Агар Шодон Ҳаниф дар ҳаёт мебуд, 10-уми март ба синни 83 қадам мегузошт
Нашр шуд 2017-03-09 17:17
Шодон Ҳаниф, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони пурмаҳсул ва хушнависи кишвар 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалиқи вилояти Самарқанд ба дунё омадааст.
Соли 1958 шуъбаи тарҷумони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррир, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», сармуҳаррири идораи барномасозии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ» буд. Чанд сол бо мутахассисин ва ўрдуи шўравӣ дар Афғонистон кор кардааст.
Ба кори эҷодӣ аз соли 1960 ба эҷод машғул шудааст. Китоби ҳикояҳои бачагонааш «Майна» соли 1968 чоп шуд. Маҷмуаҳои очеркҳояш «Қаҳрамони Вахш» соли 1973, «Вохўрӣ» 1974, «Кўҳ ба кўх мерасад” соли 1976, «Пайроҳаи оҳугузар» соли 1975, романҳои «Ҷон ба гарав соли 1982 ва бо забонӣ русӣ соли 1985, «Уқоби захмин» соли 1994, «Хунбаҳо» соли 1995 ба табъ расидаанд.
Чанд дром низ навиштааст, ки «Домоди шаҳрӣ» (1976), «Обфурўш» (1984) аз ин ҷумлаанд.
Қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, узбекӣ низ тарҷума шудаанд.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд,, бо чанд ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1975 узви Иттифоқи Нависандагон буд.
Аз Шодон Ҳаниф шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ асарҳои зеринро мутолиа намоед:
Адабиётҳо
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ