Баҳси мушкилоти китобхонаҳо дар мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-09-05 18:55
Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ субҳи имрӯз мушкилоти китобхонаҳо дар кишварро ба баҳс кашиданд.
Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои библиографияи миллӣ, хизматрасонии библиографӣ ва шуъбаи абонименти байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъ ва проблемаҳои китобхонаҳои Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир” доир гардид.
Мизи мудаввар бо суханони муқаддамотии директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода шуруъ шуд. Директори Китобхонаи миллӣ аз нақши китоб дар тамаддуни башарӣ ҳарф зад ва баргузории чорабиниҳои зиёд дар Рӯзи китобро талоши созанда барои ҷалби хонанда ба китобу китобхона унвон кард.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода дар мавзӯи “Фаъолияти библиографии Китобхонаи миллӣ дар даврони истиқлолият” суханронӣ кард. Вай гуфт, ки ин бинои боҳашамат самараи Истиқлолият аст ва ташаббускори бунёди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шариф Комилзода иброз дошт, ки ҳадафи Президент аз ин иқдом бунёди кохи бегазанде буд, ки миллионҳо адад китобро барои наслҳо нигоҳ дошта тавонад.
Муовини сардори шуъбаи илмӣ тадқиқотӣ Ҳокимҷон Муҳаммадҷонов дар мавзӯи “Дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ситораи Абдумуъминзода дар мавзуи “Китобхонаҳо кафили ояндаи пурсаодати Тоҷикистон” ва мутахассиси шуъбаи дастхатҳои шарқи Китобхонаи миллӣ Ҳадиятуллоҳи Амриддин дар мавзӯи “Китоб - ганҷинаи дониш аст” маърӯза карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки мизи мудаввари мазкур идомаи силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи китоб ва солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд.
Фарзонаи МИРЗО