Муҳиддин Хоҷазод дар остонаи 80-умин баҳори умр
Сарнавишти Муҳиддин Хоҷазод худ мавзуъи даҳҳо роман аст. Сахтиҳои рӯзгорро аз замони тифлӣ бар дӯш доштааст; дар кишвари ғариб дида ба олам во кардааст ва ҳамроҳ бо волидон заҳри ғарибиҳо чашидаву кулфати беватаниро эҳсос кардааст. Имрӯз аз зумраи хушнавистарин адибони кишвар аст. Асарҳояд бо чандин забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Хоҷазодро ин гуна муаррифӣ кардааст:
МУҲИДДИН ХОҶАЗОД 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд кӯч бастаанд.
Солҳои 1942-1948 аз Самарқанд ба Душанбе кӯчидаанд. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултаи филологияи рус, сипас филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, соли 1961 хатмаш кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст.
Баъди хатми он (соли 1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.
Баъди муттаҳид шудани Кумитаи кинематографияву Вазорати фарҳанг аввал сардори Раёсати санъат, баъдан сармуҳаррири он будааст.
Соли 1997 бо аҳли хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд чун ҷонишини сардор, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ чун сармуҳаррир кор кардааст. Ҳоло нафақахӯри сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.
Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд.
Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.
«Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд.
Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба табъ расидаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 2010).
Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ.
Бо Ифтихорномаҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф», унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон аст.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шумо метавонед аз Муҳиддин Хоҷазод ва дар бораи ӯ ин матолибро пайдо кунед:
Норак; Об рушнои; Роғун; Куҳ беварта нест; Сангтуда; Барқи дили сангтуда: Маҷмўаи шеърҳо. – Хуҷанд, 2008. – 112 с.
Барқи дили сангтуда. – Душанбе: Адиб, 2008. – 112 с.
Дурии парешон. – Душанбе: Адиб, 2016. – 160 с.
Бо роҳи падар: ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 11 сентябр.
Роҳат: ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1961. – № 7. – С. 10-11.
Санги сари роҳ: ҳикоя // Шарқи Сурх. – 1961. – № 9. – С. 19-23.
Назари Бедил ба илму маърифат // Маориф ва маданият. – 1962. – 7 август.
Гирдоби ёдгорӣ; Масъалаи ҷиддӣ: Ду ҳикоя // Садои Шарқ. – 1968. – №2. – С. 41-45.
Дилро ба дил роҳест: ҳикоя // Садои Шарқ. – 1970. – №11. – С. 4-42.
Афсонаҳои дини ва ҳақиқати ҳол // ҳаёти нав. – 1973. – 27 ноябр.
Натавонӣ рафтан; Бигзарад наврўзи умрам; Рубоёт; Зафар Суфӣ: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1989. – № 4. – С. 84-86.
Вақти он омад, ки сар дар кучаи савдо занем; Илтиҷо; Инкори худам: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1989. – № 4. – С. 86-87.
Дар бораи адиби маъруф:
Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Муҳиддин Хоҷаев // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 247-248.
Ба ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонидани нависандаи тоҷик Хоҷаев Муҳиддин // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 21 ноябр.
Юсуф, М. Ҷашни адиб: 50 солагии зодрўзи Муҳиддин Хоҷаев // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 8 декабр.
Муҳиддин Хоҷазода 60- сола шуд: Аҳли эҷодии рузномаи «Чархи гардун» устодро бо ин муносибат табрик кардаанд // Чархи гардун. – 1998. – 6 ноябр.
Расулзода, Б. Бо дўстон зиндагонӣ хуб аст: Мулоқот бо нависанда Муҳиддин Хоҷазода // Паёми Душанбе. – 1998. – 5 декабр.
Улмасова З. Дар ҷустуҷўи калиди ганҷ: Эҷодиёти нависанда Муҳиддин Хоҷаев // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 12 феврал.
Таҳияи Баргигул Наботова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ