Чу Дороб пеш омаду ҳамла бурд...

 Дороб яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шоҳи Эрон, писари Баҳман, фарзанди Исфандиёр. Модараш Ҳумой духтари Баҳман буд, ки Баҳман ўро ба никоҳаш даровард ва ў мебоист тахти шоҳиро ба фарзандаш вогузор мекард. Ҳумой обистанӣ  ва таваллуди фарзандашро ниҳон медошт. Пас аз таваллуд фарзандашро ба доя дод. Дар ҳаштмоҳагӣ сандуқеро бо дебову ҳарир орост, дар он зару ҷавоҳир ва дурри шоҳвор ниҳода ба дарёи Фурот (дар баъзе нусхаҳои «Шоҳнома» Даҷла омадааст) андохт. Дидбоне таъйин кард, ки шинои сандуқро назорат кунад. Дидбон дид, ки сандуқро об ба ҷўйборе бурд ва он ба дасти гозуре расид.

  Дидбон ба қаср баргашт ва сурати ҳолро ба Ҳумой гуфт. Гозур дар сандуқ кўдакро дида, хурсанд шуд ва ўро ба хона овард. Завҷаи гозур кўдакро чун атои Худованд қабул кард, чунки чанд рўз пештар тифли навзодаш фавтида буд. Зан ба кўдак шир дод. Ўро барои аз об дарёб шуданаш «Дороб» ном ниҳоданд. Гозур ба шаҳри дигар кўчид ва дурри гавҳари дар сандуқбударо фурўхта, зиндагӣ мекард.

 Дороб ба мактаб рафт, таҳсили илм кард ва аспсаворӣ, найзабардорӣ, гўю чавганбозиро омўхт. Аз гозур дурру  гавҳар гирифта, аспу силоҳ харид ва ба хидмати марзбони шаҳр дохил шуд. Марзбон дар ҷанг бо румиён кушта шуд. Ҳумой барои ҳимояи марз сипаҳбанд Рашнводро фиристод. Рашнвод сипоҳ ҷамъ кард. Дороб низ яке аз сипоҳиёни ў шуд. Рўзи гузашти лашкар Ҳумой дар қатори сипоҳиён Доробро бидид ва меҳри модарӣ дар ў бедор шуд. Сипоҳи Эрон бо румиён ҷанг кард. Дороб дар ҷанг қаҳрамониҳо нишон дод.

Чу Дороб пеш омаду ҳамла бурд,

Инонро ба аспи таковар супурд.

Ба пеши сафи румиён кас намонд,

Зи гурдони шамшерзан бас намонд.

Ба қалби сипоҳ андаромад чу гург,

 

  Пароканда кард он сипоҳи бузург.

  Ҳама лашкари Рум барҳам дарид,

   Касе аз ялон хештанро надид.

           

 Пас аз набард Рашнвод аз Дороб аслу насабашро пурсид. Дороб аз саргузашти худро дар хонаи гозур ҳикоя кард. Рашнвод инчунин гозуру занашро даъват кард ва бо онҳо сухан гуфт. Ҳамаи донистаҳояшро ба Ҳумой навишт. Ҳумой Доробро ба шаҳр оварда, дар ҳузури дастурону мубадон тоҷу тахтро ба ў дод.

 Дороб бо тозиён ҷангид ва онҳоро ба додани боҷ маҷбур кард. Румро низ забт намуд ва қайсар Файлақусро вазифадор намуд, ки ҳар сол ба вазни чиҳил мисқол, сад ҳазор тухми зарин ба Эрон боҷ бидиҳад. Инчунин вай духтари Файлақус- Ноҳидро ба занӣ гирифт, вале пас аз мудатте ўро ба ватанаш баргардонд. Аз Ноҳид, ки ҳомила буд, Искандар ба дунё омад.

Пас аз Дороб ба тахти Эрон Доро нишаст.

 

 Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 151.

 Муаллиф:  Г. Саъдиева

 Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 151.

 Муаллиф:  Г. Саъдиева

 

Аз “Шоҳнома” ва дар бораи он ин матолибро ҳам дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед:

Достонҳои  “Шоҳнома”. – Душанбе: Маориф, 1977. – 227 с.

Достонҳои  “Шоҳнома”. – Душанбе: Маориф, 1977. – 232 с.

Достонҳои  “Шоҳнома”. – Душанбе: Маориф, 2016. – 232 с.

Достонҳои  “Шоҳнома”.  – Душанбе: Маориф, 2016. – 264 с.

 

 Раҷабзода, М. Нақши Шоҳномаи Фирдавсӣ дар тарбияи шахсият. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 188 с.

Саидзода, Ҷ. “Шоҳнома”- дирафши ҷовидон // Ҷумҳурият. – 2018. – 6 август.

Восиева, Г. Ҳамон беҳ, ки некӣ бояд пойдор…: Муҳимтарин мавзўъҳои адабиёти асил ва шоҳкории барҷастаи инсонӣ “Шоҳнома- и Ҳаким А.Фирдавсӣ” // Паёми Душанбе. – 2019. – 3 октябр.

Фирдавсӣ ва қомуси илми ҳарб: Доир ба китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ // Ватанпарвар. – 2019. – 20 август.

Расм аз Интернет. Шоҳнома. Зоҳиран набарди Рустам аст.

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ