Ҳуте – дилбохтаи назми оламгири Шарқ
Ҳуте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ, табиатшинос ва яке аз чеҳраҳои матраҳи илм ва фарҳанги ҷаҳон аст. Шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, олимест, ки фалсафааш пайравони зиёде дар ақсои олам пайдо карда.
28-уми августи соли 1749 дар шаҳри Франкфурти лаби Майн дар оилаи мушовири империя таваллуд шудааст. Дар донишгоҳҳои Лейпсиг солҳои (солҳои 1765-1768) ва Страсбург (солҳои 1770-1771) таҳсил кардааст.
Аввалин маҷмўаи шеърҳояш соли 1769 нашр шуд. Шеърҳои ибтидои солҳои 70-ум, ки дар зери таъсири анъанаи сурудҳои халқии немисӣ эҷод шудаанд, рўҳияи озодихоҳӣ ва исёнгарӣ доранд. Дар драмаи таърихии «Гёц фон Берлихинген» (соли 1773) воқеаҳои ҷанги деҳқонон дар Германия (солҳои 1524-1526) инъикос ёфта, истибдоду худсарии князҳо ва харобиҳои мамлакат тасвир шудааст.
Ҳуте аз соли 1775 сокини Веймар шуда, то охири умр дар он ҷо монд. Охири солҳои 80-ум ҳамроҳи Ф. Шиллер консепсияи ба истилоҳ классисизми Веймар (шакли махсуси маорифпарварии аврупоӣ ва олмонӣ)-ро таҳия кард. Дар санъати атиқа диққати Ҳутеро материализми стихиявӣ, ҳаётдустӣ ва тасвири пурраи эҳсосоти инсон ба худ ҷалб менамуд.
«Девони Ғарбӣ-шарқӣ»-и Ҳуте, ки аз аввалин ва барҷастатарин намунаҳои синтези назми Ғарбу Шарқ ба ҳисоб меравад, дар тарғиби назми форс-тоҷик, махсусан Ҳофиз, дар Аврупо нақши калон бозид. Ҳуте дар асарҳои публисистии солҳои охири умраш бар хилофи тамоюлоти миллатчигие, ки дар Олмон ривоҷ дошт, ғояи «адабиёти ҷаҳонӣ»-ро пешбарӣ карда, дар хусуси ягонагии раванди адабиёти ҷаҳон фикрҳои ҷолиб баён намуд. Фоҷиаи манзуми «Фауст» (қисми 1-1808, қисми 2-1825-31) муҳимтарин асари Ҳуте ба ҳисоб рафта, инкишофи афкори маорифпарварии асри XVIII –и Аврупоро ҷамъбаст намуд ва проблематикаи асри XIX ро пеш гузошт.
Ҳуте инчуни оид ба тиб, анатомия, минералогия, физика, сотсиология, забоншиносӣ ва дигар соҳаҳои илм мероси бойе боқӣ гузоштааст. Эҷодиёти бисёрпаҳлўи Ҳуте ба инкишофи адабиёти немис ва ҷаҳон таъсири калон расондааст.
Намунаҳое аз осори Ҳуте ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Ҳуте Иоҳанн Волфганг 22-юми марти соли 1832 дар шаҳри Веймар аз олам гузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик»,
1980. – Ҷ. 2. – С. 83.
Муаллиф: А.Абдуманнонов.
Аз Ҳуте ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Ҳуте, И.В. Девони Ғарбӣ-Шарқӣ. – Душанбе: Адиб, 2011. – 384 с.
Ҳуте, И.В. Ҷорҷ Байрон // Садои Шарқ. – 1968. – №4. – С. 63.
Ҳуте, И.В. Ҳиҷрат; Бепоён; Фатво: Шеърҳо / Тарҷумаи Лоиқ // Садои Шарқ. – 1969. – №2. – С. 99-100.
Ҳуте, И.В. Олиҳаи ман: Чанд қитъае аз маъруфтарин ашъори Ҳуте дар тарҷумаи донишманди Эронӣ Шуҷоъиддини Шифо / Таҳияи Ш. Шокирзода // Ҳафт ганҷ. – 1992. – №25. – С. 5.
Ҳуте, И.В. Ба Ҳофиз: Шеър / Аз русӣ тарҷумаи С. Ҳалимшо. – Маориф ва маданият. – 1959. – 12 декабр.
Ҳуте, И.В. Бозёфт: Шеър / Аз немисӣ тарҷумаи Р. Шералӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 27 март.
Ҳуте, И.В. Номае аз Гўте ба Ҳердер / Тарҷумаи Раҳматуллоҳӣ // Маориф ва маданият. – 1968. – 22 июл.
Ҳуте, И.В. Аз «Девони Ғарбию шарқӣ»; Аз бобби «Муғаннинома»; Чашмаҳо; Ба Ҳофиз; Чаҳор файз: Шеърҳо / Аз русӣ тарҷумаи Лоиқ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 1 октябр.
Ҳуте, И.В. Васлу ҳиҷрон: Шеър / Тарҷумаи Ҳ. Файзуллаев // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 28 август.
Ба забони русӣ
Ҳуте, И.В. Фауст: Трагедия. – Орджоникидзе: Ир, 1979. – 304 с.
Ҳуте, И.В. О любви: Лирика. – Москва: Современник, 1980. – 368 с.
Ҳуте, И.В. Театральное призвание Вильгельма Мейстера. – Ленинград: Наука, 1981. – 296 с.
Ҳуте, И.В. Страдания юного Вертера: Роман. – Москва: Детская литература, 1982. – 174 с.
Ҳуте, И.В. Фауст: Трагедия. – Москва: Московский рабочий, 1982. – 510 с.
Ҳуте, И.В. Лирика. – Ярославль, 1982. – 376 с.
Ҳуте, И.В. Майская песня; Свидание и разлука: Стихи. – Донецк: Донбасс, 1982. – 72 с.
Ҳуте, И.В. Избранные стихотворения; Герман и Даротел: Поэма. – Москва: Советская Россия, 1982. – 400 с.
Ҳуте, И.В. Рейнекс Лис. – Москва: Художественная литература, 1984. – 192 с.
Ҳуте, И.В. Западно-восточный диван. – Москва: Наука, 1988. – 896 с.
Дар бораи Ҳуте Иоҳанн
Шагинян, М. Шоири кабири инсонпарвари немис Ҳуте // Тоҷикистони сурх. – 1949. – 28 август.
Гавҳар, А. Шоири бузурги немис: Ба муносибати 210 солагии рўзи таваллуди Иоҳанн Вольфганг Ҳуте // Тоҷикистони советӣ. – 1959. – 28 август.
Брагинский, И.С. Таркиби Ғарбӣ-Шарқӣ дар лирикаи Ҳуте ва Пушкин // Шарқи сурх. – 1963. – №7. – С. 137-150.
Файзуллоев, Ҳ. Шўҳрати оламгир: Ба муносибати 220- солагии рўзи таваллуди Ҳуте // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 28 август.
Ҳиҷозӣ, М. Дар базми Ҳофиз ва Ҳуте // Маориф ва маданият. – 1970. – 13 август.
Ҳалимшо, С. Сухансарои бузурги немис: Ба муносибати 225-солагии Иоҳанн Вольфганг Ҳуте // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 28 август.
Атоуллоева, З. Ашки Маргарита ё хандаҳои Иблис: Операи Ш. Гуно аз рўи фоҷиаи Ҳуте «Фауст» дар иҷрои артистони қирғиз дар саҳнаи Опера ва балети ба номи С. Айнӣ // Маориф ва маданият. – 1976. – 27 март.
Деҳотӣ, Р. Рўҳи Ҳофиз дар «Девон»-и И.В. Ҳуте // Маориф ва маданият. – 1979. – 25 октябр.
Мухтор, Ш. Ҳуте ва Ҳофиз // Газетаи муаллимон. – 1982. – 23 март.
Отахонов, Т. Ҳуте ва Ҳофиз: Таъсири эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ ба шоири бузурги немис Ҳуте // Мактаби советӣ. – 1983. – №1. – С. 28-32.
Амонов, Р. Ҳуте ва як афсонаи халқии тоҷик // Садои Шарқ. – 1983. – №8. – С. 126-129.
Шафо, Ш. Ҳуте-дилбохтаи Шарқ // Адаб. – 1993. – №1-2. – С. 13.
Воҳид, С. Шарқ ва Ғарб суруди зебоӣ ва муҳаббат: Ё нақши ашъори Хоҷа Ҳофиз дар таҳаввулоти эҷодии адиби оламшумул Ҳуте; ба ифтихори 250- солагии И.В. Ҳуте (1749-1832) // Чархи гардун. – 1999. – 29 октябр.
Таҳияи Насиба Даниярова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ