Таърихи адабиёти ҷаҳон. Уилям Шекспир (1564 – 1616)
Шекспир на танҳо драматурги номии Англияи аҳди Эҳё, балки бузургтарин тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Эҳё, балки бузургтарин драматурги тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Шекспир фарзанди ҳунарманди оддии яке аз шаҳрҳои Англия буда, поягузори театри Англия ҳисоб меёбад. Ҳарчанд аз эҷоди асарҳои оригиналии Шекспир ҳама огоҳӣ доштанд, гурўҳҳое низ буданд, ки баромади иҷтимоии ўро ба назар гирифта, ба муаллифи чунин асарҳои оригиналӣ будани ў шубҳа мекарданд. Шекспир дар яке аз театрҳои пешқадами замонаш –театри «Глобус» кор кардааст.
Уилям Шекспир 23 –апрели соли 1564 дар шаҳраки Стратфорди соҳили дарёи Эйвон таваллуд шудааст. Падари Шекспир ба табақаи ҳунармандони шаҳр дохил мешуд ва зиндагии камбағалона дошт. Вай аз 7–солагӣ дар мактаби граматикӣ таҳсил намуда, асосан забонҳои лотинӣ ва юнониро омўхтааст. Инчунин дар ҳамин мактаб асосҳои мантиқ ва риторикаи схоластики асримёнагиро аз худ намудааст. Аммо курси пурраи мактабро аз сабаби ноомади корҳои падар хатм накарда, аз рўи эҳтиёҷ ба фурўши гўшт машғул шудааст.
Дар сини 18–солагӣ бо духтари як фермере издивоҷ мекунад ва зодгоҳро тарк карда соли 1585 ба Лондон меояд.
Дар давраҳои аввал барои рўзгузаронӣ ҳама гуна кори пешомадаро иҷро кардааст, аз қабили нигоҳбонии аспони шахсоне, ки барои тамошои театр меомаданд.
Аввалин бор номи Шекспир дар матбуот соли 1592 пайдо мешавад, ки ўро дар ин давр аллакай актёр ва муаллифи намоишнома буд. Чун актёр Шекспир фаъолияти андаке надошта, чун драматург ба зудӣ ном баровардааст. Соли 1599 трупае, ки Шекспир низ аз ҷумлаи он буда, аз ҳисоби маблағи худ театри «Глобус» –ро таъсис доданд.
Дар давраи зиндагиаш дар Лондон Шекспир ба ҷавонон –донишҷўён иртибот пайдо намуда,дунёи маънавии худро бой гардонид ва ин иртибот барои шаклгирии ҷаҳонбинии гуманистиаш низ таъсир расонид. Соли 1612 Шекспир тарки Лондон намуда, ба зодгоҳаш Стратфорд баргашт ва дар ҳамин ҷо 23 –апрели соли 1616 вафот кард. Маҷмўи нахустини намоишномаҳои ў бо кўшиши рафиқони саҳнавиаш Ҳеминг ва Кондел соли 1623 нашр гардид. Аз осори ў то ба мо ду достон – «Венера ва Адонис», «Лукретсия», 154 сонет, песа, фоҷианомаҳо ва таърихномаҳо боқӣ мондаанд.
Эҷодиёти Шекспирро ба се давра тақсим мекунад.
Давраи аввали эҷодиёти Шекспир ба замони ҳаракати ватанхоҳӣ дар Англия шикасти «Армандаи ман тубнашавнда» –и Испания рост меояд. Бинобар ин дар эҷодиёти ин давраи Шекспир хусусияти ҳаётдўсти ва зидагидўстдорӣ бештар мушоҳида мешавад. Ба ин давра эҷоди мазҳакаҳои машҳури «Ром шудани саркаш», «Ду веронагӣ», «Хоб дар шаби тобистон», «Як пула гап –сад пула ғавғо», «Ин ба шумо хуш меояд», «Шаби дувоздаҳум» ва фоҷианомаҳои «Ромео Ҷулиетта» ва «Юлий Сезар рост меояд».
Дар давраи дуюм, ки замони тезутундии гуногунақоидии ҳақиқати Англия ба ҳисоб меравад, дар эҷодиёти Шекспир як нав фаҳмиши зиддият ва фоҷиаи ҳаёти мардум ба назар мерасад. Дар ин давра фоҷианомаҳои фалсафии ў эҷод шудаанд, аз қабили «Ҳамлет» (1601), «Отелло» (1604), «Шоҳ Лир» (1605), «Макбет» (1605).
Дар давраи сеюм, ки ба замони режими фаъолию иртиҷои Якови I Стюарт рост меояд ва мардум аз талабаи ақоиди гуманистӣ умеди худро кандаанд. Шекспир барои пардапўшона иброз намудани ақоиди гуманистиаш ба афсона ва хаёлот рў овардааст. Дар ин давр як қатор трагикомедияҳои ў пайдо мешаванд, ки беҳтарини онҳо «Афсонаи зимистон» ва «Тўфон» аст.
Дар ҳар кадом давраҳо Шекспир асарҳое офаридааст, ки қимати баланди идеявию бадеӣ доранд. Ҳарчанд осори ғайридрамавии ў нисбат ба драматургияаш шўҳрати камтаре доранд, ба ҳар ҳол, мавқеи сазовор пайдо намудаанд.
Достонҳои «Венера ва Адонис» ва «Лукретсияи доро», ки дар мавзўъҳои мифологӣ ва қаҳрамонӣ –таърихӣ эҷод гардидаанд, ҳунармандона буда, аз асарҳои дар ҳамин мавзўъҳо навиштаи ҳамзамононаш бо реалияти амиқи худ фарқ мекунад.
Ба қатори асарҳои машҳури шоиронаи Шекспир 154 сонети ў, ки миёни солҳои 1592 –1598 эҷод гардида, соли 1609 нашр шудааст, низ дохил мешаванд. «Совет» калимаи итолявӣ буда, маънои «садо додан» –ро ифода менамояд. Чун жанри адабиёт совет жанри лирикӣ буда, аз 14 мисраъ аст ва қофияаш абаб, абаб, аа мебошад. Конунҳои жанри совет қатъӣ буда, он бояд ҳатман аз 14 –мисраъ иборат бошад. Аммо гоҳо аз ҷониби шоирони алоҳида ба миқдори мисраъҳо ва қофиябандии он тағирот низ ворид сохтаанд.
Аз 154 совети Шекспир 74 –тои он дар тарҷумаи Қутбӣ Киром (Шекспир Советҳо. Душанбе. «Ирфон», 1965) ба забони тоҷикӣ нашр шудааст. Шоир дар советҳои худ муҳаббати пок, садоқат ба дўст, ному кори накў мондан дар зиндагӣ ва амсоли инҳоро тараннум кардааст.
Осори Шекспир намиранда аст, умри абадӣ дорад. Қимати бадеии он давра бештар зоҳир мегардад. Ҳарчанд доираҳои иртиҷоӣ борҳо кўшиш намудаанд, ки мероси ин нобиғаи ҷаҳонро чун асарҳои қиматгумкарда арзёбӣ намоянд, вале худи ҳаёт эҳтиёҷи ҳамарўзаро ба асрҳои гуногунжанру гуногунмавзўи Шекспир тасвиб месозад ва ин мерос дар сабзиши маърифати инсонӣ ҳисса мегузорад.
Шекспир аз ҷумлаи он адибони нобиға аст, ки барои мардуми тоҷик собиқаи деринаи шиносоӣ дорад, зеро «асрҳои гаронмояи ў корвони азимест, ки аз Мағриб то Машриқ роҳ мепаймояд ё худ дарёи бекаронест, ки бо ҳазор печу тоб ҷорист ва ҳар соат шохобҳои тозае пайдо мекунад –ин дарё ба уқёнуси маданияти ҷаҳонӣ рафта мерезад».
Намоишноаҳои «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир», «Ду веронагӣ», «Ҳамлет» дар театри акадимияи драмаи ба номи Лоҳутӣ ба забони тоҷикӣ намоиш дода шудаанд. Дар тарҷума ва ба хонанда расонидани асарҳои Шекспир ба забони тоҷикӣ Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода ва Қутби Киром ҳиссаи арзанда гузошта гузоштаанд.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.