Соли 1990 бахшида ба 60-солагии таъсиси радиои тоҷик китобе бо номи “Ошёни булбулон” таҳия шуд. Ба ман вазифа доданд, ки дар бораи устод Мусаллим Баҳриддинов-мудири шуъбаи кишоварзии радио нависам. Ман, ки муддати 5 сол бо устод ҳамкор будаму худро шогирдашон медонистам, ин вазифаро ба ҷон қабул кардам ва як лавҳа навиштам, ки чоп шуд. Солҳо гузаштанд. Устод Мусаллим Баҳриддинов дигар миёни мо нестанд. Соли 2013 дар синни 83-солагӣ тарки олам карданд. Ва агар умр вафо мекард, имсол 90-сола мешуданд. Ёдашон ба хайр!
15 июни соли равон шоираи маъруф Зулфия Атоӣ зодрӯз дорад. Зулфия Атоӣ аз ҷумлаи адибонест, ки даҳсолаҳост бо шеъри нобаш қалби хонандагонашро тасхир кардааст. Аммо роҳи расидан ба ин шуҳрат барояш осону сода набудааст.
ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15-июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон
Шекспир на танҳо драматурги номии Англияи аҳди Эҳё, балки бузургтарин тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Эҳё, балки бузургтарин драматурги тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Шекспир фарзанди ҳунарманди оддии яке аз шаҳрҳои Англия буда, поягузори театри Англия ҳисоб меёбад. Ҳарчанд аз эҷоди асарҳои оригиналии Шекспир ҳама огоҳӣ доштанд, гурўҳҳое низ буданд, ки баромади иҷтимоии ўро ба назар гирифта, ба муаллифи чунин асарҳои оригиналӣ будани ў шубҳа мекарданд. Шекспир дар яке аз театрҳои пешқадами замонаш –театри «Глобус» кор кардааст.
Шоири ориф, ҳунарманди шинохта, коргардон, дромнавис Нуриддини Ҷаронӣ китоби нави худро бо номи “Ғазалбирён” чоп кард. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, шоир талош кардааст ғазалҳои ахиран сурадаи худро дар он ҷо диҳад ва ба ҳаводорони шеъраш тақдим намояд. Нуриддини Ҷаронӣ ҳунарманд ва коргардони театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, баробари дромнависӣ, коргардонӣ ва саҳнаофаринӣ боз шоирӣ мекунад. Гоҳу ногоҳ чакидаҳои хомаи худро дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ҳам мекорад, ки аз ҷониби ҳаводорони шеър хуш пазируфта мешавад. То кунун чанд
Абдусалом Деҳотӣ, шоири шинохта ва пажӯҳишгари маъруфи қарни 20 ин мақоларо соли 1944 навиштааст. Мақола ба бисёр паҳлуҳои зиндагии сарояндаи мумтози Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз рушанӣ меандозад. Он дар Куллиёти шоир, ки соли 1966 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, ҷо дода шудааст. Мо онро айнан ва бидуни таҳрир аз ҳамин китоб бознашр мекунем ва гумон дорем барои ҳар касе