Муаллифи “Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона” 110-сола шуд

Дар адабиёт кам иттифоқоте пеш омада, ки ходимоти давлативу соҳибмансабони сатҳи олӣ баъдан номи худро чун адиби маъруф дар таърихи адабиёт сабт карда бошанд. Ҳабибулло Назаров касе буд, ки бо маълумоти ҳуқуқшиносӣ то зинаҳои вазири адлия ва Раиси додгоҳи олӣ кор кард, вале дар охир чун нависандаи маъруф шуҳрати абадӣ ёфт. 15-уми августи соли 2017 ин адиби нуктасанҷ 110-сола шуд.

Назаров Ҳабибулло 15-уми августи соли 1907 дар деҳаи Тўдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1927 сар мешавад.  Даставвал чўпон буд, баъдтар аҳли деҳааш ўро раиси Иттиҳодияи камбағалон интихоб карданд. Котиб ва ҷонишини раиси деҳшўро, котиби ташкилоти комсомолӣ, раиси ҷамъияти кишоварзӣ будааст.

Ҳабибулло Назаров нависандаи шӯравии тоҷик буд. Аз соли 1939 ба сафи ҳизби коммунист пайваст.    Аввал дар мактаби кўҳна, курси маҳви бесаводӣ ва мактаби шабона таҳсил кардааст.  Аз соли 1931 ба органҳои адлия ба кор гузашта, курси дусолаи ҳуқуқшиносии Душанбе (солҳои 1931-1932), Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ (солҳои 1938-1941) ва соли 1951 Институти ҳуқуқшиносии Москваро хатм намудааст.   

Солҳои гуногун дар вазифаҳои судяи халқӣ (солҳои 1933-1938), аъзои  Суди Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1941-1945), муовини вазири адлия (солҳои 1945-1952), вазири адлияи РСС Тоҷикистон (солҳои 1952-1959) ва раиси Додгоҳи Олии кишвар (солҳои 1959-1962) кор кардааст.

Фаъолияти адабиаш аз шеърнависӣ аз соли 1930 оғоз шудааст. Шеърҳои ҳаҷвиаш ибтидои солҳои 50-ум дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд. Муаллифи маҷмўаи шеърҳои «Барои сулҳ» (соли 1956), «Қалами озод» (соли 1960, ба забони русӣ), «Бахти ҷовидон» (соли 1962) мебошад.
Соли 1958  Ҳабибулло Назаров повести «Дар ҷустуҷўӣ Карим-Девона» -ро нашр кард, ки аз ҳаёт ва фаъолияти шоири халқӣ, шоири соҳибзавқи тоҷик Карим-девона ҳикоят мекунад. Асари мазкур ба 28 забони халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума шудааст.
Соли 1965 повести «Йўлдош Командир» аз корнамоиҳои яке аз муассисони отрядҳои ихтиёрӣ Йўлдош Соҳибназаров ҳикоят мекунад. Нависанда дар симои сардори ихтиёриён  Йўлдош кордонию фидокории тоҷикони солҳои инқилобиро нишон додаст.       
Ҳикояи «Ало ва Тарғел» (1965; тарҷумаи русӣ («Рыжик и Пятнашка», 1965) барои бачаҳо эҷод шуда, ба ҳаёти пурмашаққати чўпонбача ва бедодгарии босмачиёни хонумонсўз тааллуқ дорад.
Дар фаъолияти эҷодии Назаров повести «Мирзо Ризо» (соли 1970) мақоми хос дорад. Ин асар дуюмин китоби калонҳаҷми нависанда буда, аз саҳифаҳои рангини ҳаёти нав ҳикоят мекунад. Муаллиф матонат ва мардонагии тоҷикписар, комсомол Мирзо Ризоро ба тасвир гирифта, ташаккул ёфтани одами нав, сохти нав, фанои олами кўҳна, беҳудаю ройгонии макру ҳиял ва бақои ҳақиқату адолатро нишон додааст. Конфликти асар тезу тунд буда, хусусиятҳои хуби экспрессивӣ дорад. Соли 1971 Ҳабибулло Назаров бо ҳамқаламии Ҷалол Икромӣ романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафар Махсум»-ро иншо кардааст. Дар роман  ҳаёти мардуми бекасу кўй ва қашшоқи тоҷик дар давраи амирони Ҳисор тасвир ёфтааст. Дар асар симою сифати қаҳрамони асосӣ Сафар-махсум ба воситаи образҳои Ҳаннон, Ҷоҷабуласон, Холи Поякӣ, Ҳоҷӣ Насим ва дигарон хуб кушода шудааст. Муаллиф дар симои ин қаҳрамонҳо романи «Баландии 114» (1977) лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти халқи тоҷикро инъикос менамоянд.

Ҳабибулло Назаров муаллифи сенарияи филмномаҳои «Ҳабиб-ромкунандаи морҳо» (1973, бо ҳамқаламии В. Максименко) ва «Муҳосираи Душанбе» (1975, бо ҳамқаламии Д. Булгаков) мебошад, ки онҳо аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.

Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, борҳо вакили мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ буд.

Ҳабибулло Назаров бо ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат”, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Дўстии Халқҳо, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуда, аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд

Ҳабибулло Назаров 25-уми январи соли 1978 дар Душанбе вафот кардааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе. – 1989. – Ҷ.2. – С. 411-412.

Муаллифон: Т. Шокирова, А. Юнусов.

Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб. – 2003. – С. 335-336.

Муаллиф: Гулназар.

Аз осор ва дар бораи Ҳабибулло Назаров дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:

Осор:

Барои сулҳ: Шеърҳо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон. – 1956. – 47 с.
Карим Девона: Повест. – Душанбе: Ирфон. – 1967. – 220 с.
Йўлдош-командир: Повест. – Душанбе: Ирфон. – 1977. – 64 с.
Роҳи сафед. – Душанбе: Ирфон. – 1977. – 143 с.
Афғонистони навин. – Душанбе: Ирфон. – 1982. – 176 с.
Ало ва Тарғел: Ҳикоя. – Душанбе: Адиб. – 1988. – 30 с.
Омолу афкори Саид Ҷамолиддини Афғонӣ. – Душанбе: Дониш. – 1991. – 106 с.
Садоқат: Повест ва қисса. – Душанбе: Ирфон. – 1997. – 96 с.
Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. – Душанбе: Дониш. – 1998. – 65 с.
Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён. – Душанбе: Ирфон. – 1999. – 138 с.
Дар ҷустуҷўи Карим Девона: Қисса. – Душанбе: Балоғат. – 2007. – 336 с.
Осори мунтахаб: Наср. – Душанбе: Адиб. – 2007. – Қ. 1. – 400 с.
Ашъори сулҳ: Шеър // Тоҷикистони Сурх. – 1951. – 19 октябр.
Хушбахти даврон гуфтаам: Шеър // тоҷикистони Сурх. – 1954. – 30 июн.
Қалами озод: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1956. – 17 феврал.
Аз дами шамшерам хун мечакад: Порча аз романи «Мирзо Ризо» // Маориф ва маданият. – 1964. – 30 май.
Ҳисорам: Шеър бахшида ба води Ҳисор // Байрақи ленинизм. – 1973. – 1 январ.
Вақтро вақте набуд; Ҳисорам; Вафодорам; Кам-кам гирифт: Шеърҳо// маориф ва маданият. – 1978. – 4 март.
Наврўзӣ: Шеър // Чархи гардун. – 2002. – 21 март.

Дар бораи Ҳабибулло Назаров:

Ҳоҷӣ, Б. Дар мотами Ҳабибулло Назаров // Маориф ва маданият. – 1978. – 9 феврал.
Шокиров, Т. Вассофи фидоиёни тоҷик: Дар бораи адиб Ҳ. Назаров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 20 сентябр.
Аминов, С. Баёни фасеҳу равон: Бахшида ба 90-солагии нависанда Ҳ. Назаров // Омўзгор. – 1997. – 23 октябр.
Рўзии Аҳмад. Адиби ватанпарвар: Ба ифтихори 90-солагии Арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда Ҳ. Назаров // Омўзгор. – 1997. – 23 октябр.
Бобо Ҳоҷӣ. Ёдат ба хайр бод: Ба ифтихори 90-солагии зодрўзи нависанда Ҳ. Назаров // Ҷумҳурият. – 1997. – 25 октябр.
Ҳусейн, М., Абдулло, М. Ҳабиби мардум: Ба ифтихори 90-солагии зодрўзи нависанда Ҳ. Назаров // Ҷумҳурият. – 1997. – 1 ноябр.
Раҷабова, З. Адиби адолатпеша: Ба ифтихори 100-солагии шоир ва нависанда Ҳабибулло Назаров // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 15 март.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ