Адабиётшиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов

18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи  Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, солҳои 1961-1963, дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Сариосиё омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва мудири бахши таълим будааст.

Соли 1963 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохта, дар вазифаҳои лаборант (1963-1965), ходими илмӣ (1965-1968), коромўзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои СССР (1966-1968), котиби илмӣ (1968-1970), муовини директор (1970-1987) ва мудири шуъбаи адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ фаъолият бурдааст.

Муддате роҳбари Маркази матбуоти Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ будааст. Мунаққиду адабиётшиноси варзидае буда, 16 рисолаи илмии оммавӣ, 6 монография, беш аз 300 мақолаю тақриз зодаи заҳмати ўстанд. Офаридаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрияҳои гуногуни Тоҷикистону Русия, Украинаву Белоруссия, Литваву Молдова, Полша, Фаронса, Туркманистону Тотористон, Қазоқистону Қирғизистон, Ўзбекистону Афғонистон ва ғайра ба табъ расидаанд, ки “Мирсаид Миршакар ва Ленинномаи ў” (1972), “Устоди шўҳратманди ҳаҷв” (1976), “Реализми танқидӣ” (1976), “Инқилоби Октябр ва адабиёти тоҷик” (1984), “Абулқосим Лоҳутӣ ва пайвандҳои адабӣ” (1987), “В стремительном вихре жизни” (Маскав, 1986), “Таронасарои Ватан” (1987), “Пайвандҳои адабии халқи тоҷик” (2003, дар ҳамқаламии А. Давронов) ва ғайра аз он ҷумла онҳостанд.

Бо ифтихорномаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1970), нишони “Ғолиби мусобиқаи социалистӣ” (1975), Ифтихорномаи Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ (1982), нишони Ҷамъияти умумииттифоқии “Дониш” “Барои кори фаъолона” (ду маротиба). Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994) ва Ифтихорномаи Бозрасии давлатии алоқаи ҷумҳурӣ (2004) сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

10 декабри соли 2007 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Адиб, 2014. – С. 300-301.

Аз Ҳамроқул Шодиқулов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед суроғ кунед:                                                                   

Шодиқулов, Ҳ. Устоди наср: Мақола ба муносибати 70- солагии Ҷ. Икроми // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1979. – барориши 2 – С. 30-31.

Шодиқулов, Ҳ. Фарзанди маҳбуби халқ: Раҳим Ҷалил // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1979. – барориши 1 – С. 29-32.

Шодиқулов, Ҳ. Сарбози бовафои партияи халқ: Ба муносибати 60- солагии зодрўзи президенти АФ РСС Тоҷикистон М. С. Осимӣ // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1980. – барориши 3. – С. 31-35.

Шодиқулов, Ҳ. Соҳибэъҷоз: Дар бораи адабиётшинос, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ Абдуқодир Маниёзов // Уфуқҳои илм.– Душанбе, 1981. – барориши 1.– С.34-37.

Шодиқулов, Ҳ. Самараҳои судбахши як ҳамкорӣ: Ҳамкории эҷодии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ва Ҷамъияти  республикавии “Дониш” // Уфуқҳои илм . – Душанбе, 1981 (1982). – барориш 4. – С.40-43.

Шодиқулов, Ҳ. Инқилоби Октябр ва адабиёти  тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1984. – 29 с.

 Шодиқулов, Ҳ. Офтоби назми социалистӣ: Сарсухан ба асари  мунтахаби  В. Маяковский // Асарҳои мунтахаб. – Душанбе, 1985. – Ҷ.1. – С.3-21.

Шодиқул, Ҳ. Тадқиқоти пурарзиш: Адабиётшиноси ҷавон Нурмуҳаммади Одина// Адабиёт ва санъат.– 2005.– 7апрел.

Шодиқул, Ҳ. Охирин мулоқотам бо шарикдарси Ҳабиб Юсуфӣ: Шоир Ҳ. Юсуфӣ бо муаллиф // Адабиёт ва санъат.– 2006.– 12  октябр.

Тарҷумаҳо:

Кедрина, З. Дар остонаи марҳилаи нав : Публицистика / Тарҷумаи Ҳ. Шодиқулов // Ҳаёт, қаҳрамонон ва адабиёт. – Душанбе,1977. – С.44-61.

Демидчик, Л. Таърихномаи драмавии инқилоб: Публицистика / Тарҷумаи Ҳ. Шодиқулов // Ҳаёт, қаҳрамонон ва адабиёт. – Душанбе,1977. – С.286-322.

Иброҳимов, М. Хирад ва истеъдод: Хирад ва истеъдоди нависандаи тоҷик М. Турсунзода / Тарҷумаи Ҳ. Шодиқулов // Васлгари дилҳо.– 1981.– С.49-55.

Тихонов, Н. Мирзо Турсунзода: Офарандаи образи зан / Тарҷумаи Ҳ. Шодиқулов // Васлгари дилҳо. – Душанбе,1981. – С.13-19.

Дар бораи олим:

Мухтор, Ш. Олим шудан осон…: Бахшида ба 50- солагии рўзи таваллуди адабиётшинос ва мунаққид Ҳамроқул Шодиқулов//Адабиёт ва санъат. – 1988. – 19май.

Таҳияи Зафар Ғолибов
сармутахассиси шуъбаи
библиографияи миллӣ