Олими маъруф, инсони шариф

 Агар профессор Баҳром Шермуҳаммадиён зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 85 қадам мегузошт. Зодаи Самарқанди бостонӣ, олиме, ки бештар фолклори миллатро пажӯҳиш кардааст. Аз зумраи касонест, ки сурудаҳои халқро дар даҳҳо китоб гирд овардаву чоп кардааст ва ба шарофати онҳо имрӯзиёд аз сурудаҳои мардумӣ баҳра мебардоранд.

 Баҳроми Шермуҳаммадиён 10 декабри соли 1934 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тўлонӣ дар шуъбаи фарҳанги мардумии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ходими илмӣ будааст.

 Доктори илми филология (1988), профессор (1993), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буд. Омўзиши фарҳанги мардум аз шуғлҳои асосии ў буда, нахустин мақолаву гузоришоташ аз ибтидои солҳои 50-ум дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд.

 Маҷмўаҳои қиссаву таронаҳои мардумӣ – «Дарвоза нигин дорад» (1961), «Баҳори лолазор омад» (ҳамроҳи Р. Аҳмадов), «Гунҷишкаки мўзасурхак», «Як лаълӣ марҷон», «Сандуқчаи зулбиё», «Себи сари пул», «Лелак лелаки Боқӣ», «Бибигамбўссак», «Кадучаи ғелон» ва ғайра дар бозгўйӣ ва таҳияи ў ба табъ расидаанд.

 Нашри илмӣ-оммавии гулчини «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Таронаҳои Самарқанд» (1966) ва «Фолклори Бухоро» (ҳамроҳи Д. Обидов ва Ҷ. Рабиев) бо заҳмати ў сурат гирифтааст.

  Дар таҳияи Куллиёти сиҷилдаи фолклори тоҷик саҳми арзанда гузоштаааст. Куллиёти чаҳорҷилдаи рубоиёт, Куллиёти дуҷилдаи сурудҳои ғайримаросимӣ, Куллиёти суруду таронаҳои мавсимӣ ва бачагонаи точикӣ бо ширкати фаъолонаи ў таҳия шудаанд.

  Бо кўшишу заҳмати ў матни «Гўрғулӣ» таҳия ва тавассути радио шунавонида шудааст. Соли 1988 (ҳамроҳи И. Брагинский ва Ҳ. Назаров) дар Маскав ин ҳамосаи халқиро ба забонҳои аслӣ ва русӣ ба табъ расондааст.

 Достони мардумии «Чамбули Мастон» борҳо тавассути радио садо додаст, ки дар ин кор ҳам саҳми ў калон будааст.

 Дар ҳамкории академик Р. Амонов ҷилди чаҳоруми «Тазкираи адабиёти бачагона. Эҷодиёти даҳонакии халқ»-ро таҳия кардааст.

 Тадқиқоти чандинсолаи ў дар рисолаи «Назми халқии бачагонаи тоҷик» (1973) фароҳам омадааст.

 Маҷмўаҳои «Қиссаҳо аз рўзгори Фирдавсӣ» (1994), «Ҳафт аллома» (1994), «Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонони «Шоҳнома» (1996, ба форсӣ), «Пирони сухан дар қиссаҳои куҳан» (1998, ба форсӣ; дар ҳамдастии Д. Обидзода)-ро ба табъ расондааст.

 Бисёр мақолаву таҳқиқоташ дар ҷумҳуриҳои шўравӣ, Афғонистон ва Эрон чоп шудаанд.

 Баҳроми Шермуҳаммадиён 22 июни соли 1998 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 298.

Аз Баҳром Шермуҳаммадиён дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам  метавонед бихонед:

Як соҳаи муҳими сарвати маънавии халқ: Фолклор // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 9 феврал.

Дарахти дўстӣ биншон…: Дар бораи роли фолклори тоҷик ва намунаҳои фолклори тоҷик ба забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 7 март.

Ҳифзи сарвати маънавӣ // Газетаи муаллимон. – 1983. – 6 октябр.

Парастиши об: Фолклор // Ҷумҳурият. – 1990. – 30 январ.

Суруди гаҳвора: Оид ба тарзи хондани алла ва таронаҳои навозишӣ // Омўзгор. – 1993. – 3 март.

Таърихномаи миллат: Оиди расму оин ва ҷашну суннатҳои анъанавии тоҷикон // Садои мардум. – 1993. – 11 апрел.

Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ: Дар бораи ҳамватанони мо берун аз марз ғарибгашта ва силсилаи шеърҳо дар васфи ғарибӣ // Садои мардум. – 1993. – 28 октябр.

Мусаввири чирадасти рўзгори бачаҳо: Дар бораи адиби шинохтаи тоҷик Болтаи Ортиқзода // Садои мардум. – 1994. – 22 декабр.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ