Имомов Чинор: шахсияти таърихии асри ХХ

Садубист сол пеш, дар ҳамин рӯзҳои баҳорӣ Чинор Имомов, яке аз бунёдгузорони аввалин Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, арбоби давлатӣ, ҳизбӣ дида ба олам кушодааст. Ва 79 сол қабл дида аз олам бастааст.

Имомов Чинор (Очилдӣ) соли 1898 дар оилаи камбағал, дар деҳаи Зебони Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1911 дар мактаби маҳаллаи русии Самарқанд хондааст. Баъди хатми омўзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи Самарқанд (соли 1917) Имомов роҳи муборизаро пеш гирифт ва ғалабаи Инқилоби Октябрро бо хурсандӣ истиқбол кард. Ў ходими ҳизбӣ ва давлатӣ буд.  Аз соли 1918 аъзои КПСС буд.

Соли 1918 котиби ташкилоти «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» мешавад ва дар байни аҳолии маҳаллӣ марксизмро пропаганда мекунад. Соли 1918 раиси кумитаи инқилобии Ўротеппа, баъдтар раиси кумитаи ҳизби коммунисти уезди Ўротеппа интихоб мешавад.

 Солҳои 1920-1922 раиси кумитаҳои ҳизбию уездии шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд, соли 1923 ҷонишини якуми раиси КМН ва КХ ИКД-и РАСС Туркистон буд.

Имомов дар ташкил намудани аввалин нашрияи шӯравии  тоҷик «Овози тоҷик» (1924) ҳиссаи калон гузоштааст. Соли 1924 котиби Бюрои ҳизбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, котиби масъули Бюрои ташкилии ПК (б) Ўзбекистон дар РАСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1928-1930 дар Донишгоҳи   Коммунистии Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1924-1928 аъзои Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП(б), аъзои КМ ва Бюрои КМ ПК(б) Ўзбекистон, солҳои 1930-1935 комиссари маорифи халқ, комиссари халқии тандурустӣ, комиссари халқии адлияи РСС Тоҷикистон, соли 1935 котиби масъули КИМ-и республика, солҳои 1936-1937 мудири корҳои СКХ Тоҷикистон, солҳои 1930-1937 аъзои Бюрои КМ ПК(б) Тоҷикистон, аъзои КИМ-и Тоҷикистон, Ўзбекистон ва СССР интихоб гардидааст. Чинор Имомов соли 1939 аз олам чашм пўшидааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. –  Душанбе, 1980. – Ҷ. 2. – С. 568.

Дар бораи Чинор Имомов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:

Чинор Имомов – ифтихори мо. – Хуҷанд, 2008. – 47 с.

Мирзозода, И. Чинор Имомов. – Душанбе: Адиб, 2009. – 56 с.

Келдиев, И. Муборизи матин: Дар бораи болшевик, барқароркунандаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, роҳбари болаёқати партиявӣ Чинор Имомов // Маориф ва маданият. – 1977. – 7 ноябр.

Келдиев, И. Фарзанди вафодори халқ: Чинор (Очилдӣ) Имомов – болшевики матин, муборизи фаъол баҳри барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ дар республика // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 29 декабр.

Насриддинов, В., Келдиев, И. Боли шикаста: Чанд саҳифа аз рўзгори сарбози инқилоб Чинор Имомов // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 2 август.

Эшонқулов, У. Роҳии роҳи ҳақ буд: Хотираҳои чанд оиди ҳаёт ва шахсияти барпокунандаи Ҳокимияти Советӣ Чинор Имомов // Комсомолии Тоҷикистон. – 1988. – 19 октябр.

Ҳусейн, М. Нотакрор аст ҳар лаҳзаи таърих: Ё чанд сатри тарҷумаи ҳоли Чинор Имомов // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 19 январ.

Эшов, М. Зебон ва зебониҳо: Дар бораи собиқ котиби масъули бюрои ташкилии партиявии республикаи навташкили мухтори Тоҷикистон Чинор Имомов // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 21 июл.

Муродӣ, А. Ҷоннисори миллат: Соли равон фарзанди содиқи ватан Чинор Имомов 110-сола шуд // Омўзгор. – 2009. – 18 декабр.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ