Дунёи Мирзоватан Миров. Синни ҳунарманди маъруф ба 70 расид
Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳкон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Имшаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кўҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта мехонанд.
МИРОВ Мирзоватан 8 декабри соли 1949 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омаадааст. Актёр ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1987) дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ (2006). Хатмкардаи (1972) факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш.Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ), солҳои 1972-1979 ҳунарманд ва саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кўлоб, 1979-1980 муҳассили курси коргардонии Театри академии мазҳакаи Маскав, 1980-1992 саркоргардон ва роҳбари бадеии Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш.Кўлоб, 1992-1998 коргардон ва роҳбари бадеии Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ, 1998-2001 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, солҳои 2002-2011 раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон буд.
Ба сифати актёр дар намоишномаҳои «Писари калонӣ», «Се нафар хушдор», «Табиби зўракӣ», «Раиси сездаҳум», «Падаршоҳи вопасин», «Ҳуррият», «Салом падарони азиз» ва ғайра нақшҳои асосӣ бозида, ҳамчун коргардон спектаклҳои «Карим- Девона», «Сафар Амиршоев», «Шамшер ва рангинкамон», «Қатораи охирин», «Дар чорсў», «Фишор», «Чамбули Мастон», «Зани оҳанин», «Ромео ва Ҷулйетта», «Раъно», «Найрангҳои Скапен» ва ғайраро рўи сахна овардааст.
Барои якчанд намоишнома мусиқӣ навиштааст. Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳкон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Имшаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кўҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта мехонанд.
Ба Афғонистон, Эрон, Покистон, Аморати Араб, Муғулистон, Лаос, Голландия, Олмон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Аз Мирзоватан Миров ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро метавонед бихонед:
Режиссёрҳо ҳастанд : Масъалаҳои театр // Маданияти Тоҷикистон . – 1982 . – 13 июл.
Таҷассумкунандаи ҳақиқати зиндагӣ // Роҳи лелинӣ. – 1982. – 26 март.
Драма, мусиқӣ ва суруд: Доир ба камбудиҳои театри шаҳри Душанбе // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 12 апрел.
Таассуроти нек : Хотираҳои сафар аз ҷашни 60 солагии театри драмавии шаҳри Ереван // Роҳи ленинӣ. – 1984. – 4 июл.
Марҳабо, ба олами зебоӣ: Кушодашавии мавсими театрӣ дар вилояти Кўлоб // Роҳи ленинӣ . – 1985. – 12сентябр.
Театри муосир: пешниҳод ва мулоҳизаҳо: Саррежиссёри театри мусиқи драмавии вилояти Кўлоб ба номи Сайдалӣ Вализода // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 18 май.
Унвони нав кори нав : Сўҳбати А. Истадов бо саррежиссёри театри мусиқӣ мазҳакавии шаҳри Кўлоб // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 19 феврал.
Шикастани қолабҳо – талаби замон : Мусоҳибаи С. Аюбӣ бо саррежиссиёри театри мусиқию мазҳакавии вилояти Кўлоб, иштирокчии конфиренсияи якуми иттифиқи ходимони театрии СССР // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 8 октябр.
Аз Лаос – бо ихлос : Мусоҳиба бо саррежиссиёри театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Вализода / Мусоҳиб С. Аюбӣ // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 11декабр.
Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи рафиқ Миров М – саррежиссиёри Театри мазҳакаи мусиқии вилояти Кўлоб додани унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон // Ведомости Совети Олии РСС Тоҷикистон. – 1987. – №16. – С. 5.
Барои ҳунарманд аз маълумоти касбӣ дида, тарбияи завқ муҳимтар аст: Мусоҳибаи Меҳрафзун бо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон М. Миров дар арафаи ҷашни 50- солагии зодрўзаш // Чархи гардун. – 1999. – 3 декабр.
Хайрашақдаш «Солори Аҷам»: Мусоҳибаи Б. Салмонов бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ба истиқболи 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 3 сентябр.
Дар бораи ҳунарманди варзида
Икромов, Ҷ. Парвози орзу: Сарояндаи хушовози театри мусиқӣ драмавии шаҳри Кўлоб Мирзоватан Миров // Ҳақиқати Кўлоб. – 1973. – 5 июн.
Аюбов, С. Ҷўянда ёбанда аст: Аз эҷодиёти режиссёр, актёр, ромишгари мумтоз Мирзоватан Миров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. –11сентябр.
Сафарзода, Х. Завқе агар саркўб шуд: Андешаҳо дар атрофи мактаби Мирзоватан Миров // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 6 июл.
Ҳоҷиева, А. «Фишор» сазовори ситоиш аст : Пешниҳод ба Ҷоизаи Рўдакӣ, роҳбари бадеи театри мусиқии Кўлоб Мирзоватан Миров // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 6 август.
Ворис, С. Дунёи Мирзоватан Миров: Аз ҳаёт ва эҷодиёти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров // Садои мардум. – 1999. – 7 декабр.
Махсумзод, Р. Ҳамаи бадбахтӣ аз бепарвоии инсонҳо сар мезанад: Мусоҳиба бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров // Чархи гардун. – 2004. – 10декабр.
Ҳақназар, Ш. Афсонаи саҳна: Мирзоватан Миров // Адабиёт ва санъат . – 2005. – 28 июл.
Салмонов, Б. Пай афканд ба фарозҳо: Роҷеъ ба фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров // Ҷумҳурият. – 2014. – 13 декабр.
Султонӣ, Ҳ. Коргардоне, ки даст болои набзи ҷомеа дорад: Мирзоватан Миров ҳунарманди театр 65- сола шуд // Озодагон. – 2014. –17 декабр.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ