Китобномае, ки ахиран бо ин ном интишор ёфт, осори чопию электронии нависанда, барандаи ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, роҳбари хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим ва адабиёт оид ба фаъолияти эҷодию адабии ўро дарбар гирифта, ба ифтихори 50- солагии вай таълиф гардидаст. Китобнома нахустин дастурест, ки оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодию илмӣ-адабии то ин дам ба сомон расондаи Маҷид Салим маълумоти пурра медиҳад.
Дар қисми аввал китобнома асарҳои бадеӣ, илмӣ оммавӣ, маводҳои тартибдода, тақризҳо ва мусоҳибаҳо ҷой дода шудаанд. Бахши дуюми китобнома адабиёти ба ҳаёту фаъолияти Маҷид Салим бахшидашударо дарбар мегирад.
Қисми зиёди маводҳои гирдовардашудаи китобнома ба таври мушаххас таҳлил шуда, дар Китобномаи ҷумҳурӣ маҳфуз мебошанд. Як қисми он ҳангоми бақайдгирии осори чопии адиб интихобан ба китобнома ворид гардид. Илова бар ин ҳамаи навиштаҳо, асарҳо мавриди мулоҳиза, таҳқиқ қарор ёфта, бо забони соддаю илмӣ баён шудаанд.
Маводҳои тартибдода бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шуда, ҳангоми таълифот давра ба давра ҷудо шудаанд. Барои осон гаштани пажўҳиш, омўзиши осори адиб дар охири китобнома кўмакфеҳристи алифбои асарҳо ва кўмакфеҳристи ашхос ба таври мушаххас пешниҳод гардидаанд.
Китобнома дар асоси фонди китобии китобномаҳои ҷумҳурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти эҷодии нависанда Маҷид Салимро равшан менамояд. Тавассути ин китобнома паҳлўҳои нозуки фаъолияти эҷодии нависанда ба таври хеле назаррас баррасӣ гашта, маводҳои ҷолиб таҳия шудаанд ва донищҷуён, омўзгорон ва дўстдорони адабиёт аз олами бепаҳнои набототу ҳайвонот, аниқтараш аз табиати бою ғании Тоҷикистон бархурдор мегарданд.
Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахасси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.