Ҳунарҳои мардумӣ: РАҚС БО ҒИЖАК

Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурўҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маъмул мебошад. Рақс бо ғижак ва даф, ё таҳти навозиши гурўҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад.

Иҷрокунанда ғижакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, дар пайравии зарбу усули рақсии навозандагон оҳанг менавозад. Дар оғози рақс раққос рў ба рўи навозандагон истода ғижакро ба таври уфуқӣ боло мебардорад. Ў пайкарашро ба пеш хам карда, бо эҳсоси баланд месарояд ва менавозад. Сипас ба тарафи тамошобинон рў гардонда, ду-се қадам ба пеш монда, чарх меравад, ба зону мешинад ва боз ҳамон ҳаракати авваларо такрор мекунад. Раққос гоҳе ғижакро ба дасти чап дар пушти сараш гузошта, ду даста менавозад.

Дар интиҳои рақс ў сурудхониро ба анҷом расонида, суръати ғижакнавозӣ ва рақсашро тез мекунад, шумораи чархҳоро меафзояд. Ў ба тарафи рост рафта, дар якҷой истода чарх мезанад ва рост истода, чарх мезанад ва рост истода, ба ҳозирин таъзимкарда, аз саҳна берун мешавад.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 40. 

Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ