Китоби адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз мақолоту гузоришҳои муаллиф дар риштаҳои нақди адабӣ, шеършиносӣ, масоили мубрами забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги эронӣ фароҳам шудааст. Онҳо қаблан дар матбуоти Тоҷикистону Эрон, Русия ва Қазоқистон интишор шуда ва баъзе вокунишҳое доштаанд. Ин навиштаҳо аз вижагиҳое бархурдор мебошанд, ки барои ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва алоқамандии хонандагон ва ошиқони адаби дилнишини забони форсӣ хоҳанд буд.
Муаллиф дар сарсухан менависад: “Ин китоб маҷмуъаи навиштаҳоест, ки бархе дар солҳои охир таълиф шуд ва низ порае осори солҳои пешин мебошанд ва аз интишори чанде аз онҳо беш аз бист сол сипарӣ шудааст. Бо ин ҳол, дўстони фозили банда, ки маҷмуъаи ҳозир бо ташвиқ ва ибтикори онҳо фароҳам омадааст, масоилеро, ки мавриди арзёбӣ ва баррасӣ дар он мақолот буд, ҳанўз аз масоили мубрами рўз медонанд. Пас аз фароҳам омадани китоб онро дубора мурур намудам ва дар воқеъ эҳсос кардам, ки матолиби мақолот дар бисёр маворид аз матолибест, ки имрўз ҷомеъаи мо беш аз пеш ба онҳо ниёзмандӣ дорад. Баҳс аз забону фарҳангу адабу ҳунар марбут ба ҳуввияти миллии мост ва имрўз, ки мо дар жарфои фиқри моддию маънавӣ қарор дорем, масоили марбут ба ҳифзи ҳастии миллати мо, ваҳдати форсизабони ҷаҳон ва эҳёи хати форсӣ дар Тоҷикистон, посух гуфтан ба талошу дастёзиҳои нораво ба таъриху фарҳанги мо, ки фурупошии шўравию бесоҳибии тоҷикон ва ҳуввиятҷўии милали кишварҳои тозаистиқлол авҷ гирифтааст, бештар аз пеш аҳмият пайдо кардааст.
Хонандагони гиромӣ шумо метавонед китоби мазкурро аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи милли Тоҷикистон ва бахусус шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас намуда ва мутолиъа намоед!
Таҳияи Шарифӣ Саидғуфрон,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.