Дяконов Игор – муҳаққиқи варзидаи Мод, Ошур, Урарту, Шумер, Эрон...

Дяконов Игор Михайлович 30 декабри соли 1914 дар Петроград ба дунё омадааст. Шарқшиноси рус доктори илмҳои таърих (1960), узви ифтихории Анҷумани шарқшиносони Амрико (1972),  Академияи  санъат ва илми Амрико (1985),  Академияи  илмҳои  гуманитарии Русия (1992), Анҷумани осиёии шоҳии Британияи Кабир ва Ирландия.

Иштирокчии ҶБВ (1941–1945). Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1938). Муаллими кафедраи сомишиносӣ (1940–41,1945–50), ходими илми, мудири шуъбаи Шарқи қадими Эрмитажи давлатӣ (1936–59), ходими илми шуъбаҳои ленинградии Институти таърих ва институти шарқшиносии АИ ИҶШС (аз 1953).

Муаллифи чандин рисола ва  зиёда  аз 250  мақолаи илмӣ. Самтҳои асосии таҳқиқот: омўзиши таърихи қадими Мод, Ошур, Урарту, Шумер, Эрон, таҳқиқи ҳуҷҷатҳои қадими Шарқ (Нисо,Урарту), омўзиши забонҳои қадими соммӣ ва мардумони Осиёи Хурд.

Баъзе бобҳои китоби «Таърихи дунёи қадим» (дар се ҷилд; 1982) ва «Таърихи Шарқи Қадим» (ду ҷилд; 1983, 1988) ба қалами Дяконов  мансуб мебошанд. Ў 2 майи соли 1999 дар шаҳри Санг Петербург аз дунё даргузашт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. –  С. 332. 

Муаллиф: Қ. Расулиён

Таҳияи Парвина Қаюмова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.