Марям Давлатова – шоир, журналист, равоншинос...
Кам донишмандоне дорем, ки масоили равониву гендериро бо забони содаву фаҳмо ва равону мантиқӣ шарҳ диҳанд. Марям Давлатоваро шояд бисёриҳо дар оинаи нилгун мебинанд, чун дар аксари шабакаҳои телевизионии кишвар бо барномаҳои ҷолибу дидани ҳузур меёбад ва дар атрофи масоили равонӣ, мушкилоти оиладорӣ, розҳои хушбахтӣ ва ғайра баҳс мекунад. Ӯ журналист аст, таҳлилгар аст, равоншинос аст, шоир аст...Ва муаллифи китобҳои зиёде дар масоили гуногун.
Марям Давлатова 4-ми июни соли 1955 дар шаҳи Душанбе дида ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), номзади илмҳои филологӣ. Шоир, равоншинос. Давраи омӯзишии равоншиносиро дар донишгоҳҳои Теҳрон хатм кардааст.
Муҳаррири маҷаллаи “Равзана ба ҷаҳон”, Директори ТҶ “Маркази сиёсати гендерӣ”. Солҳои 1976-1979 – сарметодисти Кумитаи давлатии таҳсилоти касбиву техникии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1979-1985 - корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба АУ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 1985 - 1990 – сармуҳофизи осорхонаи адабии Айнӣ, солҳои 1990 - 1994 - муҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», солҳои 1994 - 1995 - сардори шӯъбаи Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе, солҳои 1995-1999 - нозири идораи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ, солҳои 1999 – 2000 хабарнигор ва муҳаррири ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон » ва «Оила », солҳои 1999 – 2000 ҳаммуассис ва ҷонишини директори ТҶ « Зан ва Замин», солҳои 2001 -2005 муовини сармуҳаррири маҷаллаҳои “Фирӯза” ва “Гуфтугӯ” ва муддати панҷ сол сардабири рӯзномаи “Ҳилола” будааст.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Муаллиф ва барандаи барномаҳои телевизионии “Дабистони оиладорӣ” (ТВ “Тоҷикистон” 2015), муаллиф ва барандаи барномаи телевизионии “Эҳсос, афкор ва рафтор”(ТВ “Сафина» 2016-2018), муаллиф ва барандаи телевизионии «Алифбои хушбахтӣ” (ТВ «Сафина»), “Рӯҳафзо” (радиои “Ховар”) (айни замон).
Муаллифи зиёда аз 120 мақолаи илмӣ ва оммавӣ, китобҳои:
«Таълими назарияи гендер дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ» (2009);
«Инъикоси назарияи гендер дар адабиёти тоҷик» (2011);
«Қаҳрамони лирикии осори Мирзо Турсунзода» (2011);
“Нақши муҳити оила дар тарбияи худогоҳии миллӣ»2015;
“Чарахса” (маҷмуаи шеърҳо. 2016);
“Дар раҳгузари ишқ” (маҷмуаи шеърҳо, 2018);
Мураттиби китоби «Аснод доир ба ҳуқуқҳои занон» (2004), тарҷумон ва мураттиби китоби “Вожаномаи гендерӣ”, (2005), мураттиби китобҳои «Олиме, ки қонуни»Нютонро инкор кардааст” (2006), “Гулчини “Равзана ба ҷаҳон” соли 2009, тарҷумони «Дастурамали татбиқи усулҳои гендерӣ” (2006), «Резолютсияи САҲА 1325» (2005), “Гуногунии биологӣ ва нақши занон” (2009), “Элмира Охундова “Ҳайдар Алиев. Шахсият ва Замон.” (2013), “Анорпарварӣ” (2017).
Зиёда аз 20 сол таҷрибаи тренерӣ дошта, зиёда аз 150 трениг роҳандозӣ кардааст.
Муаллифи бештар аз 100 модул оид ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои психологии муносибатҳои занону мардон, нақши занон дар ҳифзи экологияи кишвар мебошад.
Коршиноси миллии барномаҳои занонаи Бунёди Сорос, барномаи САҲА «Волидон бар зидди терроризм» 2014-2019.
Иштироккунандаи беш аз 70 семинар, конфронсҳои байналмилалӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои муносибатҳои мардону занон, журналистика, экология, масоили пешгирии паҳншавии терроризм дар ҷаҳон дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Kaйроққум, Бишкек, Алма-Ато, Маскав, Кобул, Варшава, Брюссел, Teҳрон, Шероз, Ишқобод мебошад.
Шуғли дӯстдошта: Шеър ва бозиҳои компютерӣ, омӯзиши қонунҳо ва дин;
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Марям Давлатова ин матолиб қобили дарёфт ва мутолиа аст:
Тоҷи шараф: Образи зан дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода // Садои Шарқ. – 1985. – № 2. – С. 122-126.
Муште аз хирвор: Дар бораи шоир шодравон Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 май.
Дили ҳассос: Эҷодиёти шоир М. Ҳайдаршо // Газетаи муаллимон. – 1988. – 19 апрел.
Танзими оила дар Тоҷикистон зарур аст!: Суҳбати Мавҷ бо рўзноманигор Марям Давлатова // Чархи гардун. – 2003. – 11 июн.
«Оила бояд ҷои роҳат бошаду фароғат!»: Суҳбати Мавҷуда Холова бо журналист М. Давлатова // Чархи гардун. – 2003. – 13 июн.
Гендер дар Тавилдара: Пешравии ноҳияи Тавилдара // Миллат. – 2007. – 18 январ.
Нестам мисли падарҳои дигар: Нақши волидон дар осори Мирзо Турсунзода // Фирўза. – 2011. – № 2. – С. 8-9.
Фарзанд азиз, одобаш – азизтар: Соли 2015 «Соли оила» // Паёми Душанбе. – 2015. – 4 март.
Оё оиладор будан муҳим аст?: Суҳбати Ф. Сафарова бо рўзноманигор, номзади илми филология, сарвари Созмони ҷамъиятии «Маркази сиёсати гендерӣ» Марям Давлатова ба муносибати Соли оила // Тоҷикистон. – 2015. – 21 май.
Камбудии мардонагӣ: Чаро зани имрўза марди ҷасуру боғайрат тарбия намекунад? // Нигоҳ. – 2016. – 2 март.
Ману пантуркизм: Доир ба таъсири пантуркизм ба Тоҷикистон // Нигоҳ. – 2016. – 15 сентябр.
Инсони огоҳ роҳи хушбахтиро осонтар пайдо мекунад: Мусоҳибаи Умед Пудинаев бо коршиноси шинохтаи соҳаи гендер дар Тоҷикистон Марям Давлатова // Фараж. – 2019. – 30 январ.
Женщина в политике: присутсвие или участие: Тендерным проблемы в Республики Таджикистан // Вечерный Душанбе. – 2005. – 28 января.
Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ