Зариф Ғулом ба синни 75 расид

 Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.

 Зариф Ғулом 30 ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) – вилояти Хатлон таваллуд шуда, хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст.

 Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.

 Соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба субот расонда, айни ҳол корманди масъули дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Аз давраи ҷавонӣ ба адабиёт рағбати гарме дошта, аввалин ҳикояаш «Валадуззино» дар ҳафтномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст.

 Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.

 Силсилаи қиссаву ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ»- у «Помир» ба табъ расидаанд.

 Чанд қиссаву ҳикояташ ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷима шудаанд.

 Бештар ба жанри детектив майл дошта, қаҳрамонони асарҳояш алайҳи тойифаи баттоли ҷомеа муборизаи беамон мебаранд.

 Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 79-80.

 Дар Китобхонаи миллӣ аз Зариф Ғулом боз ин матлаб қобили хондан аст:

 Оқипадар: Ҳикоя // Ҷумҳурият. – 1992. – 1декабр.

 Ишқи уштакул: Ҳикоя // Садои мардум. – 1992. – 5декабр.

 Зани душӯя: Ҳикоя // Ҷумҳурият. – 1992. – 26 декабр.

 Асрори зан: Ҳикоя // Паёми Душанбе. – 1993. – 1 май.

 Дидор: Ҳикоя // Паёми Душанбе. – 1998. – 7 октябр.

 Номард: Ҳикоя // Ҷумҳурият. – 2014. – 15 июл.

 Нома аз Олмон: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 24 ноябр.

 Мори сафед: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 12июл.

 Таркиш: Ҳикоя // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2019. – 14 март.   

         Дар бораи адиб

 Ёрмуҳаммад, Р. Ҷустуҷӯ: Роҷеъ ба фаъолияти нависандаи баркамол ва ҳуқуқшинос Зариф Ғулом // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 27 ноябр.

 Муродӣ, А. Нависанда ҳам омӯзгор аст: Оиди фаъолияти омӯзгор, адиби шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Зариф Ғулом // Омӯзгор. – 2014. – 5 декабр.

 Таҳияи Марзия Зардодхонова,

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.