Ҷамол Қосимов
Ҷамол Қосимов олими соҳаи рустанипарварӣ, профессор, яке аз шахсиятҳои машҳур ва олими шинохта. Шахсе, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаву чун фотеҳи ҷанг бо сари баланд баргаштааст. Солҳо аз корномаҳои ҷангии худу ҳамсилоҳонаш нақл мекард.
Ин моқола соли 2010 дар нашрияи “Ҷумҳурият” чоп шудааст:
Ҷамол, писари Саидқосим, 5 ноябри соли 1919 дар маҳаллаи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ба дунё омад. Даврони тифлӣ, наврасӣ ва камолоти ӯ дар замони сангинтарин вазъ, инқилоби Октябр ва пойдорсозии Давлати Шӯравӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, солҳои қаҳтии 30-юми асри ХХ, замони кулаксозии фарзандони барӯманди халқи тоҷик, солҳои ҷанг ба муқобили фашистони хунхор, барқарорсозии баъдиҷангӣ сипарӣ гардида, ӯро дар кӯраи маънӣ ва сахтиҳо обутоб додааст. Аз хурдсолӣ дар мактаби кишоварзии падар касб омӯхт, сипас Омӯзишгоҳи саноатиро хатм намуд, аз соли 1941 ҳаёт ва ҳастии худро ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бахшид, дар ин ҷо такомули ихтисос намуда, минбаъд мураббии агрономҳову устодони ин даргоҳ гардид.
Моҳи октябри соли 1942 донишҷӯи курси дуюми факултети агрономӣ дар қатори дигар фарзандони ғаюру далери тоҷик, ба ҷанги зидди истилогарон- фашистони гитлерӣ даъват шуд. ӯ дар остонаи шаҳри Сталинград, дар муҳорибаи шадид иштирок намуда, аз худ далерию шуҷоати бемисл нишон дод. Дар шикаст ва торумор намудани қӯшуни 300 ҳазор нафараи Паулюс саҳм гузошт. ӯ ёдовар мешавад: «Мардонагӣ, ҷасорат ва дӯстию рафоқати ҷанговарони мо ниятҳои зишти душмани ғаддорро барбод дод, Артиши Шӯравӣ дар ҳарбу зарби бузурги соҳили дарёи Волга нахустин ғалабаи оламшумули таърихӣ ба даст овард. Ман хурсанду сарбаландам, ки дар ҳифзи инсоният аз марази фашистӣ ҳиссаи худро гузоштам».
Баъдан дар ҳайати дивизияи танкӣ, полки рақами 1902-юми фронти Ҷанубу Ғарбӣ, дар озод намудани кишвари Украина иштирок намудааст. Аввалҳои моҳи сентябри соли 1943 душман танкҳои вазнини «Паланг» -ро ба майдони муҳориба медарорад ва тири тӯпи яке аз онҳо ба танки Ҷамол, ки дар он ба сифати нишонгир хизмат мекард, бархӯрда, метаркад. Ин лаҳзаи пурфоҷиатарин дар ҳаёти Ҷамоли муҳофизи Ватан буд.
«Баъд аз лаҳзае чапагардон ба болои ронанда афтодам. Даричаи танк кушода шуду ду рафиқам ба замин фуромад. Онҳо ману ронандаро мурда хаёл намуда буданд. Ман ронандаро бедор карданӣ шудам, аммо ӯ мурда буд. Мехостам аз ҷоям хезам, вале пойҳоям ҳаракат намекарданд. Фикри ба дасти душман афтодан ё дар даруни танки оташгирифта сӯхтан, ба ман имкон дод, ки бо талвосаи ҷон худро аз танк раҳонам. Ин ҷасорати ман аз ақл берун буд»,- нигоштааст ӯ дар ёддоштҳояш.
Ҷамол ду пои худро аз даст дода буд (яке аз буҷулак, дигаре аз зону поёнтар). Тӯли ҳафт моҳ дар госпитали шаҳри Семипалатинск табобат гирифта, бо пойҳои сунъӣ ва бо ду ордени дараҷаи якум ва дуюми Ҷанги Ватанӣ, медалҳои ҷангии зиёд ба зодгоҳаш баргашт. Рӯҳи ӯ шикастнопазир буду дилаш ташнаи дониш. ӯ бо сари баланд ба сӯи донишгоҳи азизи худ шитофт.
Ҳаёт ва фаъолияти Ҷамол Қосимов дар асл сазовор ба омӯзиш ва таҳқиқ аст. Ва чӣ гуна ҳам мавриди омӯзиш набошад, ки 70 соли ҳаёти худро ба як даргоҳи илму ихтисос бахшида, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, омодасозии мутахассисони баландпоя саҳм гирифт. Пастӣ ва баландиҳои ҳаёт на ба ҳар кас имкон медиҳад, ки 10 сол декани як факултаи агрономӣ, 14 сол муовини ректор оид ба таълим ва 27 сол мудири кафедраи растанипарварӣ бошад.
Устод Ҷамол Қосимов аз ҷумлаи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони нотакрори риштаи агрономӣ мебошад, ки пажӯҳишҳои илмии ӯ дар байни олимони соҳа эътироф гардидаанд. Дастовардҳои илмии профессор дар мавриди усулҳои ҷудокунӣ ва якҳаҷмгардонии чигит, гирифтани 2 ҳосили дони зироатҳои ғаллагӣ аз заминҳои обӣ, технологияи парвариши растаниҳои серсафеда (лӯбиёи чинӣ-соя), тарҳрезии ҳосили зироатҳои ғаллагӣ, тарзу усулҳои коркарди хок ва мӯҳлати кишти бисёр зироатҳои кишоварзӣ имрӯз низ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба таври васеъ мавриди истифода қарор доранд. Ва ҳоло ҳам устод аз пайи кашфиётҳои илмиву тарбияи шогирдон аст. Ҳар лаҳза пайи бартарафсозии костагиҳои соҳаи кишоварзӣ мағз об мекунад.
Дар ҳақиқат ҳам натиҷаи ҳаёти олим пажӯҳишҳои илмии ӯст. Натиҷаи илмии олим воқеӣ бошад, боқӣ хоҳад монд, вагарна як қадам аз диди худи ӯ боло нахоҳад буд, пеш аз ӯ ба ёди фаромӯшӣ ва нестиҳо хоҳад рафт. Зиёданд китобҳои калонҳаҷм, ки онро ғайри муаллифонашон касе варақ нахоҳад зад. Аммо устоди мо дар ин ҷода корҳоеро ба сомон овард, ки мондагор аст. ӯ тавонист 17 нафар номзади илмро барои ҷомеа тарбият намояд, ки 4 нафари эшон минбаъд рисолаи докторӣ ҳимоя карда, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани андешаҳои илмии мактаби устод Ҷ. Қосимов саҳмгузор гашт.
Устод Ҷамол Қосимов, дар ҳақиқат, мактабдор аст, ӯ тавонист дар давоми ҳаёти пурбаракаташ мактаби илмии растанипарварии хешро таъсис диҳад. Ана ҳамин мактаб ва мактабдориаш буд, ки ӯро дар олами растанипарварӣ Вавилови тоҷик ва дар олами ҳифзи Ватан Маресеви тоҷик унвон карданд.
Маҳсули олим амали ӯст, ки бо қалам таҷассум мешавад. Ба килки устод зиёда аз 250 кори илмӣ мутааллиқ аст, ки аз он 12 китоби илмиву тадрисӣ, аз қабилӣ пахтакорӣ, растанипарварӣ, тухмишиносӣ китобҳои рӯимизии ҳар як устоду шогирд ва мутахассиси соҳаи кишоварзӣ мебошад.
А. САЛИМОВ,
ноиби ректори ДАТ оид ба таълим, профессор,
У. МАҲМАДЁРОВ,
декани факултети агрономӣ, профессор,
Т. ҶАББОРОВ,
мудири кафедраи растанипарварӣ, дотсент,
З. ҲАЙДАРОВ,
дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика,
селексия ва тухмипарварӣ
Дар Китобхонаи миллӣ аз ин олими баруманд ин асарҳоро метавонед мутолиа кунед:
Хоста гирифтани чигит ва аҳамияти он барои баланд бардоштани ҳосили пахта. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1951. – 22 с.
Таҷрибаи парвариши ҷуворимакка дар Тоҷикистон. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1959. – 56 с.
Делинтировка, сортировка и калибровка семян хлопчатника. – Душанбе. –1961. – 41 с.
Агротехникаи парвариши ҷуворимакка / Ҷ. Қ. Қосимов, Б. М. Крейдик. – Душанбе, 1962. – 32 с.
Крейдик, Б. Рўёндани ҳосили баланди ҷуворимакка дар заминҳои обӣ ва лалмӣ / Б. Крейдик, Ҷ. Қосимов ва дигарон. – Душанбе, 1962. – 91 с.
Қайюмов, Ғ. Аз таҷрибаи шоликорони пешқадами республика / Ғ. Қайюмов, Ҷ. Қосимов. – Душанбе: Ирфон, 1965. –40 с.
Пахтакорӣ: Китоби дарсӣ барои мактабҳои миёнаи меҳнати политехникии қишлоқ бо таълими истеҳсолӣ / Ҷ. Қосимов, И. Карамзин. – Душанбе: Ирфон, 1965. –241 с.
Зироатҳои ғилофакдори озуқавӣ дар Тоҷикистон / Ҷ. Қосимов, В. В. Невзоров ва дигарон. – Душанбе: Ирфон, 1966. –117 с.
Агротехникаи парвариши шолӣ дар Тоҷикистон / Ҷ. Қосимов, Ғ. Қаюмов. – Душанбе: Ирфон, 1968. –102 с.
Зироатҳои Тоҷикистон / Ҷ. Қосимов ва дигарон. – Душанбе: Ирфон, 1975. –280 с.
Пахтакорӣ / Ҷ. Қ. Қосимов, Н. И. Мансуров ва дигарон. – Душанбе: Маориф, 1981. –184 с.
Асосҳои тухмишиносии зироатҳои саҳроӣ / Ҷ. Қ. Қосимов, Т. Н. Набиев ва дигарон. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –128 с.
Дар бораи олим
Сафи профессорон афзуд: Профессорони Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Ҷ. Қ. Қосимов ва А. М. Мещеряков // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 12 январ.
Соҳибҷашнро табрик менамоем: Ба муносибати 50-солагии рўзи таваллуди проректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Агрономи Хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, профессор Ҷ. Қ. Қосимов // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. – 1970. – № 10. – С. 62.
Ғаниев, Г., Маюнусов, А. Қадамҳои мақсуд: Мухтасар дар бораи профессор, декани факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Ҷ. Қосимов // Тоҷикистони Советӣ. – 1972. – 2 август.
Тањияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ