 212 с.
- Девон. – Хуҷанд: Хуросон, 2014. – 540 с.
- Дарёи сўзон. – Душанбе: Адиб, 2014. – 240 с.
- Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон - Медиа, 2014. – 504 с.
- Бухоро: Шеър // Садои мардум. – 1999. – 8 май.
- Саломе ба беинтиҳоӣ: Шеър // Садои мардум. – 2000. – 27 май.
- Ғазал // Рахшо. – 2001. – 8 март.
- Ҷоми Лоиқ: Рубоиёт // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2002. – 15 феврал.
- Пайки наве, аз бостон, Бухоро: Шеър // Ҷумҳурият. – 2008. – 6 сентябр.
- Биё, баҳор кунем: Шеър // Ҷумҳурият. – 2009. – 21 март.
- Чорзарби дил: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 3 сентябр.
- Чаҳ-чаҳи гули сурх: Рубоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 2 декабр.
- Меҳри бепардохт; Дар ишқ сафар дорам: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 2011. – 8 март.
- Оинномаи субҳ: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 20 март.
- Ватан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 5 сентябр.
- Номаи хуршедмуҳри сарнавиштам: Шеър // Тоҷикистон. – 2014. – 18 сентябр.
- Имони як гули сурх; Бо қалами субҳ; Саодати эҳё; Тариқати пойдор; Хитобае ба Афғонистон; Нуқтаи умед; Маҷрўҳ: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 2014. – №5 – С. 3-8.
- Аз ғайб сипар дорам, зеро ки туро дорам: Шеър бахшида ба модар // Садои мардум. – 2015. – 7 март.
- Ҷоно баҳор шуд!: Шеър // Омўзгор. – 2015. – 13 март.
- Баҳорона: Шеър // Боҷу хироҷ. – 2015. – 19 март.
- Фасли эъҷоз: Шеърҳо // Нигоҳ. – 2015. – 8 апрел.
- Наврўзӣ: Шеър // Садои Шарқ. – 2016. – №3. – С. 26.
- Баҳор мазҳараи эъҷозҳои раббонист: Шеър // Маорифи Тоҷикистон. – 2016. – №2. – С. 36.
- Ёде зи гулбоғи Душанбе: Шеър // Садои Шарқ. – 2017. – №2. – С. 111.
- Субҳи даричадандон: Шеър // Садои Шарқ. – 2017. – №3. – С. 45.
- Эй тозатарин баҳор фармо: Шеър // Паёми Суғд. – 2017. – №3. – С. 3.
- Гулҳо ибтидои ҳама улфати дунёянд: Гулшани адаб // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 20 апрел.
- Субҳи ваҳдат: Тарона // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 6 июл.
- Гаҳвораи фарох: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 7 сентябр.
Дар бораи шоираи маҳбуб:
- Мирсаидов, Б. Таронасози ишқу зебоӣ: Роҷеъ ба фаъолияти ашъори Фарзона // Ҷумҳурият. – 2014. – 8 ноябр.
- Муҳаммадзод, Х. Ҷониби арши кибриё Сулҳи байни Фарзонаю Худо // Тоҷикистон. – 2014. – 27 ноябр.
- Файзуллоев, Н. Ғазал гуфтию дур суфтӣ…: Аз эҷодиёти шоири маъруф ва маҳбуби давр Фарзона // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 22 январ.
- Олимова, Ш. Тасвири табиат дар шеъри Фарзона: Оиди шоираи намоёни адабиётти муосири тоҷик Фарзона // Паёми Суғд. – 2016. – №11. – С. 82-88.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ