​Китобномаи шарҳиҳолии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муаммадиев аз чоп баромад

Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омўзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт оид ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўадулло Рўдакӣ ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон  Фазлиддин Муҳаммадиев аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ мураттибон Наргис Валиева, Бибикубрия Курбонова,  пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Баргигул Наботова, Зафар Ғолибов ва муҳаррир Гадобек Маҳмудов таҳия шудааст.

Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 80 саҳифа аз чоп баромад.

Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва кўмакфеҳристҳо иборат мебошад.

Дар қисми аввали дастур номгўйи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопӣ ва электронӣ, тарҷумаҳо ва мусоҳибаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев иникос ёфтааст.

Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Фазлиддин Муҳаммадиев ва маводи оид ба ўро дар бар мегирад.

Номгўйи ҳамаи асарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва тибқи меъёрҳои стандартӣ тасвир шудаанд.

Дастури шарҳиҳолию библиографии мазкур маводи чопию электронии солҳои 1951-2018 нашршударо дар бар мегирад.

Барои осон дарёфт намудани мавод дар дастур нишондиҳандаҳои ёрирасони алифбоии асарҳо ва номӣ оварда шудааст.

Ба хотири ошноии комил пайдо кардан ба эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури шарҳиҳолию библиографии ўро дар шакли нисбатан комил карда, онро ба аҳли илму адаби кишвар ва доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд.

Таҳияи Б.Қурбонова, Ҳ. Назарова,  

кормандони шуъбаи бибилиографияи миллӣ