Рӯзи матбуот. Аз таърихи нашрияи “Бедории Тоҷик”
11-уми март ба шарафи интишори аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” Рӯзи матбуот эълон шудааст. Имрӯз дар саросари кишвар он таҷлил мешавад. Созмонҳои журналистии мамлакат тадорукоте омода кардаанд, ки роҳандозӣ мешавад. Аз субҳ то кунун аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ борони муборакбодиҳо меборад ва мо низ ба табрикот шарикем.
“Бедории тоҷик”, рўзномаи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ) - и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шўрои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон буд.
Мувофиқи қарори Бюрои ташкилии Ҳизби комунистии болшевикии Ўзбекистон дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шумораи нахустини он моҳи марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд.
Тайёрӣ ба нашри шумораи аввали нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ бо забони тоҷикӣ дар Душанбе — «Бедории тоҷик» ҳанӯз ибтидои моҳи феврали соли 1925 сар шуда буд. Ба нашри ин рӯзнома як гурӯҳи ходимони ҳизбӣ, давлатӣ ва созмони ҷавонон мутасаддӣ шуданд. Дар байни онҳо Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов буданд.
Дар Душанбеи онрӯза пайдо кардани лавозимоти техникӣ кори чандон осоне набуд. Лозим шуд, ки ҳангоми тайёрӣ ҳарфҳои рӯзномаи «Овози Шарқ»-ро истифода кунанд. Ин ҳарфҳои кӯҳна ва судашударо ним сол муқаддам, бо ҳазор машаққат аз чопхонаи Бухоро ба воситаи корвони шутурҳо ба Душанбе оварда буданд. Дар тӯли бештар аз як ҳафта саҳифаҳоро бастанд. Аммо матбааи «Овози Шарқ» ба кор намеомад.
Дар машинаи чопии «Американка» нашри ин рӯзнома имконнопазир буд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба идораи сиёсии корпуси тирандоз муроҷиат намуда, ёрӣ хост.
Ҳамин тавр, 15 марти соли 1925 шумораи аввалини «Иди тоҷик» ба миқдори 1000 нусха интишор ёфт. Баъдтар ба чопи мунтазами рӯзномаи тоҷикӣ дар Душанбе шурӯъ карданд.
Аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» баромад, ки он аслан шумораи навбатии «Иди тоҷик» буд.
Шумораи дуюми он «Бедории тоҷик» ном гирифт, ки теъдоди нашраш 2500 нусха буд. Ин нашрия аз соли 1928 то 1 январи соли 1955 (№ 7663) бо номи «Тоҷикистони сурх», аз январи соли 1955 то поёни соли 1990 бо номи «Тоҷикистони советӣ» ва аз 1 январи соли 1991 бо номи «Тоҷикистони шўравӣ» чоп мешуд.
Аз 19 сентябри соли 1991 бо номи «Ҷумҳурият» мунташир мешавад.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе: 2013. – С. 467.
Муаллиф: Гулмуродзода, П.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи “Бедории тоҷик” боз ин матолибро метавон хонд
Даҳсолагии бошараф: Қизил Тоҷикистон // Тоҷикистони Сурх. – 1940. – №30. – 6 феврал.
ХV сол: Дар бораи юбилеи 15 солагии газетаи “Тоҷикистони Сурх” // Тоҷикистони Сурх. – 1940. – 15 март.
Солонаи пуршараф: Сармақола бахшида ба 20 солагии газетаи “Тоҷикистони Сурх” // Тоҷикистони Сурх. – 1945. – 18 март.
Суҳайлӣ, Ҷ. Ҷашни пуршаънат муборак: Шеър ба муносибати 30 солагии “Тоҷикистони Советӣ” // Тоҷикистони Советӣ. – 1955. – 5 май.
Ба газетаи “Тоҷикистони Советӣ, сурудани ордени Байрақи Сурхи меҳнат // Бадахшони Советӣ. – 1961. – 5 январ.
Ташаббускорӣ ва меҳнати аҳлона лозим: Рўзи мактубҳои кушодаи газетаи “Тоҷикистони советӣ” дар шаҳри Кўлоб // Тоҷикистони Советӣ. – 1982. – 6 август.
Гулмуродов, У. Газетаи “Тоҷикистони Советӣ” дар солҳои ҷанг // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 29 июл.
Қаноат, М. Оинаи рўзгори мо: Газетаи Тоҷикистони Советӣ // Тоҷикистони Советӣ. – 1985. – 23 март.
Сафарзода, Х. “Мо мегузарему ин ҷаҳон мемонад…”: Андешаҳо доир ба рўзномаи “Тоҷикистони Советӣ” // Тоҷикистони Советӣ. – 1990. – 7 октябр.
“Тоҷикистони Шўравӣ” рўзномаи шумо ва барои шумост: Муносибати мададгорони “Тоҷикистони Шўравӣ” ба хонандагони арҷманд // Тоҷикистони Шўравӣ. – 1991. – 10 август.
Шарифӣ, Т. Модари матбуоти тоҷик: Бахшида ба 80- солагии рўзномаи “Ҷумҳурият” // Ҷумҳурият. – 2004. – 27 март.
Сайфиддинов, М. Сабақҳои якумрӣ: Ба ифтихори 80-солагии “Ҷумҳурият” // Ҷумҳурият. – 2005. – 24 сентябр.
Абдураҳимов, К. Ҷумҳурият: Рўзноманигорӣ ватандорист: Сухане чанд ба ифтихори 85- солагии рўзнома // Ҷумҳурият. – 2010. – 11 март.
Ҳасанзод, С. Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо: Дар бораи рўзномаи “Ҷумҳурият” // Садои мардум. – 2017. – 4 апрел.
Усмонов, И. “Ҷумҳурият”- оинаи пешрафти ҷомеа // Ҷумҳурият. – 2018. – 12 март.
“Ҷумҳурият” 93 сола шуд: Оиди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Садои мардум. – 2018. – 20 март.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ