Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, Ғарибии Астарободӣ, Ғарибии Кошонӣ, Ғарбии Хуросонӣ, Ғарибии Ҳиравӣ
Нашр шуд 2021-02-24 15:53
Дар ин бахш аз мақолаи худ аз панҷ шоиру донишманде бо тахаллус ё насаби Ғарибӣ ёд мекунем. Аввал Шайх Насриддин Аҳмад Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 18), ки дар замони Шоҳ Олами II (1759-1806) зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Тибқи маълумоти муаллифи тазкираи «Маҷмўаи нағз» Қудратуллоҳ Қосим гузаштагонаш аз аҳли Кашмир будаанд ва Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ марди «қобилу қобилдўст, бо илму ҳаё, ҳовии ақлу киёсат, некхў, кушодарў, хушақида, покмазҳаб, некрўя, суфимашраб» буд. Ба забони форсӣ ва баъзан ба урду шеър мегуфт. Девонашро соли 1769 худаш мураттаб намудааст, ки фарогири ғазал, тарҷеъбанд, рубоӣ ва қасида буда, нусхаи он дар Китобхонаи Анҷумани Осиёии Бангол маҳфуз аст.
Муаллиф: З. Ғаффорова
Ғарибии Астарободӣ
Ғарибии Астарободӣ Мир Муҳаммадалӣ, шоир ва хаттоти форс-тоҷик (асри 15). Дар манбаъҳои адабӣ ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомадааст. Тазкиранависон, масалан, Алишер Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») аз ў чун шоири хуштабъу хушсухан ёд кардаанд. Дар навиштани хатти ғубор моҳир будаст. Ғарибӣ тахаллус карданаш аз ҳамин ҷост. Аксар созҳои мусиқӣ – уд, барбат, камонча, танўр ва қонунро хуб менавохтааст. Абёти зер намунае аз шеъри ўст:
Шаб, ки меафтам ба паҳлуи саги он дилфурўз,
Хоб дар чашмам намеояд зи шодӣ то ба рўз.
Дӣ чу пеш омад ба роҳ он дилбари раъно маро,
Ман зи шарм ўро надидам, ў зи истиғно маро.
Муаллиф: М. Диловаров
Ғарибии Кошонӣ
Ғарибии Кошонӣ шоири форс-тоҷик (асри16). Шахси таҳсилдида, аз донишҳои даври худ огоҳ ва дар дарбори подшоҳи давр – Хон Аҳмад маликушшуаро буд. Ба шоири ҳамасраш Лисонии Шерозӣ эътиқод дошт ва ашъори ўро татаббуъ кардааст. Мас., ба байти Лисонии Шерозӣ
Манам з-он хўйи нозук остин бар чашми тар монда,
Зи мижгон то ҷигар сад парда хун бар якдигар монда.
Чунин ҷавоб гуфтааст:
Ту аз ман фориғу ман бе ту ҳар сў дарбадар монда,
Зи хорӣ бар сари дунҳимматон бе пову сар монда.
Муаллиф: М. Диловаров
Ғарбии Хуросонӣ
Ғарбии Хуросонӣ шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Дар сини камолот, дар замони ҳукмронии Ҳумоюн ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати дарбори ин подшоҳ ворид гардид. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо офаридааст. Ғазалро неку мегуфт. Дар манбаъҳо аз девонаш иттилоъ надодаанд. Абёти зер аз сурудаҳои ўст:
Гар гушоди кори мо будӣ зи зулфи ёри мо,
Инчунин ошуфтаву барҳам набудӣ кори мо.
*** **** ****
Дил зи чоки сина мехоҳад, ки бинад рўйи дўст,
Марҳам, ай мушфиқ, манеҳ бар синаи афгори мо.
Ай Ғарибӣ, илтифоти ў ба ғайр озор нест,
Чанд хоҳад буд, ё Раб, дар пайи озори мо?!
**** *** ***
То ҳарими ҳарами ёр шуда маскани ман
Рафта берун ҳаваси хулди барин аз сари ман
Муаллиф: М. Диловаров
Ғарибии Ҳиравӣ
Ғарибии Ҳиравӣ дар баъзе манбаъҳо Ҳиротӣ омадааст; муддате Маҷлисии Ҳиравӣ тахаллус мекардааст, шоири тоҷик (асри 16).
Дар зодгоҳаш – Ҳирот ва Самарқанд улуми мутадовилаи даврро омўхааст. Дар шеъру шоирӣ Бадруддини Ҳилолиро устод медонист. Ҳангоми зиндагӣ дар Самарқанд ба хонаи падари тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ рафтуомад дошт. Дар Самарқанд ўро Муллои Ҳиравӣ ном мебурданд, вале бо тахаллуси Ғарибӣ шеър мегуфт. Дар ҳамин давра Мутрибӣ аз ў илми сиёқ (суханронӣ, тарзи баён)-ро омўхтааст. Мутрибӣ ўро чун шоири боистеъдод, шахси фозилу донишманд, гўяндаи ашъори покиза тавсиф намудааст. Ба Ҳирот баргашта, ба хидмати ҳукмрони давр ворид гардид. Дар ин ҷо тахаллуси Маҷлисиро пазируфт. Дар манбаъҳои адабӣ аз Ғарибии Ҳиравӣ чун шоири соҳибдевон ёд кардаанд. Аз эҷодиёташ намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин ғазал аз ўст:
Ишқ он рўз, ки аз сирри ҳақиқат дам зад,
Сирри ин нукта сар аз ҷайби банӣ Одам зад.
Бесубот омада бунёди ҷаҳон ҳамчу ҳубоб,
Аблаҳ аст он, ки ба худ хайма дар ин олам зад.
Дошт ҷамъияти хотир зи сари зулфи ту дил,
Боди субҳ омаду ин силсиларо барҳам зад.
Ончунон бо алами ишқ дилам хўй гирифт,
Ки даме бе алами ишқ ба олам кам зад.
Аҳду паймони Ғарибӣ, маҳи ман, суст магир,
Даст дар силсилаи ишқ басе муҳкам зад.
Муаллиф: С. Ализода
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 5. – С. 53.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.