Нодири Нодирпур
Аз ҷумлаи машҳуртарин шоирони эронист. Муҳаббате ба Тоҷикистон дошт, дар сӯги Мирзо Турсунзода шеъри хубе сурадааст. Аз пайравони мактаби шеъри Нимо ва аз муваффақтаринҳо дар шеъри нав аст.
Шоири эронӣ Нодири Нодирпур 6 июни соли 1929 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 ба Франсия рафт ва бо илму фарҳанг ва адабиёти ин сарзамин шинос гардид. Охири соли 1980 Нодирпур боз ба Франсия муҳоҷират намуд ва дар он ҷо зиндагиву кор мекунад.
Нодирпур ба шеъргўӣ охири солҳои 40 оғоз кардааст. Шеърҳои ў дар маҷмўаҳои «Чашмҳо ва дастҳо» , «Духтари ҷом», (ҳар ду соли 1954) , «Шеъри ангур» (соли 1958) , «Сурмаи хуршед», (соли 1960) , «Ашъори баргузида» (соли 1963) , «Баргузидаи шеърҳо» (соли 1970) «Гиёҳ ва санг на оташ», «Аз осмон то ресмон», «Субҳи дурўғин» (Пормс) мунташир шудаанд .
Ашъорӣ Нодирпур аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ғанӣ ва гуногунранг аст. Дар солҳои аввали фаъолияти эҷодияш ў қонуниятҳои инкишофи ҷамъиятро хуб дарк намекард, ҷаҳонро бесару сомон медид ва зиндагӣ барояш чун «шаби тор» ё «зимистони қаҳратун» буд. Дар ашъори ин давраинаи ў оҳангҳои яъсу ноумедӣ ҷой доранд. Омўзиш ва андўхтани таҷрибаи зиндагӣ, ҳамкорӣ бо ходимони пешқадами илму адаби Эрон – Парвиз Нотили Хонларӣ, Ҳушанги Соя, Сиёвуши Касроӣ ва дигарон дар ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури Нодирпур таъсир кардаанд. Аз охири солҳои 50- ибтидои 60 назари Нодирпур ба воқеияти зиндагӣ, моҳияти ҳастӣ ва рўйдоди ҷаҳон дигар шуд. Ў аз рўйдодҳои Эрон ва ҷаҳон, аз «оҳангарони пири путкҳо ба даст», аз «кўдакони зуд ба пирӣ расида,» аз ҳавфи ҷанги ядроӣ ва ғайраҳо сухан мегўяд. Дар чунин рўзгори пурташвишу серғавғо шоир интизори инсони далер, ғаюр ва қавирўҳест «то банд аз пои худ ва дигарон бигшояд»,
Эй офаридгор!
Ман орзуи як тан дорам,
То машъале баровард аз дил,
Ё офтобе аз ҷигари хеш
Ва онро чароғи ин шаби беравшанӣ кунад.
Вале ҳангоми Инқилоби солҳои 1978-19 79- и Эрон шоир ин гуна машъалфурўзони роҳи ростиро надид. Вақте роҳбарии Инқилоб ба дасти намояндагони дин афтод, ў ба хулосае омад, ки сохти иҷтимоии Эрон нисбат ба гузашта фасодтар гардид. Шоир таҳаввулоту дигаргуниҳои ин инқилобро «Субҳи дурўғин» номидааст.
Нодирпур аз пайравони Нимо Юшиҷ, мўътақидони ҷараёни «шеъри нав» (шеъри озод) ба шумор меравад. Вай дар шеърҳояш вазни арўзро риоя кардааст, лекин вобаста ба рафти воқеа ва руҳияву ҳолати қаҳрамони лирикӣ вазнро шикаста, мисраъҳоро дар шакли кўтоҳу дароз овардааст. Дар шеъри «Ҳамосае дар ғуруб» мисраи якуми банд аз чор мафойлун (V----), мисраъҳои панҷуму шашум аз ду мафойлун иборатанд. Тарзи қофиябандии шеъри классикии форс- тоҷик низ дар ашъори Нодирпур ба риоя нашудааст. Баъзе шеърҳои ў қофия надоранд. Дар баробари ин Нодирпур ба равия ва сабки шеъри классикӣ низ эҷод кардааст. Масъалан, Як ғазали ў чунин аст:
Ту ба ҷавонии ман омадӣ, ҷавон бошӣ
Баҳори умри манӣ, кош бехазон бошӣ.
Забони дил ба дуоят гушудам шабу рўз,
Ки моҳрўй бимониву меҳрубон бошӣ.
Ту дар сиёҳии шаб шўълаи сапедадамӣ,
Зи боди фитнаи айём дар амон бошӣ.
Дуои Нодират аз чашми бад нигаҳ дорад,
Биё, ки навгули ин мурғи субгоҳон боши.
Дар ашъори Нодирпур ибораву таркибҳои наву тоза ба мисли “нохуни борон” , “як ситора дил”, “як сина офтоб”, “зоғони шом”, “дарави тўфон”,”нажоди абр”, “боди ғариб”, “шеъри ангур” ва ғайра ба назар мерасанд.
Нодирпур дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон шўҳрату эътибори зиёд дошт. Доир ба эҷодиёти ў як рисолаи номзадӣ ва чандин мақолаҳо навишта шудаанд. Ашъораш ба забонҳои русӣ, озарӣ, ўзбекӣ қазоқӣ ва ғайраҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ шеърҳои Нодирпур дар матбуот ва маҷмўаи “Амвоҷи Қорун” (соли 1973) ба табъ расидаанд. Нодирпур ҳамроҳи Хонларӣ ва Лутфалии Суратгар моҳи декабри соли 1967 дар Симпозиуми шеъри форсӣ иштирок намуда, дар мавзўи “Кўҳна ва нав “ (оид ба шеър) маърўза кардааст. Нодирпур бо шоирону донишмандони тоҷик М. Турсунзода, М. Осимӣ. М. Қаноат робитаи дўстӣ ва фарҳангӣ дошт. Ў дар сўгвории М. Турсунзода шеъри пурэҳсосу самимонае эҷод намудааст, ки дар “Садои Шарқ” (1980, №9) ба табъ расидааст.
Нодири Нодирпур 18 феврали соли 2000 дар шаҳри Лос-Анҷелеси иёлоти Калифорнияи ИМА аз дунё даргузашт.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе. – 1989. – Ҷ.2. – С. 472.
Муалиф: Файзалӣ Наҷмонов.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Нодири Нодирпур ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед пайдо ва бихонед:
Нодирпур,Н. Ҳамосоӣ дар ғуруб; Шеъри ангур: Шеърҳо / Гирдоваранда М. Ҳазратқулов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 9 январ.
Нодирпур, Н. Шоир сарояндаи рўзгори хеш аст: Дар бораи шеъру шоирӣ // Маориф ва маданият. – 1966. – 5 феврал.
Нодирпур, Н. Қум: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 17 декабр.
Нодирпур, Н. Тулу дар ғуруб: Шеър // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 7 октябр.
Нодирпур, Н. Сурмаи хуршед: Шеър // Маориф ва маданият. – 1967. – 15 декабр.
Нодирпур, Н. Хоб мебинам: Шеър // Садои Шарқ. – 1968. – №2. – С. 48-49.
Нодирпур, Н. Ғазали шабона; Сарзанише дар ситоиш: Шеърҳо / Ҳозиркунандаи чоп А. Насимов // Содои Шарқ. – 1973. – №2. – С. 80-81.
Нодирпур, Н. Асб; Ҳавопаймо; Рўдакӣ ва ман: Шеър // Садои Шарқ. –1973. – №9. – С. 69-70.
Нодирпур, Н. Туғён; Найзае дар ҳаво; Дар ҳар чӣ ҳасту нест; Хирман: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1975. – №6. – С.106-108.
Нодирпур, Н. Шаҳодат; Суруди халим; Бедард нестам: Шеърҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 8 декабр.
Нодирпур, Н. Ба Муҳаммад Иқбол: Шеър / Таҳияи Низом Қосим // Газетаи муаллимон. – 1989. – 18 март.
Нодирпур, Н. Ғазалҳо; Хутбаи зимистонӣ; Ошиқона: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 23 май.
Дар бора Нодирпур
Шеъре, ки оташ аст: Бахшида ба 60- солагии Нодир Нодирпур // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 7 октябр.
Тасвиргари бузург: Дар бораи шоири Эрон Нодирпур // Адабиёт ва санъат. – 1992. –11 июн.
Сатторӣ, П. Чашмандозе ба як мақолаи шоир: Дар бораи Н. Нодирпур // Ҳақиқати Хатлон. – 1990. – 2 феврал.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи милли