Даричаи ошноӣ: Ҳаким Низомии Ганҷавӣ
Нашр шуд 2017-03-11 17:38
Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо 12-уми март зодрӯзи Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, яке аз машҳуртарин ва маъруфтарин достонсароёни адабиёти форсу тоҷик аст.
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бинни Юсуф бинни Закӣ бинни Муайид мутахаллис бо номи Низомӣ ва номвар ба Ҳаким Низомӣ шоир ва достонсарои порсигӯи ҳавзаи тамаддуни форсӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ (дувоздаҳуми милодӣ) аст, ки ба унвони пешвои достонсароӣ дар адаби форсӣ шинохта шудааст.
Низомӣ дар зумраи гӯяндагони тавонои шеъри форсӣ аст, ки на танҳо дорои равиш ва сабки ҷудогона аст, балки таъсири шеваи ӯ бар шеъри форсӣ низ дар шоирони пас аз ӯ комилан мушоҳида мешавад. Низомӣ аз донишҳои роиҷи рӯзгори хеш огоҳии васеъ дошта ва ин хусусият дар шеъри ӯ ба рушанӣ дониста мешавад.
Ў соли 1141 дар шаҳри Ганҷа, маркази вақти Озарбойҷони шимолӣ ба дунё омадааст. Ганҷаи он замон шаҳри мутараққие буд, ки ҳавзаи хуби илмӣ ва адабӣ дошт. Мувофиқи маълумоти бисёр манбаъҳои таърихӣ ва адабӣ аҷдоди падарии Низомии Ганҷавӣ аз аҳли Қуми Эрон будаанд. Модари шоир аз деҳоти атрофи Ганҷа ва ба қавли худи шоир “раисаи курд“ буд.
Тасвири рӯзи ҷанозаи Маҷнун
Олими эронӣ Ваҳиди Дастгирдӣ дар пажуҳиши хеш оид ба Низомӣ менависад: “Барои исботи ин матлаб, ки оё зодбуми Низомӣ ҳамон шаҳри Ганҷа аст ё ин ки дар Ироқи Аҷам мутаваллид ва дар замони кӯдакӣ бо падар ба Ганҷа рафта, далеле дар ашъораш нест, вале тақрибан тамоми тазкиранависон менигоранд, ки дар Ганҷа мутаваллид шудааст.
Шоир дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гашт. Тарбия ва сарпарастии ўро тағояш Хоҷа Умар ба ўҳда гирифт. Таҳсилаш пурра дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар омўхтани илмҳои гуногун Низомӣ кўшиши зиёд дошт. Ў аз илмҳои замонааш фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофия, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз намуд.
Дар баробари донистани илмҳои замони худ, Низомӣ аз мероси бадеии Юнони Қадим, ёдгориҳои хатти паҳлавӣ, осори илмию адабии араб, таърихи халқҳои Қафқоз ва адабиёти форсу тоҷик пурра огоҳ буд. Вай адабиёти даҳонии халқи худ ва расму одоби насронию яҳудӣ ва паҳлавиро хуб медонист. Илмҳои табиӣ, махсусан, тиб ва нуҷум (астрономия)- ро хуб аз худ карда буд. Аз ҳамин сабаб, ўро ҳамчун донишманди ҳамадон, яъне ҳаким эътироф карда буданд.
Ҳаким Низомии Ганҷавӣ умрашро дар Ганҷа дар зуҳд ва узлат сипарӣ кардааст ва танҳо соли 581 ҳиҷрӣ бо даъвати Султон Қизил Арслон муддати хеле кутоҳе ба дарбори ӯ рафт ва аз ӯ инъомҳо дид.
Ҳаким Низомии Ганҷавӣ соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Оромгоҳи ӯ ҳоло дар ҳамин шаҳр ва зиёратгоҳи аҳли дил аст.
Осори Низомии Ганҷавӣ, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ пайдо мешавад:
Низомии Ганҷавӣ. Ҳикоятҳо аз «Хамса». – Душанбе: Ирфон, 1969. – 150 с.
Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт: Лайлӣ ва Маҷнун. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 368 с
Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт: Ҷилди 1. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 464 с.
Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт: Ҷилди 3. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 416.
Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 496 с.
Низомии Ганҷавӣ. Ҳазору як андарз. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2007. – 188 с.
Низомии Ганҷавӣ. Маҳзану – л – асрор, Хусраву Ширин. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.
Донишмандон дар бораи Низомӣ ва осори ӯ
Брагинский, И. Дар бораи роли Низомӣ дар тараққиёти назми точик ва дар бораи дўстии халқҳои советӣ // Шарқи Сурх. – 1947. – № 9. – С. 15 – 19.
Мусулмонқулов, Р. Нақши ҷовид: Тафсири образи бадеии Борбади Марвазӣ дар достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ ва Амир Хусрав // Садои Шарқ. – 1989. – № 3. – С. 11.
Андар васфи Борбад: Гуфтаҳои Низомӣ // Тоҷикистон. – 1990. – №4. – С. 5.
Муллоаҳмадов, М. Суннатҳои волои Низомӣ: Андешаҳо перомуни «Хамса» - и Низомии Ганҷавӣ // Садои Шарқ. – 1992. – №6. – С. 140 – 142.
Низомова, С. Калимасозии пасванди « – гоҳ» дар «Хамса» - и Низомӣ // Адаб. – 2000. – № 2. – С. 14.
Худоёров, Р. Ғазал дар достони «Хусрав ва Ширин» - и Низомии Ганҷавӣ // Китобдор. – 2009. – № 2-6. – С. 17-20.
Убайдов, Ф. Унсурҳои шевагӣ дар «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Низомии Ганҷавӣ // Илм ва ҳаёт. – 2015. – № 4. – С. 15 – 17.
Шариф, М. Панҷ ганҷ ё тирози ганҷа: Маълумоти мухтасар оиди китоби «Хамса» - и Низомии Ганҷавӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 17 ноябр.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ