Агар адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ зинда мебуд...
Нашр шуд 2020-02-14 14:15
Оре, агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале ин адабиётшиноси шинохтаву донишманди хуб умри хеле кутоҳе дошта. Вай дар синни 46 - солагӣ тарки олам кард. Синне, ки мебоист беҳтарин таҳқиқотҳои адабиашро анҷом медод. Ёдаш ба хайр!
Маъруф Раҷабӣ 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кўлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Кўлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст.
Дар мавзўи рушду камоли насри муосири тоҷикӣ қариб 100 мақола ба табъ расондааст. Бештар осори Устод Айнӣ, Ҷ.Икромӣ. С. Улуғзода, Р.Ҳодизода. Ю.Акобиров ва У.Кўҳзодро баррасӣ кардааст.
Дар таҳқиқи масъалаҳои таҳаввули жанри таърихӣ, поэтикаи наср, анъанаву навоварӣ майлу рағбати қавӣ зоҳир намудааст.
Солҳои охир барои аз назари тоза ба муҳокима гирифтани таърихи адабиёти муосирамон, махсусан, проблемаҳои алоқаманди ҷадидия, талош варзида, дар ин бора мақолаҳои «Рўйдодҳои зиндагӣ ва инкишофи характер»(1988), «Қадамҳои ноустувору устувори танқид»(1989), “Андаке дар бораи «Душмани халқ» (1990), «Сабақҳои сиёсати адабӣ»(1990), «Ҷадидия ва инқилоб»(1991), «Тарбия ва адабиёт» (1992), «Барои шумо аз асри XXI” (1922) ва ғайра, ҳамчунин рисолаҳои “Ислом: Ҷадидия ва Инқилоб”(1998), “Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954” (1998) - ро ба қалам овардааст.
Муаллифи китобҳои “Тадқиқи характер” (1990), “Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули потика” (1990), “Ба фикри ман” (2003), “Сотим Улуғзода - абармарди набарду андеша” (2004) ва ғайра мебошад.
Доктори илмҳои филология (1998), узви вобастаи АИҶТ (1999). Соли 1999 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст. Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
24 декабри соли 2001 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014.– С. 201.
Аз Маъруф Раҷабӣ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ: Асосҳои назарияву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якуми шуравӣ с.1920-1954. – Душанбе: Адиб, 1997. – 208 с.
Ташнаи дидор. – Тирмиз: Ҷайҳун. – 58 с.
Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. – Душанбе: Адиб,1997. – 207 с.
Гумон ё танқид // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 11 сентябр.
Дар самтҳои ҷустуҷў: Дар бораи повестҳои тоҷикӣ // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 17 сентябр.
Силсилаҳои замони ҷанг: Қасри тоҷик дар даврони ҷанг // Газетаи муаллимон. – 1989. – 25 март.
Партия ва адабиёт: Руҷўе дарёфтани оғозҳои ҷараёни адабӣ // Садои Шарқ. – 1992. – №7-8. – С.131-138 Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.