Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур...
Як мисраъ аз шеъри шоири тавоно, марҳум Убайд Раҷаб, ки 15-уми майи соли 2017 синнаш ба 85 мерасид, агар зинда мебуд....
Убайд Раҷаб 15 уми майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба дуннё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) гардида, онро соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.
Соли 1961, бо даъвати бевоситаи устоди шоирон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ба кор гузашта, дар оғоз мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас иҷрокунандаи вазифаи котиби масъули он будааст.
Соли 1966 дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардида, муддати бештар аз 13 сол, аниқтараш то то моҳи майи соли 1979 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.
Убайд Раҷаб асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Аввалин маҷмуъаи шеърҳояш бо номи “Орзуҳои ширин” соли 1958 нашр шудааст. Ва баъди он китобҳои ӯ бо номҳои:
«Қиссаҳои модаркалон» (соли 1958);
«Ҳамсуҳбати ширинзабон» (соли 1963);
«Нинӣ чӣ ном дорад?» (соли 1964);
«Саду як барг» (соли 1970);
«Рӯи замин» (соли 1974);
«Хӯшаи гандум» (соли 1978);
«Ману ҷӯраҳои ман» (соли 1981);
«Як дона марворид» (соли 1984);
«Тирукамон дар рӯи бом» (соли 1987);
«Тӯшае аз ҳар гӯшае» (соли 1988);
“Арчамайдон» (соли 1989);
«Модарам» (соли 1989);
«Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (соли 1991);
«Як лаълӣ марҷон» (ба хати форсӣ, соли 1993);
«Себаки ғелон» (соли 1997);
«Нақши қалам» (соли 2002);
«Ҳадяи бобо» (соли 2006);
«Олуча – гули бодом» (соли 2012) яке паси дигар рӯйи чоп омаданд.
Убайд Раҷаб ашъораш барои калонсолонро дар маҷмуъаҳои «Пайраҳа» (соли 1967), «Илҳом» (соли 1972), «Нимарӯз» (соли 1977), «Рози обшор» (соли 1979), «Саррез» (соли 1982) гирд овардааст.
Дар достонсароӣ низ худро санҷидааст ва достонҳои «Шабчароғ», «Замин» ҳосили ҳамин санҷишҳо буд.
Ашъори Убайд Раҷаб бо забонҳои зиёд тарҷума ва борҳо дар Маскав, Боку, Ишқобод, Ереван, Минск, Теҳрон, Кобул чоп шудаанд.
метавон гуфт, ки аз миёни ҳама шеърҳояш шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…»маъруфияти бештар овард ва онро дар яке аз сафарҳояш ба Тоҷикистон Райиси ҷумҳури вақти Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ дар миёни аҳли адаб ва фарҳанг хонда буд.
Убайд Раҷаб тарҷумони хуб ҳам буд ва даҳҳои шеърҳои кӯдаконаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Вай яке аз таҳиягарони “Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик», буд, ик дар ҳаҷми 5 ҷилд ба чоп расид.
Убайд Раҷаб дорандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (соли 1977), Диплом-мукофоти байналмилалии ба номи Ҳ.К. Андерсен (соли 1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1987) буд.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (соли 1982), Шоири халқии Тоҷикистон (соли 1994).
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
11 – уми августи соли 2004 бар асари беморӣ, дар ҳалқаи пайвандонаш аз олам даргузашт.
Шеъре, ки болотар васфаш кардем, ин аст:
ТО ҲАСТ ОЛАМЕ, ТО ҲАСТ ОДАМЕ
То ҳаст оламе, то ҳаст одаме
Ҳар дам бар рӯйи ман
Гӯяд адӯи ман,
К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,
Нобуд мешавад.
Бовар намекунам!
Бовар намекунам!
Бовар намекунам!
Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур,
Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,
Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор,
Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор,
Ширинтару лазиз,
Аз тунги шаккар аст,
Қиматтару азиз
Аз панди модар аст.
Зеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯй,
Софӣ зи чашма ҷӯяду шӯхӣ зи оби ҷӯй.
Нав-нав таровате бидиҳад
Чун сабзаи баҳор,
Форам, чу савти булбулу дилбар чу обшор
Бо ҷӯшу мавҷи худ,
Мавҷе чу мавҷи рӯд,
Бо сози тоби худ,
Бо шаҳди ноби худ
Дил об мекунад,
Шодоб мекунад.
Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,
Лафзе, ки пеши ҳар суханам оварад суҷуд.
Чун ишқи дилбарам,
Чун хоки кишварам,
Чун завқи кӯдакӣ
Чун байти Рӯдакӣ,
Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,
Чун шӯълаҳои нарми саҳар мепарастамаш.
Ман зиндаву зи дидаи ман
Чун дуд меравад?
Нобуд мешавад?
Бовар намекунам!
Номаш барам ба авҷи само мерасад сарам,
Аз шавқ мепарам,
Сад марди мӯътабар
Ояд бари назар,
К-онро чу лафзи байту ғазал
Иншо намудаанд.
Бо панди Саъдиям
Бо шеъри Ҳофизам,
Чун ишқ оламе ба ҷаҳон
Эҳдо намудаам.
Сарсон машав адӯ,
Қубҳе зи ман маҷӯ,
К-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳон
Монад ҳаме ҷавон
То ҳаст одаме,
То ҳаст оламе.
Хонандагони иззатманд метавонанд дар Китобхонаи миллӣ аз Убайд Раҷаб ва дар бораи ӯ ин китобу мақолаҳоро бихонанд:
Раҷаб, У. Илҳом: Шеърҳо. – Душанбе: 1972. – С. 40.
Раҷаб, У. Рўзи замин: Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳо. – Душанбе. – «Ирфон», 1974. – С. 86.
Раҷаб,У. Нимарўз: Шеърҳо. – Душанбе. - «Ирфон» , 1977. - С.128.
Раҷаб,У. Хўшаи гандум. –Душанбе. – «Маориф», 1978. - С.48.
Раҷаб,У. Сарез: Маҷмўа. – Душанбе. – «Ирфон», 1982. – С. 400.
Раҷаб,У. Як дона марворид: Китоби шеъру чистон. – Душанбе. – «Маориф», 1984. – С.141.
Раҷаб,У. Тиру камон дар рўи бом: Шеър, қисса ва достонҳо. –
Душанбе: 1987. – С.224.
Раҷаб,У. Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?: Китоби шеър, чистон, қисса ва достон. – Душанбе: «Адиб»,1991. – С.126.
Раҷаб,У. Модарам: Шеър барои хурдтаракон // Машъал. – 1978. - № 3. – дар муқова
Раҷаб,У. Барои шумо бачаҳо!: Мулоқоти байналхалқии нависандагони ҷаҳон дар Москва бахшида ба Соли байналхалқии бачаҳо //Пионери Тоҷикистон. – 1979. – 31 октябр.
Раҷаб,У. Нависандаи маҳбуби мо: Ба муносибати 70 – солагии Раҳим Ҷалил // Пионери Тоҷикистон. – 1979. – 17 июн.
Раҷаб,У. Иди бачагону наврасон : Ҳафтаи умумииттифоқии китоб барои бачагон ва наврасон дар Душанбе // Тоҷикистони Советӣ. - 1981. - 22 март.
Раҷаб,У. Яке аз домани кўли калон: Қиссаи як сурати Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат . -1985. – 1 май. (бо расмаш)
Раҷаб,У. Ёде аз марди Ҳабиб: Ҳабибулло Назаров 80- сола шуд //Адабиёт ва санъат. - 1987. – 20 август.
Раҷаб,У. Инсони наҷиб: Саҳифа бахшида ба 60-солагии нависанда А. Баҳорӣ //Пионери Тоҷикистон . – 1987. - 22 март.
Раҷаб,У.Зодрўз муборак, устод! : Бахшида ба 75 - солагии шоир М. Миршакар // Пионери Тоҷикистон. -1987. – 5 май.
Раҷаб,У. Канӣ шеъру афсона: Аз адабиёти шоира Г. Сулаймонова // Адабиёт ва санъат. – 1988. -7 январ.
Раҷаб,У. Муаллими мо: Шеър //Пионери Тоҷикистон. – 1990. – 2 сентябр.
Раҷаб, У. Бобо чаро ризо нест?: Достон // Пионери Тоҷикистон. – 1991. – 8 май; 11 май.
Раҷаб,У. Бекор нашинам; Тоҷик астам; Чароғ: Шеърҳо //Машъал. – 1992. - №7. – С.5.
Раҷаб,У. Фидои он дили дарё ва шом: Ғазалҳо // Садои Шарқ . – 1992. №5. – С. 3-5.
Раҷаб,У. Аз ғаму дард дил фиғон дорад:Шеър // Ҷумҳурият. – 1992. – 15 май.
Раҷаб, У. Модарам; Сабзи сабз; Баҳор кўч баст: Шеърҳо // Чашма. -1992. - №5-6.
Раҷаб,У. Як диле, як ҷиҳате, як рўе: Ҳуҷҷатҳо ва қисматҳо // Садои Шарқ. – 1996. - №5- 8. – С103.
Раҷаб,У. Умед: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 28 июл.
Раҷаб,У. Ватани Ваҳдат: Шеър // Омўзгор. -2015. – 19 июн.
Дар бораи Убайд Рачаб
Ҳусейнзода,Ф. Фарзанди кўҳистон: Ёде аз устод Убайд Раҷаб // Адабиёт ва санъат. - 2007. – 8 май.
Самад, А. Убайд Раҷаб – бузургҷуссаи кўдакхисол: Адиб, шоири бачагона Убайд Раҷаб. // Ҷумҳурият . – 2012 . – 14 май.
Ҳусейнзода,Ф. Саҳми Убайд Раҷаб дар шинохти адибони номвар: Аз ҳаёти адиби маъруф Убайд Раҷаб // Қонун ва ҷомеа. - 2012. – 8 май.
Маъмур,С. «Орзуҳои ширин »ва устоди хуш бин: Ёде аз шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб // Адабиёт ва санъат . – 2012. - 20 март
Абдусаттор, А.Умри бардавом: Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 3 май.
Муродӣ А. Он рўз ҳама кўдак будем: Ба ифтихори 80- солагии шоири кўдакон, устод Убайд Раҷаб // Омўзгор. – 2012. – 25 май.
Ҳазратқулова,Н. Адиби маҳбуби бачаҳо: Аз эҷодиёти Убайд Раҷаб //Омӯзго. - 2013. - 7июн.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шўъбаи
библиографияи миллӣ