Раҳим Ҳошим: адабиётшинос, адиб ва тарҷумони маъруф
Олими маъруф, мутарҷими шинохта, шахсияти соҳибэҳтиром. Умре кори пажуҳишӣ кард ва дар миён китобҳои дарсӣ ҳам навишт ва беҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳонро тарҷума кард.
Моҳи октябр ба дунё омад ва боз дар ҳамин моҳ тарки олам кард.
5 – уми октябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1916 мактаби усули навро хатм карда, аз соли 1918 дар мактабҳои навтаъсисе, ки Устод Айнӣ дарс мегуфтанд, таълим гирифтааст. Баъдан донишҷӯи Дорулмуаллимини Самарқанд шуда, таҳсилро дар мактаби русӣ идома додааст. Аз соли 1924 ходими адабии маҷаллаи «Маориф ва ӯқитувчӣ» ва рӯзномаи «Зарафшон», аз соли 1927 муҳаррир ва мутарҷими Нашриёти давлатии Тоҷикистон, аз соли 1926 котиби моҳномаи «Роҳбари дониш» будааст.
Соли 1930 ба Душанбе омада, соли 1933 дар Анҷумани якуми нависандагони тоҷик котиби масъул интихоб шудааст.
Ширкатвари Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934) будааст.
Аз соли 1955 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст.
Номзади илми филология (1963).
Фаъолияти илмияш аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъу масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд.
Муаллифи рисолаҳои «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973; дар бораи Устод Айнӣ), «Ҳайкали бузурги назм» (1965; дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), «Ибни Сино», (1975), «Абӯрайҳони Берунӣ» (1980) ва ғайра мебошад.
Соли 1971 китоби ёддоштҳояш «Сухан аз устодон ва дӯстон» ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, С. Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, А. Деҳотӣ ва дигаронро мутаҷассим сохтааст.
Дар ҳамқаламии Р. Фиш китоби ҳаёт ва эҷодиёти Устод Айниро навиштааст, ки бо номи «Бо чашми виҷдон» (1978) ба тоҷикӣ ва «Глазами совести» (1979) дар Маскав чоп шудааст.
Дар таҳия ва нашри «Шоҳнома», ашъори М. Баҳор, Фузулӣ, шоирони форсизабони Афғонистон саҳм гузоштааст.
Таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ аз шуғлҳои дигари Раҳим Ҳошим буда, солҳои 1929-1931 китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Китоби қироат», «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои русӣ), «Алифбо» (дар ҳамқаламии В. Любенсов), «Роҳи нав», «Панҷ дар чор» (ҳамроҳи Устод Айнӣ, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст.
Тарҷумони беназире ҳам буда, романи «Модар» ва ҳикояҳои М. Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоҳу гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957), «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусиқачии нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ҳодисаи оддӣ»-и И. Гончаров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян (1962), «Абри ишқ»-и Н. Ҳикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973), «Чаманоро»-и Р. Нурӣ (1965) ва ғ. аз биҳин тарҷумаҳои ӯ ва адабиёти тоҷик мебошанд.
Дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, таҳти роҳбарии Устод Айнӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат доштааст.
Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1991).
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Асли мақола ин ҷост: РАҲИМ ҲОШИМ
Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҳошим ва дар бораи ӯ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро суроғ кунед:
- Ҳайкали бузурги назм: Очерки тарҷумаи ҳолӣ, дар бораи А. Ҷомӣ / Муҳаррир М. Турсунзода. – Душанбе: Ирфон. – 1964.
- Бақир С. R. Моҳ ҳам айб дорад: Ҳикоя / Тарҷумаи Р. Ҳошим. – Дар китоби «Занҷири гусаста»: Душанбе . – 1968. – С.128 – 131.
- Таронаи ишқ ва дўстӣ: Оид ба достони «Паҳлавони пўсти палангпӯш» и Шота Руставели // Раҳим Ҳошим солҳо дар саҳифаҳо. – Душанбе, 1988. –С. 159-161.
- «Муҳокимат –ул – луғатайн» ва мавқеи таърихии он: Оид ба асари забоншиносии Алишери Навоӣ // Раҳим Ҳошим. Солҳо дар саҳифаҳо–Душанбе. – 1988. – С.161-170.
- Ду хотира: Дар бораи Ҳамза Ҳакимзода // Раҳим Ҳошим. Солҳо дар саҳифаҳо. – Душанбе, 1988. – С. 205 – 208.
- Берунӣ: Як зиндагонии пурмоҷарою саросар пур аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои илмии гаронбаҳо . – Душанбе: Ирфон. –1983. –38 саҳ.
- Сухан аз устодон ва дустон: Ёддоштҳо ва партретҳои адабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 271саҳ.
- Гунтекин Р. Н. Чаманоро: Роман / Тарҷумаи Р. Ҳошим. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 400 саҳ.
- Айматов, Ч. Шахсияти беназир: Дар бораи М. Турсунзода / Тарҷумаи Р. Ҳошим. – Дар китоби «Васлгари дилҳо»: Душанбе. – 1981. – С. 20 – 23.
Дар маҷалаву рўзномаҳо
- Шоири мубориз : Ба муносибати 250 солагии рўзи таваллуди шоири Озарбойҷон Воқиф // Тоҷикистони Советӣ . – 1968. – 29 ноябр.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ: Фикру мулоҳизаҳои яке аз тартибдиҳандагони фарҳанг Раҳим Ҳошим // Маориф ва маданият. –1970. – 7 апрел.
- Ҳофиз ва Камол: Ба муносибати 650 солагии рўзи таваллуди Ҳофизи Шерозӣ // Садои Шарқ. – 1971. – №4. С.84-90.
- Дар коргоҳи эҷодии устод: Дар бораи интизоми кории устод С. Айнӣ. – Садои Шарқ. – 1971. – № 4. – С. 105 – 111.
- Айни ва Бухоро // Маориф ва маданият. – 1971. – 17 июл.
- Танқид ва ҷараёни адабиёт // Садои Шарқ. – 1972. – № 2.С. 130-133.
- Шерозӣ, С. Аз ғазалиёт. Ба чоп тайёркунанда Р. Ҳошим // Садои Шарқ. – 1972. –№ 10. – С. 100-111.
- Ҳамноми муътабари ман: Хотираҳо дар бораи Раҳим Ҷалил // Ҳақиқати Ленинобод. – 1976. – 6 октябр.
- Устоди сухан: Ба муносибати 75 – солагии нависанда Сотим Улуғзода // Машъал. – 1986. – № 9 . – С. 4.
- Сарбози сафи аввал: Ба муносибати 75 солагии зодрўзи Мирсаид Миршакар // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 12 май.
- Робитаи зинда: Аз таърихи ташакулёбии забони тоҷикӣ // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 26 март. С. 11.
Дар бораи Раҳим Ҳошим
- Абдуманонов, А. Илмат ба амал чу ёр гардад: Ба муносибати 75 – солагии зодрўзи тарҷумон, адабиётшинос Раҳим Ҳошим // Газетаи муаллимон. – 1983. – 4 октябр.
- Аҳрорӣ, Ҳ. Донишманди мумтоз: Доир ба фаъолияти эҷодии нависанда Раҳим Ҳошим // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 2 декабр.
- Мукофоти олӣ муборак, устод! : Бахшида ба 80 – солагии зодрўзи устод Раҳим Ҳошим // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 16 ноябр.
- Марди фозил, устоди меҳрубон: Ба пешвози 85 солагии устод Раҳим Ҳошим // Паёми Душанбе. – 1993. – 27 апрел.
- Одинаев, Н. Чун гуле дар байни дафтар: Ба истиқболи 85 солагии устод Раҳим Ҳошим // Паёми Душанбе. – 1993. – 5 май.
- Шодиқулов, Ҳ. Бозгўяндаи фазлу хиради инсонҳо: Оид ба 65- солагии фаъолияти тарҷумонии Раҳим Ҳошим // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 26 август.
Таҳияи Баргигул Наботова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ