Академик Талбак Назаров 80-сола шуд
Академик Талбак Назаров аз қабили шахсиятҳое буд ва ҳаст, ки солиёни душвори таҳкими истиқлол, хомўш намудани муноқишоти дохилӣ, ба роҳ мондани муносиботи дипломатӣ бо мамолики хориҷӣ, ҳалли бисёр масоили мушкили давлатдорӣ дар паҳлуи Пешвои миллат ба нафъи бақои ин сарзамин саъю талошҳои зиёде кардааст. Беихтиёр як ҷумла, вале ифодагари мазмуни як китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир мерасад, ки он анқариб 17 сол қабл, 23-юми марти соли 2001 дар ҷашнвораи 100-умин солгарди Саидхоҷа Ўрунхоҷаев баён шуда буд: «Зиндагиномаи ҳар як шахсияти маъруфи Тоҷикистон, бемуболиға, як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад».
Талбак Назаров арбоби давлатӣ, иқтисодчӣ, дипломати тоҷик 15 марти соли 1938 дар ноҳияи Данғара зода шудааст.
Як хислати ибратпазир аз ин пири хирад барои ҳама давлатмардон ва махсусан онҳое, ки бо илму маърифат андармонанд, ҳамин аст, ки устод Талбак Назаров ҳеҷ гоҳ кўшиш накардааст, ки хидматҳои худро намоиш диҳад. Аз ҳамин сабаб аст, ки дар матбуот ва дигар васоити ахбор иттилои муфассале аз шахсият ва фаъолияти густурдаи ў дарёфт намешавад. Ҳатто дар «Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» (соли 2008) шарҳи ҳол ва осори илмии академик Талбак Назаров он миқдор ҷоеро ишғол кардааст, ки як номзади дирўз ҳимоякардаи илм дорад. Ҳол он ки Талбак Назаров дар ду самти фаъолият – ҳам олимиву омўзгорӣ ва ҳам ба ҳайси ходими давлатӣ дар таърихи нимасраи Тоҷикистони муосир як падидаи муҳим ба шумор меравад, аз он ҷиҳат, ки ҳам дар илм ба маснади академикӣ расида, дар сиёсат бошад, бунёдгузори дипломатияи даврони истиқлолият эътироф шудааст.
Ҳамин тавр, ибтидои роҳи ҳаётии Талбак Назаров ба давроне рост омадааст, ки насли он давра чӣ будани кўдакии хушбахтонаро намедонист. Ончунонки адиби маъруфи амрикоӣ Ҷек Лондон дар хотираҳояш менависад: «Зиндагии даврони кўдакиам чунон вазнин буд, ки чӣ будани бозичаро намедонистам…» Дар соли 1953 дар синни 15-солагӣ Талбаки наврас ба техникуми молиявию иқтисодии Сталинобод дохил шуда, соли 1956 онро хатм мекунад. Солҳои 1956-1960 дар Донишкадаи молиявию иқтисодии шаҳри Ленинград таҳсил карда, аз ҳамон сол, яъне соли 1960, ки ҳамчун ассистент дар кафедраи муҳосиба ва омори факултаи иқтисодӣ қабул шуда буд, то соли 1988 бо донишгоҳ ҳамтақдир буд. То соли 1972 муаллими калон, мудири кафедраи молия ва қарз, ҷонишини декан, проректори шуъбаи шабона, солҳои 1976-1982 декани факултаи иқтисодӣ буд. Солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1965 рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро дар мавзуи «Мушкилоти усулҳои молиявии ҳавасмандкунии прогресси техникии соҳаи саноат» дар шаҳри Ленинград ҳимоя кардааст.
Соли 1975 дараҷаи илмии доктори илми иқтисод ва баъди як сол унвони илмии профессориаш тасдиқ мегардад. Солҳои 1980-1990 депутати Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 депутати халқии СССР буд. Солҳои 1980-1982 раиси Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ба ҳайси Раиси Шўрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982-1988) фаъолият бурдааст. Солҳои 1986-1988 Раиси Шўрои Олии РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1988-1991 дар вазифаи вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1990-1991 ҷонишини якуми раиси Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Госплан буд. Ҳамчунин Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1988) мебошад.
Баъди 28 соли фаъолият дар Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, ҷонишини аввали раиси Шурои вазирон – Раиси Кумитаи давлатии банақшагирӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1991 узви ҳақиқии АИ Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии макотиби олӣ интихоб шудааст. Солҳои 1991-1994 ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ буд.
Аз соли 1994 ба сатҳи баланди сиёсат даъват шуда, як муддат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва тўли 12 сол (солҳои 1994-2006) Вазорати корҳои хориҷиро сарварӣ кардааст. Рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Чинро дорост. Яке аз хидматҳои бузурги Талбак Назаров он аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон солҳои 1996-1997 ҳайати ҳукуматиро сарварӣ мекард. Хидматҳои бошарафонаи ин фарди равшанзамир бо орденҳои «Ситораи Президенти Тоҷикистон» (1998), «Дўстӣ» (1999), «Нишони фахрӣ» (1976), «Дружба» (2007, аз ҷониби Федератсияи Русия), «Салиби ёқутӣ»- и Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони садсола»- и Русия (2005), 6 медал ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадр шудааст. Солҳои 2008-2013 раиси Хазинаи ҷумҳуриявии хайриявии Тоҷикистон буд.
Мавсуф муаллифи 208 асари хурду бузург аст, ки дастикам 10-тои онро рисолаҳои пурмуҳтавои илми иқтисод ташкил медиҳанд. Т. Назаров барандаи Ҷоизаи ба номи Сино дар соли 2003 мебошад. Маблағи ин ҷоиза аз ҷониби устод ба яке аз интернатҳои ноҳияи Рўдакӣ тақдим шуда буд. Инчунин китобҳои «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ, интегратсия ва ҳамкориҳои минтақавӣ», «Иқтисоди бозаргонӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ» рўйдоди муҳим дар таърихи илми иқтисод ба шумор меоянд ва фаҳмиши нави иқтисодро дар маҷмуъ ба вуҷуд овардаанд.
Дар соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ саҳми Талбак Назаров бузург аст. Ин мавзуъ гуфтугузори зиёд мехоҳад, ки мутаассифона, ҳаҷми ин навишта имкон намедиҳад. Вазири корҳои хориҷии Русия С. Лавров мегўяд: «Маҳз таҷрибаи калони касбӣ ва ҳаётии Шумо имкон дод, ки муносибатҳои дўстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия танзим гардад». Аммо сухани котиби давлатии ҳамонвақтаи Амрико хонум Кондолиза Райс хеле образнок аст: «Тоҷикистон бурди калон кард, ки дар ин давраи пурталотум – айёми рушд ва дигаргуниҳо Шумо будед ва ҳам донишу таҷрибаи Шумо…»
Дар бораи шахсият ва фазилатҳои илмиву сиёсатмадории устод Талбак Назаров зиёд навиштан мумкин аст, ҳарчанд ки ин корро худ хуш надорад, гумон мекунам, ки мехоҳанд ояндаҳо нависанд. Ҳамин аст, ки ҳатто дар китоби ҷашнии 70-солагиашон ҳамагӣ се мақолаи ҳамкорону шогирдон ҷой дода шудаасту халос.
Аз Талбак Назаров ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин осор пайдо мешавад:
Развитие государственного бюджета Таджикской ССР после перестройки управления народным хозяйством. – Ленинград, 1964.
В. И. Ленин о финансах социализма и вопросы экономического стимулирования производства. – Душанбе, 1969. – 21 с.
Корхонаҳои саноатӣ ва бюджет дар шароити нав. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 66 с.
Ҳавасмандгардонии иқтисодии прогрессии илмӣ-техникӣ дар саноат. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 101 с.
О фонде развития производства. – Москва, 1976.
Прогресси техникӣ ва самаранокии иқтисодӣ. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 58 с.
XXVI съезд КПСС и проблемы стимулирования интенсификации производства. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 64 с.
Финансово-кредитные методы повышения эффективности капитальных вложений. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 224 с.
Молия ва қарз. – Душанбе: Маориф, 1989. – 176 с.
Финансово-кредитные отношения в условиях полного хозрасчета. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 128 с.
Мирный процесс и постконфликтное восстановление экономики Таджикистана. – Душанбе: Пайванд, 2000. – 48 с.
Таджикистан: экономика, политика, международное сотрудничество. – Душанбе: УИ МИД РТ, 2001. – 250 с.
Таджикистан: экономическое сотрудничество и безопасность. – Душанбе: Минск, 2003. – 264 с.
Таджикистан: экономический рост, интеграция и региональное сотрудничество. – Душанбе, 2004. – 284 с.
Дипломатияи муосири тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 224 с.
Рыночная экономика и международное сотрудничество. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 204 с.
Экономическая реформа, сотрудничество и безопасность: проблемы и суждения. – Душанбе: Эр-граф, 2013. – 264 с.
Базаи молиявии советҳои маҳалиро мустаҳкам намоем: Оид ба бюҷети давлатии СССР, тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ // Тоҷикистони Советӣ. – 1965. – 4 август.
Баъзе натиҷаҳои ислоҳоти хоҷагӣ дар саноати республика: Оид ба ислоҳоти хоҷагӣ ва масъалаҳои иқтисодиёт // Коммунисти Тоҷикистон. – 1968. – №7. – С. 24-28.
Проблемаҳои хурди илми калон: Қарорҳои пленуми июни соли 1983-и КМ КПСС – дар амал! // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 12 август.
Назаров, Т., Мамадкарбеков, М. Олим, омўзгор, ташкилотчии илм: Фаъолияти кории иқтисодшиноси республика, аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, профессор Ҳабибулло Саидмуродов // Газетаи муаллимон. – 1983. – 12 август.
Назаров, Т., Орифов, А. Баҳри беҳбудии зиндагӣ: Ба муносибати интихоботи Совети Олии СССР ҳамчун иди демократияи сотсиалистӣ // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 1 март.
Илмро ба амал пайваста…: Оид ба фаъолияти Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва олимони донишгоҳи мазкур // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 19 сентябр.
Рузиев, Д. Гиреҳ во намуд: мизи мудаввар: Бозсозии мактаби олиро чӣ боз медорад?: Фикру андешаҳои ректорони донишгоҳҳо оид ба ин масъала // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 3 декабр.
Мактаб: айёми серталабӣ: Протсесси таълим дар асоси программаҳои нав дар мактаб // Коммунисти Тоҷикистон. – 1988. – №12. – С. 32-37.
Вазорати нав: мақсад, вазифа ва структураи нав: Вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон Т. Назаров ба саволҳои «Газетаи муаллимон» ҷавоб медиҳад // Газетаи муаллимон. – 1988. – 19 июл.
Вақти амал расида: ҳаёти партиявӣ: Бозсозӣ дар фаъолияти мактабҳои маълумоти умумӣ ва миёнаи махсус // Тоҷикистони Советӣ. – 1988. – 1 сентябр.
Мактаб бунёдгузори фардост: Ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рўзи Дониш // Газетаи муаллимон. – 1988. – 1 сентябр.
Мактабро эҷодкорӣ, салоҳият ва ғамхорӣ мебояд: Андешаҳои вазири маориф Талбак Назаров оид ба вазъи маорифи халқ ва роҳҳои инкишофи он // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 20 декабр.
Баъди як сол: Забони тоҷикӣ дар партави қарори партия ва ҳукумат // Омўзгор. – 1989. – 6 май.
Бори гароне бар души мост: Суҳбати рўзноманигор С. Ҷалолов бо вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои республика Талбак Назаров // Тоҷикистони Советӣ. – 1989. – 1 июн.
Ҷавонон ба ғамхорӣ эҳтиёҷ доранд: Гузориши вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон Т. Назаров дар пленуми муштараки КМ Партияи коммунистӣ ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон // Омўзгор. – 1989. – 3 октябр.
Собиров, М., Назаров, Т. Як суолу се посух: Вазъи маориф дар давраи ҷанги бародаркуш // Илм ва ҳаёт. – 1994. – №3. – С. 8-9.
Бо роҳи сулҳу бунёдкорӣ: Андешаҳои ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон Т. Н. Назаров оид ба нутқи сардори давлат Э. Ш. Раҳмонов дар иҷлосияи 49-уми СММ // Садои мардум. – 1994. – 8 октябр.
Назаров, Т., Амонов, Р. Равшангари асрори таърих: Фаъолияти илмиву эҷодии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов // Паёми Душанбе. – 1994. – 5 ноябр.
Талбак Назаров считает, что оснований бояться хаоса и возвращения к войне - нет… // Бизнес и политика. – 1997. – №23. – июнь.
Назаров, Т., Асроров, И. Илме, ки дар паи беҳбуди зиндагист: Фаъолияти илмии олим, академики Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Қаюмов // Садои мардум. – 1997. – 16 август.
В основе политики, так же как и в жизни должна быть нравственность // Бизнес и политика. – 2000. – 12 марта.
Революция в Таджикистане не будет. Она уже была // Вечерний Душанбе. – 2006. – 3 марта.
Шанхайская организация сотрудничества, её роль в сфере безопасности экономических отношений // Щит. – 2006. – 20 июля.
Дар бораи академик Назаров
Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1984. – Ҷ.5. – С. 65-66.
Талбак Назарович Назаров. – Душанбе: Диловар, 1998. – 120 с.
Қомуси Донишгоҳи миллӣ. Факултетҳои иқтисодӣ. – Душанбе, 2007. – С. 62, 236.
Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С. 204.
Назаров Талбак Назарович. – Душанбе: Эр-граф, 2008. – 113 с.
Талбак Назаров Назарович. – Душанбе: Бухоро, 2010.
Олимов, К., Салимов, Н. Олими закӣ, инсони наҷиб ва сиёсатмадори дурандеш: Фаъолияти корӣ ва эҷодиёти академик Талбак Назаров // Талбак Назаров Назарович. – Душанбе: Бухоро, 2010. – С. 8-17.
Назаров Талбак Назарович: К 75-летию со дня рождения. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 18 с.
Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Дар бораи вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон таъин кардани рафиқ Т. Назаров // Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон. – 1988. – №11. – С. 7.
Мирсаидов, У. Олими сиёсатшинос, дипломат: Ҷашни 60-солагии академик Талбак Назаров // Садои мардум. – 1998. – 4 март.
Қаюмов, Н. Фарзанди номбардори миллат: Академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Арбоби шоистаи илм Талбак Назаров 60-сола шуд // Ҷумҳурият. – 1998. – 25 апрел.
Абдулло, К. Маърифатафрўз: Пешниҳоди вазири корҳои хориҷа Т. Назаров бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино // Садои мардум. – 2003. – 10 июн.
Орифов, А. Таҳқиқи сиёсати фискалӣ – роҳ сўи пешрафт: Пешниҳоди Талбак Назаров бо ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абўалӣ ибни Сино // Садои мардум. – 2003. – 12 июн.
Ўроқов, Д., Шарифов, Ҳ. Тоҷикистонро ҷаҳон бишнохт: Андешае чанд дар ҳошияи китоби тозанашри Талбак Назаров «Тоҷикистон: ҳамкории иқтисодӣ ва амният». – Душанбе, 2003 // Садои мардум. – 2003. – 19 июн.
Пасторова, Е. Талбаку Назарову вручили "Рубиновый крест": От Международного благотворительного фонда "Меценаты столетия" // Вечерний Душанбе. – 2005. – 8 апреля.
Киргизова, А. Талбаку Назарову вручили "факел дружбы": Министр иностранных дел удостоен российского Почётного знака "За вклад в дело дружбы // Asia-plus. – 2005. – 17 ноября.
Раҳмонӣ, Р. Фидоии илми тоҷик: Чанд сухан дар бораи академик Талбак Назаров // Омўзгор. – 2008. – 29 феврал.
Каюмов, Н. Учёный-создатель: К 70-летию со дня рождения Талбака Назаровича Назарова // Бизнес и политика. – 2008. – 19 марта.
Зарифи, Х. Мудрый человек и искусный политик: Талбаку Назарову исполнилось 70- лет // Народная газета. – 2008. – 9 апреля.
Сафаров, С. «Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва бехатарӣ»: Китоби мазкур бахшида ба 75-солагии зодрўзи яке аз арбобони давлативу сиёсӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Талбак Назаров // Дунёи китоб. – 2013. – март-апрел. – №4-5.
Ҷурғосиев, М. Шиносномаи донишманди барҷаста: Феҳристи шарҳиҳолие бахшида ба ҳафтоду панҷумин солгарди академики Академияи илмҳои ҶТ Талбак Назаров ба табъ расид // Ҷумҳурият. – 2013. – 9 ноябр.
Талбак Назаров сазовори ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» гардид // Ваҳдат. – 2015. – №11. – июн.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ