Профессор Асадулло Сӯфизода дар синни 87-солагӣ ба олами боқӣ сафар кард
Профессор Асадулло Сӯфизода баъди бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам бирафт. Устод Асадуллозода аз ҷумлаи фолклоршиносони маъруфи кишвар, муаллифи садҳо мақола, даҳҳо китоб дар бораи эҷдоиёти шифоҳии мардум аст. Муҳимтар аз ҳама устоди садҳо шогирдоне буд, ки имрӯз дар гӯшаву канори хоки кишвар саргарми таълиму тадриси насли наврасанд. Дар бораи тарҷумаи ҳоли устод Асадулло Сӯфизода малаби муфассалтарро дар идомаи ин навишта тавсия медиҳем. Ҳоло хостем таваҷҷуҳи шумо, хонандагони азизро ба навиштаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон ҷалб кунем, ки баъди аёдати устоди шодравон бо ҷамъе аз устодони Донишгоҳ рӯзи 9 апрели соли равон дар саҳифаи худ дар Фейсбук кошта буданд.
АЁДАТИ УСТОД СӮФИЗОДА
Ҳар касе ба суханварию суханшиносӣ, ба эҷодиёти гуфтории мардум ё ба қавли дигар – фолклори тоҷикон пайванду робитае дорад, устод Асадулло Сӯфизодаро эътироф мекунад, мешиносад ва аз осори гаронмояи илмии ӯ огоҳие дорад. Ва ҳар касе риштаи филологии Донишгоҳи миллиро аз солҳои 60-ум ба ин сӯ хатм кардааст, аз файзи суҳбатҳои ин марди шариф ҳатман баҳрае бардошта. Қомати баланду рост ва мӯйсари ба боло шонакарда, абрӯвони ғафси сиёҳ, чеҳраи нуронии устод Сӯфизода нақши ӯро дар олами тасаввур бо салобати хосаш намоён мекунад.
Устод умри азизашро дар як ниҳоди илмиву таълимӣ, дар Донишгоҳи миллӣ сипарӣ карданд. Дарси ӯ аз дигарон тафовути зиёде дошт, ба он маънӣ, ки ҳангоми тадриси ин ё он дурдонаҳои фолклор, фаразан дубайтиву рубоӣ, хеле зиёд намунаҳо азёд мегуфтанд ва дар миёна ҳазлу шӯхиҳо низ мекарданд. Бо чанде аз фолклоршиносони дигар дар рақобат қарор доштанд ва ин масъала ҳатто миёни донишҷӯён пинҳон намонда буд. Қотеъона аз мавқеи илмиашон ҳимоят менамуданд, гоҳо сахтгӯиҳо мекарданд ва ақидаашон ин буд, ки ҳақиқати илмӣ ба ҳар роҳе бояд ҳифз шавад ва дар кори илм мансабу маҳалу «болову паст» ба кор нахоҳад рафт. Шояд ҳамин мавқеи сахташон буд, ки то ахир дар маснади номзади илм монданд, ҳарчанд осорашон барои дарёфти дараҷаи докториву аз он болотар – ҳайати Академияи улум низ кифоят мекард.
Ин гуна одамонро шахсият мегӯянд ва ҳамчун шахсият эътироф мекунанд. Соле аз ин қабл бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, ки устод аз соли 1965 ин тараф дар ҳамин тахассусгоҳ дарс гуфтаву корҳои илмӣ анҷом додаанд, меҳмони донишҷӯён шуда буданд. Он замон устод бо андаке кумак худашон ба қавле «бо пойи хеш» омада буданд. Ҳадаф – огоҳӣ аз вазъи олим ва корҳои онрӯзаашон буд. Пурсишу посухҳо бо донишҷӯён хеле хуб ҷараён гирифт. Ба назар мерасид, ки устод бо вуҷуди беморӣ аз нав айёми шубоби хешро ба ёд оварданд, намунаҳо аз эҷодиёти мардум қироат карданд, ба суолҳо ҷавобҳои рӯшан доданд.
Аммо имрӯз… Имрӯзҳо устод бистарианд, сахт беморанд ва ниёз ба ҳамсуҳбатон доранд. Устоде, ки умре сухан гуфтаанд, дар ҳоли маризӣ ҳам ниёз ба сухан гуфтану сухан шунуфтан доранд. Инро мо ҳангоми аёдати он кас дарк кардем, гуфту шунуфти мо гӯё ба устод рӯҳу илҳоми тоза бахшид, аз гузаштаҳо, аз ормонҳо, аз имрӯз мешуниду мегуфт.
Дар кафедраи назария ҳамин гуна одат ё анъанае вуҷуд дорад, ки олимони куҳансолро зуд-зуд хабар мегиранд ва аз ҳолашон огоҳ мешаванд. Фаразан, аёдати устоди равоншод Соҳиб Табаров то охирин лаҳзаи умрашон аз ҷониби устодони кафедра мисли нақша ҷараён мегирифт. Ё ба танҳоӣ ва ё гурӯҳӣ устодон ба зиёраташон мерафтанд ва суҳбату гуфтугӯҳои аҷибе барпо мешуд. Ин дафъа низ чанде аз мо, бо ибтикор ва раҳбарии мудири кафедра Муртазо Зайниддинов, Аламхон Кӯчаров, Қарор Нурқаев ва бандаи фақир ба манзили зисти устод Сӯфизода рафтем...
Бояд бигӯям, ки ҳолиё устод маҷолу тавони қадамзанӣ надоранд, батамом бистарианд, ҳамин қадар метавонанд, ки аз кати хобашон ба тиреза назар карда, аз манзараҳои зебои баҳор ҳаловат бигиранд. Устодро дар ҳоли андаке рухзардиву коҳиш дарёфтем: чашмонашон ҷарроҳӣ шудаанд ва андаке мебинанд, гӯшҳояшон ба қавле вазнин шудааст, хеле саъй лозим, ки сухан бишнаванд ва посухе бигӯянд. Ба Муртазо Зайниддинов кӯшиши зиёд лозим шуд, ки муколама эҷод кунанд, аз ину он сухан оғоз шуд ва ҳатто ба гузаштаҳои дур печид. Устод аз Лутфулло Бузургзода, Ҳабиб Юсуфӣ ва чанде дигар уламову адибони тавоное ёдовар шуданд, ки бино ба нотавонбиниҳои тоҷикии бархе бузургони гузашта талаф шуданд. Вақте ки М.Зайниддинов аз чанд ҳамоишҳои илмии кафедра, аз ҷумла 110-солагии бузургдошти Абдулғанӣ Мирзоев сухан кард, устод чанд хотироти хешро арза доштанд. «Шахсияте бузурге буданд Абдулғанӣ Мирзоев. Ҳатто шарқшиносони номии рус аз ӯ дар ҳарос буданд, ки мабодо дар корҳояшон иштибоҳе наравад, ҳатман бо ӯ машварат мекарданд. Олими воқеӣ буданд, ёдашон ба хайр», - гуфтанд устод. Чун сухан аз бузургон рафт, устод Сӯфизода аз Рӯдакӣ ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и ӯ ёд карданд.
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.
Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд?! Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд…
«Воаҷаб, ки ҳатто муҳаққиқони шоир маънои «қатраборон»-ро дар вақташ нафаҳмида буданд. Қатраборонро қатраи борон гумон карданд. Ин як навъ рустаниест, ки ҷиҳати сафедӣ ба дандон шабоҳат дорад. Ман ҳатто аз ин гиёҳ як даста ба баъзеҳо нишон додам, ки ин аст қатраборон ва Рӯдакӣ ҳамин гиёҳро дар назар дошт…».
Ҳамин тавр, устод аз марҳум Баҳовуддинов низ ёд карданд, лаҳазоти ахири зиндагиашро. Сухан ба навигариҳои шаҳр бурда шуд, аз боғҳои навбунёде, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ сохта шуданд, аз муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ чун рамзи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек хотиррасон шуд. Аз ин навид устод хеле хушҳол шуданд, «кори бисёр хубе шуд, магар бе дӯстӣ ҳамсоягӣ кардан имкон дорад? Кош, насли нав ба қадри ин барқарории муносибатҳо бо ҳамсояи наздиктарин бирасад, саъю талоши раҳбарони мамлакатро арҷгузорӣ карда тавонад. Акнун ин насл масъулияти идома додани зиндагиро дар муҳити дӯстиву бародарӣ дорад…».
Ҳамин тавр, суҳбат андаке тӯл кашид ва эҳсос кардем, ки устод бояд дам бигиранд. Нидоҳое паёпай, аз қабили «садқаи дидоратон, дар қадамҳоятон мурам…» моро ҳам ба хушҳолӣ овард, ҳам ба риққат. Хушҳолӣ аз он ки як даме устод дар мулки хотираҳо қадам заданд. Риққат аз он ки эҳсос намудем устод ба дидори ҳамкасбону ҳамсолон ва ҷумлаи пайвандон ниёзи шадиде доранд. Ниёзи ҳамешагӣ. Байти шоире ба ёд омад:
Чу ранҷ барнатавонӣ гирифтан аз бемор,
Қадам зи рафтану пурсиданаш дареғ мадор...
Ва ҳамчунин рубоии Хайёми бузург:
Чун булбули маст роҳ дар бӯстон ёфт,
Рӯйи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт.
Омад ба забони ҳол дар гӯшам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт».
Аз 87 соли умр устод Сӯфизода панҷоҳ солашро сарфи илму тадрис кардаанд. Як умри одамӣ дар батни як умри дигар. Ин кас соли 1956 факултети таъриху филологияи тоҷики Унверситети давлатии Тоҷикистон, соли 1962 аспирантураи АИ Тоҷикистонро хатм карда, соли 1965 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Шоирони халқӣ – вассофони воқеият» дифоъ намудаанд. Ходими шоистаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи ҳалқ мебошанд. Беш аз 450 асару мақолаи илмӣ, адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ ва методӣ доранд. Қисме аз рисолаву асарҳои устод Сӯфизода ба забонҳои чехӣ, олмонӣ ва халқҳои собиқ шӯравӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Асарҳои ӯ - «Шеваи гуфтори тоҷикони Кангурт» (1957), «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ» (1960), «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқодири Бедил дар синфи нӯҳ» (1962), «Таълими фолклор дар мактаб» (1964), «Шоирони халқӣ – вассофони воқеият» (1967), «Назми халқ – оинаи ҳаёт» (1969), «Чистонҳои халқии тоҷикӣ» (1972) «Классикони марксизм дар бораи фолклор» (1972), «Гуманизм ва интернатсионализм дар фолклор» (1975), «Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик» (1977), «Фолклор – афкори эстетикӣ ва иҷтимоии халқ» (1982), «Фолклор - санъати сухан» (1985), «Ҳазору як чистон» (1986), «Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик» (1992), «Фолклор - ҳамрадифи таърих» (1999), «Фолклор – махзани сухан» (2006) ва чанде дигар дар рушди фолклоршиносии тоҷик саҳми бузург доранд.
Ҳафиз РАҲМОН
Аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук бозчоп шуд.